Пайвандҳои дастрасӣ

Харидор: Чаро ин қадар қиммат? Фурӯшанда: Доллар боло рафтааст


Дар Тоҷикистон ҳатто афзоиши нархи нонро ҳам ба қурби доллар рабт медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳатто афзоиши нархи нонро ҳам ба қурби доллар рабт медиҳанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон аксар боло рафтани нархи маҳсулотро ба афзоиши қурби доллар рабт медиҳанд. Ин иддао то куҷо воқеъият дорад ва чаро Тоҷикистон назар ба содироташ 4 миллиард доллар воридоти бештар дорад?

Ин шабу рӯз моликони дӯкону фурӯшгоҳҳо дар Тоҷикистон ба саволи харидорон, ки чаро нархи фалон маҳсулот гарон шудааст?, посухи яксон медиҳанд: “Доллар боло рафтааст!”

Эҳсон Шоҳмуродов, як сокини шаҳри Душанбе, ки рӯзи 10-уми ноябр бо ду борхалтаи пур аз хӯрокворӣ аз бозори Шоҳмансури пойтахт берун мешуд, мегӯяд, имрӯз ҳадди ақал 10 маротиба ин посухро аз фурӯшандаҳо шунидааст. Шоҳмуродов афзуд, ки бо таксиронӣ рӯзиашро меёбад ва ҳамеша бо пули миллӣ, яъне сомонӣ сарукор мегирад.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, намедонад, чаро тоҷирон ҳар гоҳе ки нархи молҳоро гарон карданд, қиммат шудани қурби долларро далел меоранд. Вай гуфт: “Чизеро ки қиммат карданд, мегӯянд, доллар боло рафт. Нархро мебардоранд ва ҷабрро боз ҳамин халқи камбағал мекашад. Ҳарчанд ҳамон бор агар аз дасти 10 тоҷир ҳам гузорад, боз ҳамонро як камбағал дар охир мехарад.”

Шоҳмуродов гуфт, вай бо доллар ками андар кам муомила кардааст ва иддаои тоҷиронро дар мавриди гарон шудани доллар аз баҳонае барои қиммат кардани нархи молҳо беш намедонад ва ин рафторро як “беинсофӣ” мехонад.

Аммо танҳо Эҳсон Шоҳмуродов нест, ки пеши худ чунин мегузорад. Аксар сокинони Тоҷикистон низ ба мантиқи ин посухи тоҷирон сарфаҳм намераванд.

Аммо ин иддаои тоҷирони тоҷик дар мавриди қурби доллар ба иқтисоди умдатан аз воридот вобастаи Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки сар карда аз маводи хӯрокаи ниёзи аввалия то либос ва маҳсулоти саноатиро аз хориҷа мехарад. Бино бар оморҳои охирини Хадамоти гумрукӣ Тоҷикистон, воридоти мол нисбат ба содирот 3 маротиба бештар аст. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон нисбат моли содиркардааш аз хориҷ ҳудуди 4 миллиард доллар бештар мол мехарад.

Фарқи байни воридоту содиротро Тоҷикистон то ба ҳол аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ рӯйпӯш мекард. Соли гузашта муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 4 миллиарду 173 миллион доллар фиристода буданд, ки ба иқрори мақомот, беш аз 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил мекунад. Аммо бад шудани вазъи иқтисодии Русия дар пайи таҳримҳои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҷайби муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳамин тавр ҷайби Тоҷикистонро кампултар кард. Аз як сӯ, ҳаҷми пулҳои ба Ватан фиристодаи муҳоҷирон 14 дарсад коҳиш ёфт ва аз сӯи дигар, қурби рубли русӣ дар қиболи доллар ва ҳамчунин сомонӣ ба таври бесобиқа пойин рафт. Аз уфти қурби рубл муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоби миёна аз ҳар ҳазор рубли он 45−50 сомонӣ зиён диданд.

Саррофие дар Маскав. Акс аз 6 ноябр

Саррофие дар Маскав. Акс аз 6 ноябр

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро афтидани қурби рубл боиси боло рафтани нархи доллар дар Тоҷикистон мешавад? Иқтисоддон Баҳром Шарипов мегӯяд, бонкҳои Тоҷикистон маҳз тавассути рубл доллар мехаранд ва коҳиш ёфтани қурби он нисбат ба доллар ба Тоҷикистон ҳам таъсир мекунад. Вай мегӯяд: “Бонкҳои Тоҷикистон бо воситаи рубл аз бонкҳои Русия доллар мехаранд. Аммо қурби рубл дар баробари доллар дар Русия афтид. Дар Русия ҳам талабот ба доллар зиёд шуд ва бонкҳояш намехоҳанд доллар фурӯшанд. Агар фурӯшанд ҳам, бо нархи гарон мефурӯшанд.” Ҷаноби Шарипов мегӯяд, тоҷирони тоҷик маҳз тавассути доллар аз хориҷ мол ворид мекунанд ва гарон шудани он боиси қиммат шудани анвои маҳсулоти дигар мешавад.

Зимнан Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи охир ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши якбораи қурби доллар як миқдор асъорро вориди бозор карда буд. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ҷараёни баррасии иҷрои Қонуни буҷаи давлатӣ дар парлумон гуфт, ки коҳиши қурби сомонӣ ва афзоиши таваррум дар Тоҷикистон ба кунд шудани рушди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Аврупо марбут аст.Ҷаноби Ширинов афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фурӯпошии қурби сомонӣ дар қиболи асъори хориҷӣ аз захираҳои молии худ истифода карда, 7 миллион долларро ҳамчун интервенсия вориди бозор кардааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, аз оғози соли равон сомонӣ 4,8 дарсад қурбашро аз даст додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG