Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаро имоми деҳа бихонад ё муллоҳои номӣ?


Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қабл аз намози ҷаноза амри маъруф гузошта нашавад.

Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин маврид ба ҳамаи имом-хатибон дар саросари масҷидҳои кишвар дастур дода шудааст. Ӯ афзуд, танҳо намози ҷаноза бояд баргузор шавад ва амри маъруф, ки тибқи шариат “мурдаро азоб медиҳад” бояд гузошта нашавад.

"Болои майит бисёр амри маъруф мекунанд, ки ин аз нигоҳи шариати Ислом дуруст набудааст. Манъ карданд, ки дар болои мурда мавъизахонӣ нашавад. Муфтӣ ҳам доим такрор мекунанд, ки майит худаш мавъизаи сокит аст ва дар болои он иловатан мавъиза кардан дуруст нест",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки қаблан пеш аз хондани намози ҷаноза рӯҳониён амри маъруф карда, дар мавъизаҳои худ ба масоили мухталиф ҳам дахл мекарданд. Зиёратшоҳ Маҳмадов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, вақте падараш бандагӣ кард, ҳамаи азодорону ҳамдеҳагон дар назди тобут қарор гирифтанд ва муллои деҳа мебоист ҷанозаро шурӯъ кунад, вале домулло Зубайдулло, як муллои маъруф пеш омада ва гуфтааст, раҳматӣ шогирди падараш буд ва хондани ҷаноза вазифаи ӯст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, борҳо шоҳиди баҳсу кашокашҳои нороҳаткунандаи муллоҳо бар сари масъалаи “ҷанозаро кӣ бихонад” будааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00
Линки мустақим


Ин баҳсҳо то андозае ҷиддӣ шудаанд, ки Шӯрои уламои Марказӣ маҷбур шудааст, барои ба танзим овардани чунин ҳолатҳо фатво содир кунад. Дар фатвои Шӯро гуфта мешавад, ки ҷанозаи майитро имомхатиби расмии масҷид ва ё деҳаву ҷамоат бихонад ва даъват кардани муллоҳои номӣ аз манотиқи дигар зарурат надорад.

Атовулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин замина гуфт: "домуллое, ки расмӣ аст ё аз тарафи Кумитаи дин ва ё Шурои уламо таъйин шудааст, бояд ҳамон ҷанозаро хонад. Сархатиби ноҳия ё намояндаи Шӯрои уламо дар ноҳия ҷаноза кунанд, беҳтар аст ва маросими динии мо ба танзим медаромад. Дар миёни домуллоҳо ҳам ягон зиддият пайдо намешуд. Яъне барои як қолину ё ҳадяе, ки барои мулло медиҳанд, талош накунад, ки пешдаро шаваду ҳатман вай ҷаноза бихонад."

Аммо мегӯяд ӯ, агар шахси фавтида насиҳат карда бошад, ки ҷанозаи ӯро маҳз фалон домуллои маъруф бихонад, дар ин сурат Шӯро ҳолатҳои истисноиро низ ба инобат мегирад ва ҷаноза ҳам тибқи васияти шахси аз дунё гузаша баргузор мешавад.

Домулло Худойдод, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Душанбе мегӯяд, бар пояи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуруст аст, ки ҷанозаро хатиби деҳа ва ё ноҳия анҷом диҳад. "Аммо вақте ин амал ба хотири пулу мол ва шӯҳрат анҷом мегирад, ба аҷр намерасонад",-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ
Ба қавли баъзе аз намояндагони Шӯрои уламо ва идораи танзими расму оини кишвар ҳоло ширкати муллоҳо дар маросими мотам ва хусусан дар адои ҷанозаҳо ба барномаи консертии ҳофизон дар тӯйҳо монанд шудааст. Ҳамон тавр, ки соҳибтӯй мехоҳад дар маъракааш ҳофизи баобрӯро даъват кунад, ҳамин тавр мотамдорҳо низ мехоҳанд ҷанозаи наздикони онҳоро як домуллои маъруф баргузор кунад.

Дар аксар маворид мардум бо шунидани номи муллое шинохта, ки дар мотам амри маъруф мекунад, иштирок мекунанд. Солҳои ахир ҳатто дар туйҳои хурсандӣ низ ба ҷои овозхону раққосаҳо муллоҳо даъват мешаванд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, як рӯҳонии тоҷик, бар ин назар аст, ки фатвои Шӯрои уламо ҳадафи дугона дорад. Агар аз як тараф мехоҳанд маросими мотаму ҷанозаро танзим кунанд, вале аз сӯи дигар ҳузури домуллоҳои маъруф дар маъракаҳоро маҳдуд мекунанд: "Бо ин масҷид бастану ба ҷаноза роҳ надодан обрӯи шахсеро намешавад кам кард. Мавриди назари Шӯрои уламо чӣ аст, мо медонем." Ҷаноби Розиқ мегӯяд, манзур аз ин домуллоҳое маъруф мисли Эшони Нуриддин, Ҳоҷи Мирзо, Абдураҳими Қазоқонӣ ва дигарон мебошанд, ки аз ҷониби мардум дар маросими хоксупорӣ ва барои баёни амри маъруф сарфи назар аз масофаву ноҳия зуд-зуд даъват мешаванд.
XS
SM
MD
LG