Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, таҳдиди уфти башиддати қурби сомонӣ вуҷуд надорад ва ин ниҳод ба ягон навъ дефолт дар бозори асъори кишвар роҳ нахоҳад дод.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мегӯяд, ба рух додани як инқироз ё дефолт дар бозори асъори кишвар роҳ нахоҳад дод. Ҷамшеди Юсуфиён, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиш ёфтани қурби сомонӣ дар баробари доллар як раванди минтақаиест, ки реша дар тағйироти якбораи қурби асъори муҳим – рубли русӣ дорад. Вай афзуд, азбаски мардуми Тоҷикистон бо рубли русӣ дар муҳоҷират ва тиҷорат сарукор доштанд, талабот ба доллар дар кишвар афзуд ва пешниҳод дар сатҳи пешина монд, аз ин хотир, Бонки миллии Тоҷикистон пас аз таҳлили вазъ ба хулосае омад, ки қудрати молиявии кишвар барои ба ҳадди инқироз расидани қурби пули миллӣ мерасад ва шаҳрвандон набояд дар ташвиш бошанд.

Изҳори назари муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи 20 рӯзи ахир қурби сомонӣ дар баробари доллар башиддат коҳиш меёбад. Агар 10 рӯзи пеш 1 доллар ба 5 сомониву 10 дирам харидорӣ мешуд, ҳоло дар аксари саррофиҳо 5 сомониву 40 дирам шудааст.

Далели аслии коҳиши сомонӣ дар баробари долларро иқтисодшиносон ба кам шудани воридоти маболиғи муҳоҷирин рабт доданд, ки соли 2013 4,2 миллиард, ҳудуди 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро таъмин карда буданд. Аммо имсол муҳоҷирини Тоҷикистон бо коҳиш ёфтани қурби пули русӣ, бино ба бархе таҳлилҳо, сеяки даромади худро аз даст додаанд. Илова бар ин, бонкҳои Русия интиқоли маболиғи онҳо бо долларро манъ карданд ва маболиғи онҳо дар роҳ ба Тоҷикистон низ то ҷое қурби худро аз даст доданд.

Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон

Дар семоҳаи аввали соли 2014 ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ҳамагӣ 5,7 дарсад коҳиш ёфта буд, вале зоҳиран уфти башиддати қурби рубли русӣ, ки танҳо дар як ҳафтаи охир 20 дарсад ва дар ним соли охир тақрибан 60 дарсади қурбашро аз даст дод ва ҳоло қурби як доллар ба 50 рубл ва як евро ба 60 рубл наздик мешавад. Ин дар ҳолест, ки то эълони таҳримоти зидди Русия қурби як доллар ҳудуди 30 рубл ва як евро тақрибан 38 рубл буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшеди Юсуфиён мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бозори дохилии Тоҷикистон танҳо аз Русия вобаста нест, балки бо 70 кишвари дигари ҷаҳон низ равобити тиҷорӣ дорад ва аз ҳисоби воридоти асъор аз ин кишварҳо қурби пули миллиро дар сатҳи лозимӣ нигоҳ медорад.

Бино ба иттилои Агентии омор, дар содироти Тоҷикистон мақоми аввалро бо 27, 7 дарсад Шветсария ишғол карда, шарикони муҳими дигараш - Туркия (19,1) Қазоқистон (17,1), Эрон (10,6) ва Русия (9,6) ба ҳисоб мераванд. Дар умуми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввал 2 миллиарду 892 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин 521 миллион доллар ба содирот рост меояд.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки ҳамарӯза барои таъмини бозори дохилӣ бо асъор ҳудуди 1 миллион доллар ворид мекунад, ки аз нигоҳи ин ниҳод, барои дар сатҳи лозимӣ нигоҳ доштани қурби пули миллӣ кофӣ аст, аммо инро низ истисно намекунад, ки дар ҳоли зарурат аз ин бештар мудохила низ кунад.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, захираи тиллову асъори кишвар дар нимаи аввали соли равон ба 1 миллиарду 147 миллион доллар расидааст, аммо захираҳои тоза - 2 миллиарду 816 миллион сомонӣ ё 571,1 миллион долларро ташкил мекунанд.

Ҷамшеди Юсуфиён гуфт, то ба ҳол ба ин захираҳо даст бурда нашуда, мудохилаи Бонки миллӣ ба бозор аз маболиғи маъмулӣ, ки аз хориҷ ворид мешаванд, таъмин мешавад ва сарусадоҳо дар бораи кадом як дефолт шоеапарокание беш нестанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мақомот, бо вуҷуди коҳиши назарраси қурби пули миллӣ Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ягона кишваре ба ҳисоб меравад, ки аз беқурбшавӣ камтар зарар дидааст. Ба гунаи мисол, дар ин ҳангом агар рубли русӣ 42 дарсад дар баробари доллар қурби худро аз даст дода бошад, беқурбшави пули қазоқӣ 22 дарсадро ташкил мекунад. Қурби расмии сомонӣ ҳамагӣ 6 дарсад беқурб шудааст, вале иқтисоддонҳо мегӯянд, дар асл ин рақам натиҷаи ба таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби сомонист ва дар асл як нигоҳ ба нархномаи бозорҳои нишон медиҳад, ки пули миллии Тоҷикистон хеле беқурб шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG