Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ахири Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русия, вокунишҳоеро дар матбуоти чопи Душанбе ба бор овардааст.

"СССР" дар матлабе изҳороти ахири Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русияро ба чолиш кашида ва навиштааст, ки «Тоҷикистон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба бешарафӣ равад ва марзҳои худро, ки асоси истиқлолиятанд, ба дигар кишвар во гузорад! Ин эҳсосоти инфиродӣ
Ҷанги дохилии мо сабабҳои бисёре дошт. Ҳам омилҳои берунӣ ва ҳам омилҳои дохилӣ дар шурӯи ин ҷанг нақш доштанд. Дар хориҷ овоза карданд, ки гӯиё дар Тоҷикистон сохти коммунистӣ ва бехудоӣ аст. Дурӯғ мегуфтанд ва бо ҳамин роҳ пул ҷамъ карданд...

нест, ин тақозои шеваи давлатдорист!» Муаллифи матлаб менависад, «имрӯз соате фаро расида, ки Тоҷикистон бояд худаш мардикоронашро аз Русия бозпас хонад. Он гоҳ мебинем, ки ҷои 2 миллион дасти кории тоҷикро кӣ мегирад? Майзадаҳои рус ва ё мафияи қафқоз ва ё ҳизбутаҳририёни узбак?»

РАИСИ ДУМАИ ДАВЛАТӢ ТАҲДИД НАМЕКУНАД?

"Нигоҳ" дар ин робита суоли «Оё Гризлов пешорӯи тоҷикон ултиматум мемонад?» -ро матраҳ кардааст. Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, «ба гумони ман таҳдиди ҷаноби Гризлов танҳо таҳдид нест ва дар сурати бароварда накардани манфиатҳои Маскав аз ҷониби Душанбе, онҳо метавонанд, режими раводидро ба роҳ андозанд. Муҳим аз ҳама, баъд аз ҷорӣ шудани раводид чӣ гуна вокуниш нишон додани Душанбеи расмӣ мебошад.» Ҷаноби Амон бар ин бовар аст, ки ҳукумати расмии Тоҷикистон аз ин сиёсатҳои таҳмилӣ рӯҳафтода нашавад ва камари худро маҳкамтар бубандад.» Бузургмеҳри Мурод, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки «воқеан изҳороти Гризлов таҳдиди ҷиддии навбатӣ рӯи давлату миллати Тоҷикистон аст». Ҷаноби Мурод изҳороти ахири Гризловро фишангҳои навбатии Русия медонад ва мегӯяд, «ин ҳама фишангҳо рӯи 6 омил вобастагӣ дорад: Истиқлолияти миллии моро нодида гирифтан; Азхудкунии «Роғун»; Ройгон гирифтани фурудгоҳи низомии Айнӣ; Ба даст гирифтани бозори минтақавии маводи мухаддир; Интихоботи президентии Тоҷикистон ва пас аз соли 2013 иҷозаи идомаи ройгон мондани базаи ҳарбиаш дар Тоҷикистон.»

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ БОЗИГАРОНИ МИНТАҚА

"Имрӯз нюс" дар матлаби «Мушкили иҷтимоӣ Тоҷикистонро вориди геополитика кардааст» иҷрои лоиҳаҳои стратегии энергетикӣ дар ин кишварро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки «батадриҷ амалишавии барномаҳои энергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишвари мо ба яке аз рақибони минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Баъзе аз кишварҳои ҳамсоя баъд аз амалӣ шудани ин барномаҳо барои «наздикшавӣ» бо Тоҷикистон талоши зиёд мекунанд. Пас аз сохтани нерӯгоҳи Роғун ин рақобати Тоҷикистон меафзояд.» Нашрия ба нақл аз коршиноси тоҷик Фаррух Умаров, менависад, «Тоҷикистон айни замон ҳамчунин ба раванди рақобатҳои геополитикӣ ворид аст. Ҳарчанд тавозунро нигоҳ медорад, ба таври ғайримустақим, ба яке аз рақибони хеле муҳим барои бозингарони минтақавӣ табдил ёфтааст.» Ин коршинос бар ин назар аст, ки «Тоҷикистон дар ҳоле муваффақ мешавад, ки нақшаи миллию давлатиро дар мадди аввал гузорад. Танҳо дар ин сурат метавонад дар рақобатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ шикаст нахӯрад.»

КӢ БА ҶОИ АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ МЕОЯД?

"Азия-Плюс" дар матлаби пажӯҳишие ҷӯёи ҷойгузини симмати марҳум Асадулло Ғуломов, муовини нахуствазири Тоҷикистон шуда ва ба он «Асадулло Ғуломов, кӣ сиёсатмадори марҳумро иваз хоҳад кард?» ном гузоштааст. Парвиз Муллоҷонов, гуфтааст, «барои ҳукумати Тоҷикистон интихоби хеле душвор дар пеш аст. Ин вазифаи сангин аст. Чаро, ки фарде муовини аввали нахуствазир хоҳад шуд, бояд ба тамомии талаботҳо посухгӯ бошад. Номзад ба ин мансаб бояд таҷрибаи бой дар умури энергетика, сохтмону коммуникатсия дошта ва аз мудирияти хоса бархӯрдор бошад.» Аммо журналист Нуралӣ Давлат бар ин бовар аст, ки ҳатто дар долонҳои ҳукумат намедонанд, ки кӣ номзад ба мақоми муовини аввали сарвазир хоҳад буд. Ҷаноби Давлат мӯътақид аст, «мансабе, ки марҳум Асаддулло Ғуломов бар дӯш дошт, пурмасъулият аст ва танҳо шахси мӯътамади президент метавонад ин мақомро соҳиб шавад.» Бо ин ҳам ин коршинос Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатиро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми муовини аввали сарвазири Тоҷикистон медонад.

КУРСИИ ДАБИРИ ШӮРОИ АМНИЯТ ҲАНӮЗ ХОЛИСТ...

"Озодагон" дар ин робита матлаберо зери сарлавҳаи «Вакансия дар ҳукумати Тоҷикистон. Бахти кадом мансабдор омад мекунад? чоп карда ва навиштааст, «таҳлилгарон номзадии Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аавали вазири молия, Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазир, Рустами Эмомалӣ, сардори як раёсати Хадамоти гумрук, Шералӣ Кабиров, муовини директори «Талко»-ро ба ҷойи марҳум Асадулло Ғуломов пешгӯӣ мекунанд.» Ҳамзамон нашрия то ба ҳол холӣ мондани курсии дабири Шӯрои амниятро матраҳ карда ва навиштааст, ки «ин барои аввалин бор аст, ки як вазифаи масъул ва он ҳам дар ниҳоди амниятӣ ба муддати тӯлонӣ соҳиб наёфтааст. «Бо ин вуҷуд Шерхон Салимзода, додситони кул, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ, Фаттоҳ Саидов, раиси оҷонси мубориза бо фасод, Абдуҷаббор Азизов, мушовири сиёсати кадрии президент, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башар ва Сайидамир Зуҳуров, аз ҷумлаи номзадҳо ба мақоми дабири шӯрои амният дониста мешаванд»,-омадааст дар “Озодагон”. Ба навиштаи нашрия «эҳтимол дорад дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ тағйироте ба вуҷуд ояд ва Асаддулло Раҳмонов сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин гардад. Зеро мӯҳлати сафирии Абдулмаҷид Достиев имсол ба итмом мерасад.»

АКАДЕМИК МАСОВ: "НОМИ ГУНАҲКОРОНИ ҶАНГРО НАМЕНАВИСЕМ"

"Миллат" мусоҳибаеро бо академик Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон анҷом додааст, ки вай назари худро худро дар масоили мухталиф, бахусус таъриху фарҳанги тоҷикон, тасмимгириҳо дар Академия, мизони пойини маош ва таваҷҷӯҳи ками ҷавонон ба илм, ифтихороти миллӣ, омилҳои ҷанги дохилӣ ва муносибат бо забони русӣ баён кардааст. Академик Масов дар посух ба суоли «то ҳанӯз ба ҷанги дохилии Тоҷикистон баҳои воқеӣ дода нашудааст. Шумо ҳамчун як таърихнигори шинохта дар ин бора чӣ назар доред?» гуфтааст, ки «ҷанги дохилии мо сабабҳои бисёре дошт. Ҳам омилҳои берунӣ ва ҳам омилҳои дохилӣ дар шурӯи ин ҷанг нақш доштанд. Дар хориҷ овоза карданд, ки гӯиё дар Тоҷикистон сохти коммунистӣ ва бехудоӣ аст. Дурӯғ мегуфтанд ва бо ҳамин роҳ пул ҷамъ карданд.» Ба суоли «Киҳо?» ҷаноби Масов ҷавоб дода мегӯяд, «ҳамонҳое, ки барои исломӣ шудани Тоҷикистон манфиатдор буданд, биёед номашонро нагӯям. Ҳатто Эрон барояшон маблағҳо медод. Конечно, факт аст, конечно!» Академик Масов меафзояд «вале мо кӣ гунаҳкор аст дар ин ҷанг номашро наменависем, то бигзор насли хурдсоли мо надонад ин шармандагиро... Агар мо инро нависем, чӣ мешавад? Менависем, ки як нофаҳмӣ, як ҷанг шуд.»

Раҳим Масов ҷонибдории худро бори дигар ба мақоми давлатӣ додани забони русӣ баён карда ва мегӯяд, «ин чӣ бадӣ дорад? Дар Ҳиндустону Покистон забони англисӣ дар мақоми давлатӣ аст. Тақрибан нисфи тоҷикон дар Русия ҳастанд, аз русҳо дида ин барои мо фоида дорад. Русия ин Русия аст, бародар! Иқтисоди пешрафта дорад, як абарқудрати ҷаҳонӣ аст, ҳимоятгари мо беҳтар аз Русия ҳеҷ давлате нест. Агар ба забони русӣ мақоми давлатӣ дода шавад, ҳеҷ фоҷеае нахоҳад шуд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG