Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шӯроҳои илмиро баст. Тоҷикистон кай унвон медиҳад? ВИДЕО


Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон
Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон

Русия кори аксар Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон мутаваққиф кардааст. Олимони тоҷик маҳз дар шӯроҳои илмӣ рисолаҳои худро дифоъ карда, ба Русия мефиристоданд, то Комиссияи олии аттестатсионӣ кори онҳоро арзёбӣ ва барояшон унвони илмӣ диҳад.

Дар Тоҷикистон солҳост, баҳси қатъ кардани вобастагӣ аз ВАК-и Русия ва ташкили ҳамин гуна комиссия дар Тоҷикистон идома дорад.

Қарор буд то соли нав унвонҷӯи тоҷик Наимҷон Ҳамроев рисолаи номзадиашро дар Душанбе дифоъ кунад. Вале Русия якбора кори Шӯрои илмиеро, ки дар он рисолаи Наимҷон - маҳсули кори дусолааш - баррасӣ мешуд, қатъ кард. Вай рӯзи 21 ноябр гуфт, ҳанӯз маълум нест, ин шӯрои илмӣ кай дубора ба кор шурӯъ мекунад ва ин номаълумӣ барномаи зиндагии ӯро низ ба ҳам задааст.

Пойбандӣ ба ВАК-и Русия

Вокунишҳо ба қатъи кори шӯроҳои илмии Тоҷикистон аз сӯи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ иртиботашро аз Комиссияи олии аттестатсионии Русия (ВАК) наканд ва то ба ҳол мадракҳои олимони тоҷикро Русия медиҳад. Кишварҳои дигари пасошӯравӣ ВАК-ҳои миллии худро дар давоми ин солҳо таъсис дода, аз вобастагии ВАК-и Русия халос шудаанд.

Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Русия кори аксари Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон пас аз як суханронии таҳдори нахуствазир Дмитрий Медведев қатъ кард. Дмитрий Медведев дар моҳи августи соли равон аз теъдоди зиёди номзадҳои илм аз Тоҷикистон шубҳа карда гуфт, ки ин ҳама бояд санҷида шавад.

Медведев гуфт, танҳо дар соли гузашта дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст. «Ҳеҷ чизи бад гуфтанӣ нестам, вале ҳамчун факт баён мекунам. Аз рӯйи шумораи додани унвонҳои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҷои аввал ва дувум ҳастанд. Дар соли 2015 дар ҳар яке аз ин донишгоҳҳо 40 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст. Сари ин масъала фикр бояд кард", - иброз дошта буд Медведев.

Унвони PhD ҳаст, аммо санад нест

Ирина Каримова, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, рӯзи 21 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кори Шӯрои илмии ин пажӯҳишгоҳ "бо тасмими ВАК-и Русия рӯзи 14 ноябр қатъ карда шуд". Қатъи кори ин шӯрои лмӣ дар Тоҷикистон ягона нест. Дар ҳоли ҳозир, кори аксарияти шӯроҳои илмӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷуз аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мутаваққиф шудааст.

Бо қатъи кори шӯроҳои илмӣ, дифоъ кардани рисолаҳои номзадӣ ва ё докторӣ аз рӯйи риштаи гуногун дар пажӯҳишгоҳҳои кишвар номумкин шудааст. Давлати Тоҷикистон ду сол қабл тасмим гирифта буд, ки дар назди Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода, мустақилона ба олимон унвони PhD-ро диҳад.

"Маркази мо дар назди президент аст"

Абдуҳаким Розиқзода, роҳбари Комиссияи олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон, гуфт, ду сол боз ин комиссия амал мекунад ва дар фурсатҳои наздик ба ташкили шӯроҳои илмӣ ва баррасиву супурдани унвонҳо шурӯъ хоҳад кард. Ӯ гуфт, “ба истиқлоли мо 25 сол пур шуд. Мо ҳатман ВАК-и худро дошта бошем.”

Дар Тоҷикистон солҳост, баҳси қатъ кардани вобастагӣ аз ВАК-и Русия ва ташкили ҳамин гуна комиссия дар Тоҷикистон идома дорад. Тарафдорони ин иқдом мегӯянд, дар сурати таъсиси ВАК дар Тоҷикистон, вобастагии кишвар аз Русия дар ин робита рафъ мешавад ва унвонҷӯёни ҷавон солҳо мунтазири ҷавоби ВАК-и Русия намешаванд. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ин сурат “риск”-и хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста афтодани унвонҳои илмӣ меафзояд.

Абдуҳаким Розиқзода гуфт, бо низоме, ки онҳо дуруст карданд, имкони соҳиби унвони илмӣ шудани афроди ношоиста ғайриимкон аст. “Маркази мо дар назди президент аст. На Вазорати маориф ва на ниҳоди дигаре ба тасмими мо таъсир расонда наметавонад. Мо таҷрибаҳои чандин давлатро омӯхта, дар асоси таҷрибаи Беларус ВАК-и худро бунёд кардем”, - хулоса кард Розиқзода.

XS
SM
MD
LG