Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро шумораи рисолаҳои илмӣ меафзояд, вале истеҳсолот пеш намеравад?

Барномаи "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ ин мавзӯъро дар як мизи гирд, ки бо иштироки масъулони Фараҳангистони улум, унвонҷуён ва ҷавонони фаъол баргузор шуд, ба баҳс кашид.

Иршод Сулаймонӣ, муҳаққиқи ҷавони тоҷик: “Воқеан, дар гузорише, ки дар ҷашни шастсолагии Академияи улуми Тоҷикистон садо дод, афзудани теъдоди ҷавононе, ки рисолаҳи номзадӣ дифоъ кардаанд, қайд мешуд. Вале он ҳолате, ки имрӯз истеҳсолот дорад, бозгӯи он аст, ки ин афзоиш миқдорӣ аст, на сифатӣ. Ин нукта аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои илмӣ -тадқиқотӣ ҳам баён шуда буд. Ду сол қабл президенти АУ Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов ҳам зикр карда буд, ки дар Тоҷикистон илм бо истеҳсолот пайванд нест.”

Сафаргул Давлиёрова, мудири шуъбаи аспирантураи Академияи улуми Тоҷикистон: “Ҳамасола барои қабули аспиратон АУ дар 61 ихтисос озмун эълон мекунад. Аксар ҷавононе, ки мехоҳанд аспирант шуда рисолаи илмиашонро дифоъ кунанд, мепурсанд, ки оё дар ҳамин соҳа дар Тоҷикистон рисола дифоъ кардан мумкин аст, шӯрои десертатсионӣ ҳаст? Дар Тоҷикистон аксарияти шӯроҳои десертатсионӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ аст. Бинобар ин, онҳо фанҳои гуманитариро интихоб мекунанд.”

Фирӯзаи Раҳматулло аспирати Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улум: “Воқеан, дар аксар ихтисосҳо, махсусан дар ихтисосҳои техникӣ ҷавонони мо наметавонанд дар Тоҷкистон рисолаашонро дифоъ кунанд. Ин рисолаҳоро дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калони Русия ҳимоя кардан мумкин. Лекин ин мушкил аст барои бисёриҳо. На ҳама чунин шароити иқтисодӣ доранд, ки рафта дар Маскав ва дигар шаҳрҳо рисолаашонро ҳимоя намоянд."

Идомаи ин баҳсро дар барномаи "Ояндасоз" бишнавед:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG