Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби пули миллӣ -- сомонӣ рӯз ба рӯз дар баробари асъори хориҷӣ, хусусан доллар ва евро поин меравад.

Қурби пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ рӯз аз рӯз нисбат ба асъори хориҷӣ, хусусан дар муқобили доллар ва евро пойин меравад.

Агар дар ҳафтаи гузашта як доллар бо қимати 5 сомониву 17 дирам иваз карда мешуд, рӯзи 27 октябр нархи хариди як доллар дар саррофиҳои пойтахти Тоҷикистон то ба 5 сомониву 20 дирам ва нархи фурӯшаш то 5 сомониву 22 дирам боло рафтааст.

Ҳамин тавр, дар саррофиҳои Тоҷикистон арзиши як евро - пули умумии 17 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо - ба 6 сомониву 58 дирам баробар шудааст, ки ин нисбати аввали ҳафтаи гузашта низ 4-5 дирам зиёд аст.

Аммо ҳамзамон қурби сомонӣ дар муқобили рубли русӣ баръакс боло меравад ва арзиши 1000 рубл ба 122 сомонӣ баробар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши 1000 рубли русӣ дар авоили соли ҷорӣ 140 сомонӣ буд.

Коҳиш ёфтани қурби сомонӣ дар нисбати асъори хориҷиро масъулони ҳукумати Тоҷикистон дар пайвандҳои иқтисоди Тоҷикистон бо Русия ва Украина медонанд. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 24 октябр дар ҷараёни баррасии иҷрои Қонуни буҷаи давлатӣ дар порлумон гуфт, ки коҳиши қурби сомонӣ ва афзоиши таваррум дар Тоҷикистон ба кунд шудани рушди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Аврупо марбут аст.

Танҳо дар зарфи 3 моҳи охир қурби доллар дар муқобили сомонӣ то 10 дарсад боло рафтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG