Пайвандҳои дастрасӣ

Дастовардҳои олимони ҷавони тоҷик дар хориҷ


Донишҷӯёни тоҷики муқими Амрико. Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни тоҷики муқими Амрико. Акс аз бойгонӣ

Дар шабакаи Facebook бо номи Tajik PhDs Abroad гурӯҳе фаъол аст, ки акнун дар давоми тақрибан 2 сол аз Аврупову Амрико то Ҷопону кишварҳои Ховари Миёна бештар аз 100 тан донишмандони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ ба узвияти ин гурӯҳ даромадаанд.

Аксари кулли ин донишмандонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо дар давоми як-ду соли охир дар бораи таҳқиқоти илмиашон китобҳо ба чоп расондаанд ва рисолаҳои илмии худро ҳимоя кардаанд.

Манучеҳр Қудратов-доктори илми ҳуқуқ дар донишгоҳи Регенсбурги Олмон ва ҷавони тоҷик яке аз созмондиҳандагони ин сафҳа ё гурӯҳ дар Facebook аст: “Сафҳаи гурӯҳи мазкурро мо ду сол пеш дар ҳамдастӣ бо Диловар Мунавваров, ки он вақт докторанти донишгоҳи Торонтои Конодо буд, боз кардем ва ҳадаф аз ташкили чунин гурӯҳ пеш аз ҳама таъмини мубодилаи афкор байни ҷавонони донишманд ва додани машварат ба унвонҷӯёни нав дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ буд. Ҳоло гурӯҳи мазкур 110 нафар узв дорад, ки шумораи зиёди онҳоро унвонҷӯёни PhD ё докторӣ аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ташкил медиҳанд”.

Манучеҳр Қудратов

Манучеҳр Қудратов

Мо дар ин сафҳаи донишмандони ҷавони тоҷик ба суроғи ононе рафтем, ки дар гузаштаи наздик дар таҳқиқоти худ соҳиби дастовард шудаанд. Мирзосаид Султонов яке аз ин донишмандони ҷавон ва узви ин гурӯҳ аст, ки дар ҳамин авохир рисолаи доктории худро дар донишгоҳи Кобеи Ҷопон ҳимоя кард ва акнун мунтазири санади расмии дарёфти унвони илмии докторӣ ё сертификат мебошад:

“Аз соли 2009 ман дар шаҳри Кобе, дар донишгоҳи Кобе дар бахши иқтисод ва дар курси докторӣ ба омӯзиш сар кардам ва дар муддати чаҳор сол тамоми талаботе, ки аз тарафи донишгоҳ гузошта шудаааст, онҳоро паси сар кардам ва ба гирифтани унвони илмии худ мушарраф гардидам”.

Мирзосаид Султонов мегӯяд, дар рӯзҳои аввали иқомат вай ба мушкилиҳои забонӣ рӯ ба рӯ шуд, зеро аҳолии Ҷопон бештар ба забони худ гуфтугӯ мекунанд ва дарсҳо низ бештар ба ҳамин забон мегузашт. Вай, ки бо забонҳои русиву англисӣ ва форсӣ ошно буд, акнун дарёфт, ки бояд ба зудӣ забони ҷопониро низ омӯзад, зеро чун довталаби унвони илмӣ бояд дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои илмии ин кишвар ширкат ва роҷеъ ба таҳқиқоти худ суханронӣ кунад. Ҳоло ин доктори 34 сола мушкили забониро паси сар кардааст ва ба донишҷӯёни ҷопонӣ ва хориҷӣ ҳам ба забони ҷопонӣ ва ҳам ба забони англисӣ дарс медиҳад.

Вай мегӯяд, дар ин кишвар бидуни дарназардошти миллият ё кишвар ҳар касе, ки дар иҷрои корҳои худ софдилона талош мекунад, соҳиби эҳтиром мешавад ва касе монеа пеш намеорад. Баръакс, агар мушоҳида кунанд, ки шумо дар коратон муваффақ ҳастед, ба шумо кӯмак мекунанд. Мирзосаид мегӯяд, Мирзосаид Султонов

Мирзосаид Султонов

беҳтарин хислате, ки ҷопониҳо доранд, ҳама корро дақиқ иҷро мекунанд ва аз чаҳорчӯбаи қонун ва муқаррарот ҳеҷ гоҳ берун пой намегузоранд.

Нурмаҳмадшоҳ Нурмаҳмадшоев-донишманди дигари тоҷик дар Лондон низ муҳити илмии Британияро барои андӯхтани таҷруба ва корҳои илмӣ муносиб медонад. Вай баъд аз хатми донишгоҳи Хоруғ барои идомаи таҳсил ва таҳқиқ ба Лондон рафтааст ва вай низ дар ҳамин рӯзҳо мисли Мирзосаид рисолаи худро ҳимоя кардааст: “Донишгоҳи Хоруғро бо ихтисоси забонҳои Шарқ тамом кардам ва барои идомаи таҳсил ба Лондон омадам ва рӯзҳои наздик доктории худро мегирам. Қадамҳои аввали соли 2014 аст, итминон дорам, ки ин рисоларо барои чоп мефиристам ва то соли оянда он аз чоп мебарояд”.

Нурмаҳмадшоҳ дар донишгоҳи Кембриҷи Британия давраи омӯзиширо сипарӣ кардааст ва дар ин давра рисолаи илмии худ роҷеъ ба таърихи сиёсӣ ва иҷтимоии Бадахшон то охири қарни ёздаҳро барои ҳимоя омода намудааст ва ҳоло бо донишмандони соҳа дар Русияву Амрико ва Конодо ҳамкорӣ мекунад. Нурмаҳмадшоҳ ҷаҳони кунуниро ҷаҳони лаёқатгаро тавсиф мекунад ва мегӯяд, дар ҳар кишвари мутамаддини ҷаҳон ба лаёқату истеъдод арҷ мегузоранд ва ин ҷаҳон дар ҷустуҷӯи ақлҳост, то онҳо ба ҷомеа фикрҳои навро пешниҳод кунанд.

Дар Русия низ дар баробари ҷавонони зиёди муҳоҷири корӣ истеъдодҳои ҷавони тоҷик зиёданд. Солҳои охир истеъдодҳои ҷавони тоҷик тақрибан ба ҳамаи соҳаҳо роҳ меёбанд. Фаррух Сатторов дар синни 27 солагӣ, яъне дар Фаррух Сатторов

Фаррух Сатторов

соли 2010 баъд аз хатми донишгоҳи Санкт-Петербург ва ҳимояи рисолаи илмӣ дар риштаи технологияи коммуникатсионӣ, ҳоло дар бахши иттилоъоти технологии шаҳрдории Санкт-Петербург кор мекунад.

Вай мегӯяд: “Олимоне, ки дар ин ҷо ба ман дарс медоданд, мегуфтанд, ки бори аввал аз Тоҷикистон дар соҳаи техникаи коммуникатсионӣ унвони илмӣ ҳимоя мекунанд. Ҳоло бо ихтисоси худ дар ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург кор мекунам. Ман ҳатто дар давраи аспирантура соҳиби ин кор шуда будам. Аз соҳаи худ дур нарафтам. Таҷрибаи зиёд андӯхтам ва мушкили зиёди соҳаи худро гузаштам”.

Донишмандони ҷавони тоҷик дар кишварҳои мухталиф, ки мо бо онҳо сӯҳбат кардем, ҳама мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, вале мегӯянд, ки бояд унвонҳои дигар, аз қабили профессор ё амсоли онро бигиранд, дар он сурат барои тарбияи ҷавонони дигар ба Тоҷикистон бар хоҳанд гашт. Вале таъкид мекунанд, ки ҳар ҷавони боистеъдоди тоҷик метавонад роҳи онҳоро паймояд ва аз мушкилиҳо наҳаросад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG