Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши бесобиқаи қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ -- пули миллии Тоҷикистон ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷикро дигар кард ва нақшаву ниятҳои онҳоро ба ҳам задааст.

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксаран дар оғози сол бо ҳадафе, мисли бунёди хона, издивоҷ, ё харидани мошин озими Русия мешаванд, то оғози таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия, дар заминаи бӯҳрони Украина, умдатан бо маблағҳои хуб ба ватан бармегаштанд ва барномаҳои худро татбиқ мекарданд. Аммо ҳоло шароит дигар шудааст.

Абдузоҳир Соатов, сокини 28 солаи ноҳияи Варзоб ҳам бо ҳадафи ҷамъ овардани маблағ барои тӯи арӯсӣ дар оғози соли равон ба Маскав сафар кард. Абдузоҳир ҳоло ба зодгоҳаш баргаштааст ва рӯзи ҷумъа, ки мо бо ӯ сӯҳбат мекардем, гуфт, пулеро, ки бо худ аз Русия овард, барои издивоҷ ва баргузории тӯй кофӣ нест: “Агар пештар бо 150 ҳазор рубли русӣ туй барпо карда мешуд, акнун намешавад. Чунки қурби рубли русӣ аз 145 сомонӣ барои 1000 рубл то ба 107− 110 сомонӣ поин рафт. Аз ҳар ҳазор рубл мо 35−40 сомонӣ зарар дида истодаем. Мешавад гуфт мо сеяки пасандозамонро аз даст додем”. – мегӯяд Абдузоҳир.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд акнун маҷбур аст, ки барномаи издивоҷро то соли дигар мавқуф гузорад ва дубора озими Русия шавад. Аммо як умеди дигар Абдузоҳир ба бародараш аст, ки ҳоло низ дар Русия кор мекунад. Абдузоҳир мегӯяд, бо бародараш ин фарзияро низ матраҳ доранд, ки ӯ имсол зимистон ҳам ба Тоҷикистон наояд ва барои туйи Абдузоҳир пул ҷамъ кунад.

Аммо танҳо ин ҳамсӯҳбати мо нест, ки коҳиши қурби рубли русӣ барномаҳои қаблан тарҳрезишудаашонро барбод додааст. Абдурофеъ Ҳоҷиев, як муҳоҷири кории тоҷик дар Маскав мегӯяд, соли қабл бо ҳадафи дарёфти маблағ барои сохтмони хона ба пойтахти Русия рафт ва хушбахтона ва ба ин мақсадаш расид. Имсол ӯ ният дошт барои хатнасури фарзандҳояш пул кор кунад ва орзуяшро моҳи октябр амалӣ созад. Аммо ин тавр нашуд. Абдурофеъ мегӯяд аз хона хабар доданд, ки қурби рубл афтид ва пасандози то ҳол ҷамъовардаи ӯ ба маъаракаи хатнасур намерасад.

Абдурофеъ акнун маҷбур аст, боз як соли дигар дар муҳоҷират боқӣ бимонад. Ӯ мегӯяд: “Бубинед ман дар ин ҷо дар як мағоза кор мекунад. 20 ҳазор маош мегирам. Ин маоши ман ба сомонӣ бо қурби пештра қариб 3 ҳазор сомонӣ мешуд. Аммо бо қурби ҳозира 2 ҳазору 100 сомонӣ мешавад. Аз ҳар як маошам ман 800 −900 сомонӣ зарар дидам.”

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 800 ҳазор то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Мақомоти Русия мегӯянд, беш аз нисфи интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон ва сеяки дигараш ба Молдова сурат мегирад.

Дар семоҳаи аввали соли 2014 ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик 14 дарсад коҳиш ёфта буд. Вале коҳиши башиддати қурби рубли русӣ, ки аз аввали сол дар нисбати долар сеяки арзишашро аз даст дод ва ҳоло арзиши як доллар ба 49 рубл ва як евро ба 59 рубл наздик мешавад. Ин дар ҳолест ки то эълони таҳримоти зидди Русия қурби як доллар дар давру бари 30 рубл ва як евро тақрибан 38 рубл буд.

Ҳамин гуна қурби рубл дар баробари сомонӣ ҳам аз аввали сол қариб 30 дарсад поин рафт ва ҳоло дар саррофиҳои Тоҷикистон барои ҳазор рубли русӣ 107 −110 сомонӣ медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG