Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як узви ҲНИТ дар Ашт


Қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Тӯли чаҳор рӯз аст, ки як узви ҲНИТ дар Ашт, дар боздоштгоҳи муваққатии ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад.

Хонаводаи Ҳусниддин Шарофиддинов дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфтанд, ки шоми 6-уми майи соли ҷорӣ, пулис ӯро ба ҷурми "итоат накардан ба мақомот" боздошт намудааст.

ҲАБСИ 5-РӮЗАИ УЗВИ ҲНИТ


ҲНИТ бо ирсоли як нома ба ҳукумати Суғд, даъват кардааст, ки аз чунин бархӯрдҳо бо ин ҳизб ва аъзояш худдорӣ варзанд ва "масҷидро ба ҷойи таблиғи ақидаҳои алайҳи Ҳизби наҳзат табдил надиҳанд."

Додгоҳи ноҳияи Ашт мегӯяд, Ҳуснидин Шарофидинов, сокини шаҳраки Шайдон ва аз фаъолони узви Ҳизб наҳзати исломии Тоҷикистонро барои насупурдани кассетаи наворе аз тӯйи исломӣ бардоштааш ба дасти кормандони милиса, ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум кард.

Шоғуфрон Давронов, додраси додгоҳи ноҳияи Ашт, ки ин қазияро баррасӣ кардааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Кормандони милиса кассетаи навори дар тӯйбардоштаашро аз вай талаб карданд. Ӯ саркашӣ карда, дар ҳаққи онҳо гапҳои бад гуфтааст. Онҳо гуфтанд, ки шумо кассетаро диҳед, мо бурда месанҷем ва баргардонида медиҳем. Онҳо намояндаи расмии давлат ҳастанд, аз он рӯ ман ба Шарофиддинов гуфтам, ки кассетаро медодед, чӣ зарур буд барои худатон проблема сохтан? Милиса дар ин бора мавод пешниҳод кард ва додгоҳ онро баррасӣ намуда, ба Шарофидиннов ҷазои маъмурии 5 рӯз ҳабс таъин кард.»

ФИШОРҲО БА ҲНИТ ДАР АШТ

Ҳусниддин Шарофиддинов, ба гуфтаи наздиконаш, тӯли тақрибан понздаҳ соли гузашта ба наворбардорӣ машғул буд ва солҳои ахир танҳо тӯйҳои, ба истилоҳ, исломиро ба навор мегирифт.

Афроди наздик ба Ҳусниддин Шарофиддинов мегӯянд, пеш аз ин ҳам мақомот борҳо ӯро огоҳ карда буданд, ки аз сабти маросими тӯйҳои ба истилоҳ исломӣ, ки бо иштироки рӯҳониён ва баёни мавъизаҳо сурат мегирад, худдорӣ намояд.

Мақомоти Ашт кори Шарофиддинов ва дар пайи он саркашӣ аз итоат ба талаби милисаро дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон коре «ноҷоиз» медонанд. Вале намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд чунин бархӯрдро «ғайриқонунӣ» ва «фишор» болои як узви фаъоли худ ва ба хотири коҳиши нуфузи ин ҳизб дар миёни сокинон арзёбӣ мекунанд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, аз масъулони бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд: «Ҳатто занашро ба ҷаласаи додгоҳ роҳ надоданд. Бе ягон шоҳид, бе вакили дифоъ танҳо худашон, кормандони додгоҳу додситонӣ ва интизомӣ узви Ҳизби наҳзати исломӣ - Шарофиддиновро маҳкум карданд. Ҳатто то ҳол қарори додгоҳро ба касе надодаанд.»

Ба гуфтаи М. Ҳоҷимуҳаммад, бо наворгирии тӯйи исломӣ Ҳусниддин Шарофиддинов, узви Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеҷ кори мухолиф ба қонунгузориҳои Тоҷикистон анҷом надодааст ва паси панҷара фиристодани вай аз ҷониби мақомот амали мунсифона нест.

МАҚОМОТ НАЗАРИ ХУДРО ДОРАНД...

Вале Шоғуфрон Давронов, додраси додгоҳи ноҳияи Ашт ба ин масъала аз зовияи дигар назар мекунад: «Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бошад, аслан тӯйи исломӣ оё мумкин? Хуб, фаразан, ҳамчун шунаванда иштирок кард, хайр, шин, гӯш кун, баъд ба хонаат рафтан гир. Мақсад аз наворбардориатон чист ? Барои мафкураи мардумро вайрон кардан ? Хуб, «ғизои маънавӣ гирифтан» бошад, дар тӯй гирифтед – ку.»

Ба ҳамин тариқ, мақомоти Ашт баргузории тӯйҳои ба тарзи исломиро, ки ба ҷойи суруду рақс рӯҳониён назди ҳозирон вазъ мегӯянд, амале нораво дар давлати демокративу дунявӣ меноманд. Ба ақидаи онҳо, баргузории маҳфилҳои диндорон бо амри маъруф ва даъвати сокинон ба шомил шудан ба Ҳизби наҳзати исломӣ сафҳои ин ҳизбро зиёд ва норизоии сокинон аз давлатро дар пай меоварад.

"МАҚОМОТ ТӮЙҲОИ ИСЛОМИРО ХУШ НАДОРАНД"

Соҷида Шарофиддинова, ҳамсари Ҳуснидин Шарофиддинови маҳкумшуда мегӯяд, то ҳол аз ҳоли шавҳараш хабар надорад: «Рафтам ба боздоштгоҳи идораи корҳои дохилӣ. Аммо ба вохӯрӣ бо шавҳарам иҷозат надоданд. Ба сардорашон муроҷиат кардам, гуфтанд, ки имрӯз ба озодӣ мебарояд.»

Хонум Шарофиддинова, ба гуфтаи худаш, дар гузаштаи наздик вазифаи раҳбари бахши бонувони бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Аштро бар ӯҳда доштааст. Вай афзуд, мақомоти маҳаллӣ баргузории тӯйҳои ба истилоҳ исломиро хуш надоранд. Масъули бахши танзими анъанаҳо дар ҳукумати ноҳияи Ашт ахиран ба вай гуфтааст, аз баёни амри маъруф дар тӯйю сури сокинон худдорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG