Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз як “шоки долларӣ” дар бозорҳои Душанбе, ки ду рӯзи ахир ба вуқӯъ пайваст, фурӯши мустақими долларро ба роҳ монд.

Ду рӯзи гузашта, дақиқан 12 ба 13 ноябр дар саррофиҳои шаҳри Душанбе бо он вуҷуд, ки расман як доллар бояд 5 сомониву 38 сомонӣ харидаву 5 сомониву 42 дирам фурӯхта мешуд, хилофи интизор харидаш ба 5 сомониву 45 ва фурӯшаш то 5 сомониву 60 дирам боло рафт. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, рӯзи 14 ноябр Бонки миллии Тоҷикистон дар бозорҳои “Султони Кабир”, “Корвон” ва “Фаровон” нуқтаҳои фурӯши махсус таъсис дода, мустақиман ба тоҷирон доллар пешниҳод кард.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчунин мудохила ба бозори дохилиро ҳаққи қонунии бонк унвон карда, афзуд: “Вақте тағйирёбии аз эътидол беруни қурбҳо ба миён ояд, ин ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки ба вазъият дахолат кунад. Имрӯзҳо ба мақсади ҷилавгирӣ аз оқибатҳои ногувор ва таъмин кардани талабот Бонки миллии Тоҷикистон мудохилаи асъориро анҷом дода истодааст.”

Дар ҳамин ҳол, “бозӣ” – и қурби доллар, ки як ҳафтаи ахир идома дорад ва ду рӯзи ахир шиддат ёфт, фаъолиятҳои саррофон ва тоҷиронро низ ба чолишҳо рӯбарӯ кард.

Файзиддин Эшонов, яке аз саррофони бозори Шоҳмансур мегӯяд, мардум аз тарси он, ки фардо қурби доллар боз боло хоҳад рафт, намехоҳанд онро бо сомонӣ иваз кунанд. Вай афзуд, агар дар гузашта ӯ рӯзона то 5 ҳазор доллар ҷамъ карда, мефурӯхт, ҳоло аз 500 то 1000 доллар ҷамъ меорад. Вай мегӯяд, сабаби рух додани ҳамчунин як сардаргумӣ ё “ажиотаж” худи тоҷирон ҳастанд: “Масалан, пеши ман меояд, мепурсад, ки долларро чанд мефурӯшӣ, мегӯям, 540, аммо доллар надорам, пеши дигарӣ меравад, надорад, пеши саввумӣ меравад ва мегӯяд, ки 542 деҳ, мехарам. Мардуми мо ҳамин хислатро доранд, диданд, ки пайдо карда наметавонанд, ба ҳар нархе, ки рост омад, мехаранд. Ҳамин тавр, нарх ба 555 – у 560 баромада рафт.”

Қурбҳо дар охири моҳи октябр

Қурбҳо дар охири моҳи октябр

Аммо Муҳаммадраҳим, як саррофи дигар, бар ин аст, ки чунин сардаргумии вазъ ба таври сунъӣ ба вуҷуд омада аз сӯи саррофиҳои хусусӣ аст, ки мехоҳанд аз вазъ ба нафъи худ истифода кунанд: “Вақте, ки мо 532 мезанем, онҳо 534 мезананд, мо 534 занем, онҳо 536. Ҳамин тавр барқасдона онҳо қурби пули миллиро поин мебаранд. Ин ҷо сад дарсад гунаҳкор нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ ҳастанд, ки бо пулҳои калон кор мекунанд. Мақсадашон аз байн бурдани нуқтаҳои заъифтар аст. Ба гуноҳи ҳамонҳо қурб поин меравад, ҷабрро халқ мебинад.”

Дар ҳамин ҳол, тоҷирон низ барои “воҳима”-и худ далелҳои раднопазир доранд. Ба қавли онҳо, агар долларро саривақт нагиранд, метавонанд ҳазорҳо доллар зиён бинанд ва ҳам наметавонанд аз хориҷа мол ворид кунанд.

Баҳриддин Раҳимов, тоҷири яклухтфурӯш аз бозори “Корвон”, ки моли тиҷораташро аз Чин ворид мекунад, мегӯяд, тоҷирон дар ҳайрат мондаанд, ки моли худро ба кадом қимат фурӯшанд. Ба қавли ӯ, ҳоло қимати молро баланд бурда, норизоиятии мизоҷони чарчинфурӯшро ба вуҷуд овардаанд, зеро нархи мол барои онҳо гарон шуд: “Ҳама ба воҳима афтодаанд. Ҳаминаш кам буд. Ҳисобу китоби мо ба доллар – ку. Дигар роҳ ҳам надорем. Пула зарб мезанӣ курсаш боло шудан мегирад. Фоида мекуниву доллар фурояд, боз зарар мешавад. Ҳоло имрӯз аниқашро мефаҳмам. Динаву парер воҳима буд, ку бинем, боз чӣ мешавад.”

Аммо ҳам тоҷирон ва ҳам саррофон ба муассир тамом шудани мудохилаи Бонки миллии Тоҷикистон ба бозори арз шубҳа мекунанд. Онҳо мегӯянд, пешниҳоди асъор то як муддат қимати долларро метавонад нигоҳ дорад ва дигарбора боло рафтани он аз эҳтимол дур нест. Коршиносон мегӯянд, решаҳои сардаргумӣ дар бозори арз бештар хориҷиянд ва аз дохил вобастагии кам доранд. Ба қавли онҳо, коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳониро Русия мехоҳад ба нафъи рубл истифода кунад.

Коршинос Асад Вафоев, ки таҷрибаи кор дар ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро дорад, мегӯяд, русҳо сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки долларро аз қаламрави муомилоти рубл хориҷ кунанд ва ба ин манзур онҳо гардиши онро дар бонкҳои худ манъ карданд, ки дар натиҷа муҳоҷирон натавонистанд ба Тоҷикистон доллар фиристанд. Вай афзуд, бо ҳисобҳои ӯ, ба ҳар 10 дарсад коҳиш ёфтани қурби рубл дар баробари доллар, сомонӣ дар баробари он 3 дарсад коҳиш меёбад: “Бозори арзии мо хеле заъиф аст. Бозори вобаста ва танзимнашаванда аст. Танзим мешавад, агар иқтисодҳое, ки мо аз онҳо вобастаем, танзим шуда бошанд. Мувозинати онҳо бошад, мувозинати мо ҳам ба вуҷуд меояд. Агар дар Русия номувозинатӣ шуд, дар мо ҳам дисбаланс мешавад. Ҳатто агар дар Чин мувозинат гум шавад, таъсираш ба мо мерасад, зеро наздик ба 50 дарсади молро мо аз он кишвар ворид мекунем.”

Сабаби дигари беқурб шудани сомониро коршиносон дар набудани пуштибонии молии он медонанд. Ба қавли онҳо, аз чаҳор як ҳиссаи иқтисоди Тоҷикистонро даромадҳои дохилӣ ташкил мекунанд ва ин ба он маъност, ки барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар дохили Тоҷикистон заминае вуҷуд надорад, ба ҷуз захираи асъор, ки он ҳам маҳдуд аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG