Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олими ҷавони тоҷик: Ҳеҷ кас зуд вазир намешавад


Манучеҳр Қудратов, олими ҷавони тоҷик, ки дар Олмон рисолаи докторӣ менависад, мегӯяд аз таҳсили дар Тоҷикистон гирифтааш розӣ аст.

Манучеҳр Кудратов аз донишмандони ҷавон ва насли аввали Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар паси мизи таълимӣ менишаст ва аз устодон сабақ мегирифт. Вай ҳоло дар пажуҳишгоҳи ҳуқуқи шаҳри Регенсбурги Олмон ба таҳқиқ машғул аст. Рисолаи илмии доктори ҳуқуқро дар ҳамин марказ зери назари донишмандони олмонӣ таҳия ва ҳимоя кард ва муҳити илмии Олмонро барои таҳқиқ, ба вижа дар риштаи ҳуқуқ, барои худ муносиб медонад. Китоб ва мақолаҳои илмӣ ба нашр расондааст. Як сол пеш дар Олмон соҳиби писар шуд ва бо оилааш дар Регенсбург зиндагӣ мекунад.

Манучеҳр ба суоли "Озодӣ", ки чанд сол дорад ва кадом донишгоҳро хатм кардааст, гуфт: “Ман 31 сол дорам ва унвони илмие, ки донишгоҳи Регенсбурги Олмон барои рисолаи илмии ман сазовор донист, доктори ҳуқуқ аст. Ман хатмкунандаи донишгоҳи ба номи Гуттенберги шаҳри Майнтс мебошам. Пас аз хатми он чанд сол дар Тоҷикистон дар барномаҳои байнидавлатии ҳукумати Тоҷикистону Олмон кор кардам. Сипас барои навиштани кори илмӣ ба донишгоҳи Регенсбург омадам.

Озодӣ: Мусоҳибаи мо дар оғози соли 2013 анҷом мегирад, оё дар ин сол ягон нақшаи хоси илмӣ доред?

Манучеҳр Қудратов: Барои имсол нақшаҳои зиёд дорем, шояд барои ман чопи китоби “Ҳуқуқи ҷиноятии Олмон” ба забони русӣ дар Маскав муҳим бошад. Ман таҳияи ин китобро бар дӯш доштам. Чопи китобҳои илмии олмонӣ ба забони русӣ анъанаи хуби таърихӣ дорад. Чопи чунин китобҳо аз замони Шӯравӣ сар мешавад, ва хуб аст, ки ман ҳам яке аз ҳалқаҳои ҳамин анъана ҳастам.

Озодӣ: Чопи рисолаҳои дигарро ҳам дар назар доред?

Манучеҳр Қудратов: Ман болои мавзӯи “Рушди ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ дар Осиёи Марказӣ” кор мекунам ва он давраи гузариш дар ин кишварҳоро дар бар мегирад. Ин кишварҳо аз системаи ҳуқуқии давраи Шӯравӣ ба системаи муосир мегузаранд ва онро ба тоҷикӣ системаи мубоҳисавӣ меноманд.

Озодӣ: Шумо кишварҳои Осиёи Марказиро аз лиҳози ҳуқуқӣ мехоҳед бо кишварҳои Ғарбӣ муқоиса кунед?

Манучеҳр Қудратов: Ин ҷо методи ҳуқуқӣ-муқоисавӣ истифода намешавад, чун асоси мурофиаи ҷиноятии кишварҳои Осиёи Марказӣ мурофиаи ҷиноятии олмонист, ки охири асри 19 то аввали асри 20 аз тариқи Русияи подшоҳӣ ва сипас аз тариқи Шӯравӣ ба Осиёи Марказӣ омад ва онро системаи романо-германӣ мегӯянд.

Озодӣ: Шумо барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ худатон Олмонро интихоб кардед ё шуморо касе ба ин ҷо даъват кард?

Манучеҳр Қудратов: Барои ман ду роҳ вуҷуд дошт. Чун мо дар Тоҷикистон имконияти ҳимояи рисолаҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятиро надорем, барои ҳамин ман бояд ё дар Русия ҳимоя мекардам ё дар Олмон. Ман Олмонро интихоб кардам, чун забонро хуб медонистам. Аз сӯи дигар, баъд аз як конфронси илмии Боку, ки ман бо раҳбари илмии тоҷикам дар он ҷо будам, як устоди олмонӣ маро ба ин ҷо даъват кард. Гурӯҳи вай аслан бо таҳқиқи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ машғул буд. Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Олмон саъй мекунанд, ки аз ҳама кишварҳои ҷаҳон олимон, ба хусус олимони ҷавонро даъват кунанд ва барояшон шароити кор пешниҳод кунанд. Ин як раванди ҷалб кардани фикрҳои нав ба Олмон аст.

Озодӣ: Дар нишастҳову конфронсҳои илмии Олмон ширкат ва суханронӣ ҳам мекунед?

Манучеҳр Қудратов: Ширкат дар конфронсҳо ва барномаҳои илмӣ ин ҷо ҳатмист. Агар шумо дар соҳаи илм кор кунед, шумо бояд ҳатман осори илмиатонро дар маҷаллаҳои илмӣ чоп кунед ва ҳатман суханрониҳо кунед, ки донишмандон ё аудитория шуморо бишносанд ва донанд, ки шумо чӣ ақидаву чӣ пешниҳод доред.

Озодӣ: Шумо аз ҷумлаи насле ҳастед, ки дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон таҳсил карданд. Аз таҳсили худ дар он солҳо розӣ будед?

Манучеҳр Қудратов: Албатта, агар шароити бади иқтисодиро дар назар бигиред, ки он солҳо дар Тоҷикистон ҳукмфармо буд, ман аз устодон ва таҳсил розӣ ҳастам.

Озодӣ: Ҳоло дар Facebook як гурӯҳе ҳаст бо номи донишмандони ҷавони тоҷик дар хориҷ. Шумо яке аз аъзои фаъоли ин гурӯҳ ҳастед. Ҳадафи ташкили ин гурӯҳ чӣ аст?

Манучеҳр Қудратов: Пеш аз ҳама тамос бо якдигар. Дар ин гурӯҳ ҷавононе пайдо шудаанд, ки ман онҳоро хуб мешиносам. Агар касе суоле дошт, аз якдигар мепурсад, ёрӣ мерасонад. Масалан, як вақт ба ман мақолае зарур буд, ки дар донишгоҳи мо вуҷуд надошт. Ман ба Диловар дар Канада муроҷиат кардам ва вай дар давоми 10 дақиқа аз почтаи электронӣ ба ман равон кард. Агар давлатҳои пасошӯравиро дар назар нагирем, дар кишварҳои дигари ҷаҳон 80 нафарро мешиносам, ки дар бахшҳои мухталифи илм рисолаҳои докторӣ менависанд.

Озодӣ: Шумо баъд аз омадан ба хориҷ мушкиле эҳсос накардед, масалан мушкили забонӣ?

Манучеҳр Қудратов: Кору пеша бе мушкилӣ намешавад. Муҳити кории ин ҷо дигар аст, тарзи омода кардани кори илмӣ фарқ дорад. Тадриҷан ин фарқиятҳо паси сар мешаванд.

Озодӣ: Фикри бозгашт ба Тоҷикистонро доред?

Манучеҳр Қудратов: Албатта, на танҳо ман, балки бисёре аз ҷавонони донишманд, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, фикри бозгашт ба Тоҷикистонро доранд. Мумкин аст як-ду соли дигар дар Олмон бимонам ё шояд бештар.

Озодӣ: Муҳити кориро барои истеъдодҳои ҷавон дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Манучеҳр Қудратов: Шояд аз солҳои пеш беҳтар шуда бошад, чунки ҳоло бо донишгоҳҳои ғарбӣ ва Русия робитаҳои хуб доранд. Имконоти хубе фароҳам шудааст, ки олимони ҷавон метавонанд дар донишгоҳҳои бузурги Русия кори илмии худро омода кунанд.

Озодӣ: Баъзе ҷавонон шиква мекунанд, ки баъд аз ҳимояи рисолаҳои худ ба Тоҷикистон бармегарданд ва наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд. Шумо бо ин ақида розӣ шуда метавонед?

Манучеҳр Қудратов: Касеро баъд аз хатми донишгоҳ зуд вазир намемонанд. Вай бояд муттахассис бошад. Ман минтақаҳои Тоҷикистонро медонам ва ин мушкилиро то ҳол мушоҳида накардаам.

Озодӣ: Яъне шумо мегӯед, ки агар ҳар кас соҳиби донишу истеъдод бошад, метавонад дар бахши худ кор ёбад ва кор кунад?

Манучеҳр Қудратов: Бале.

Озодӣ: Дар Facebook ҳам шикоятҳое дида мешавад, ки агар шумо “шинос” надошта бошед, наметавонед дар ҷои хуб кор пайдо кунед?

Манучеҳр Қудратов: Шояд чунин шахсон ва чунин намунаҳо бошанд. Аммо ононе, ки ман мешиносам ва аз нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистонанд, соҳиби кор ҳастанд ва мушкил надоранд.

Озодӣ: Дурӣ аз Ватанро чӣ тарз ҷуброн мекунед?

Манучеҳр Қудратов: Рости гап, дурӣ аз Ватан ҷуброн намешавад. Мо тоҷикон муносибати хосе ба обу ҳавои кишварамон дорем. Ба фикрам, дурӣ аз Ватан барои ҳар тоҷик мушкил аст. Гоҳ-гоҳ фалакхониҳои Давлатмандро гӯш мекунам. Дӯст медорам оҳангҳояшро....

Озодӣ: Барои хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ чӣ паём доред?

Манучеҳр Қудратов: Ман барои бохабар будан аз ҳаводиси Тоҷикистон аз сомонаи шумо ва сомонаҳои дигар истифода мекунам. Вале сомонаҳое, ки тоҷикӣ менависанд, барои мо беҳтар аст.
XS
SM
MD
LG