Пайвандҳои дастрасӣ

БДА-и вилояти Хатлон садои баланди мусиқӣ ва "амри маъруф"-ҳо дар салони мошинҳоро манъ кардааст.

Исматулло Абдулҳамидов, ронандаи мошини мусофирбар аз шаҳри Қӯрғонтеппа, аз ҷониби Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Хатлон барои бо садои баланд гузоштани мавъизаи яке аз рӯҳониёни тоҷик ҳушдор гирифт. Нозири бозрасӣ ба Исматулло гуфтааст, дар сурати бори дигар бо садои баланд мондани ин гуна фиттаҳо дар мошинаш ӯро ҷарима интизор аст.

Бозрасии Давлатии Автомобилии Хатлон дастур гирифтааст, ки назоратро аз болои фаъолияти тамоми васоили нақлия дар заминаи худдорӣ аз пахши маъвизаи рӯҳониён ва баланд гузоштани садои мусиқӣ пурзӯр намояд. Ёрмаҳмад Давлатов, корманди масъули БДА (ГАИ)-и вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, маъмурони пулиси роҳ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атроф рейдҳо гузаронида, аз ронандагони мошинҳои мусофирбар риояи ин муқаррароти навро талаб мекунанд.

Ҷаноби Давлатов афзуд, "дар минибусҳои мусофирбар аз 9 то 11 нафар мусофир менишинанд. Дар миёни мусофирон одамони бемор ё мусибатдор ҳам буданаш мумкин, ки барояшон шунидани мусиқӣ бо садои баланд хуш намеояд, ба асабашон мерасад. Ҳар нафар дар нақлиёти мусофирбар ҳар хел завқ ва рӯҳия дорад, аз ин рӯ, ронандагон бояд инро ба инобат бигиранд. Дар таксиҳо низ."

Бар асоси банди 462-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои бо садои баланд гузоштани мусиқӣ, радио ва "амри маъруф"-ҳо дар воситаҳои нақлиётӣ, дар бозору фурӯшгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз 105 то 175 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Масъулони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мегӯянд, пахши "амри маъруф" ва мусиқӣ бо садои баланд метавонад дар идора кардани мошин тавассути ронанда мушкил эҷод кунад.

Мурод Собитов, як сокини ноҳияи Бохтар, низ дар ин робита мегӯяд: "Баъзе ронандаҳо фаромӯш мекунанд, ки нақлиёташон ҷамъиятист, ҳарчанд барои хизматашон аз мусофирон маблағи роҳкиро меситонанд, рӯҳия ва хоҳиши мусофиронро ба инобат намегиранд. Мусиқиро баланд мегузоранд, кайфияти мусофиронро ноҷӯр месозанд. Агар эрод гиред, мегӯянд, ки агар маъқул набошад, фароед."

Ҷаноби Собитов афзуд, аз манъи гузоштани мусиқӣ ва мавъизаҳо бо садои баланд дар дохили мусофирбарҳо истиқбол мекунад, зеро ҳуши ронанда набояд аз садои баланди мусиқӣ парешон шуда, амнияти воситаҳои мусофирбариро халалдор кунад.

Аммо на ҳама ронандагони мошинҳои мусофирбарро чунин муқаррароти Бозрасии Давлатии Автомобилӣ хуш омадааст. Қурбонназар Комилов, ронандаи мошини мусофирбари миёни шаҳри Қӯрғонтеппаю ноҳияи Бохтар, мегӯяд: "Демократия аст, мошин моли худам аст ва дар интихоби мусиқӣ ё шунидани ҳар навори дигари дилхоҳам ҳамчун шаҳрванд озод ҳастам. Ин тасмими БДА поймолкунии ҳуқуқи мо мебошад. Агар мусиқӣ ба кори ронанда халал нарасонад, чаро онро манъ кунем?"

Ин дар ҳолест, ки Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ҳамчунин истифода аз телефони мобилӣ барои ронанда ва насби ди-ви-диҳои экрандор дар воситаҳои нақлиётиро низ манъ кардааст.

Аммо Ёрмаҳмад Давлатов, намояндаи пулиси роҳи вилояти Хатлон мегӯяд, ин амр ба маънии маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон нест ва ронандагон метавонанд бо садои паст ва муносибе аз дастгоҳҳои пахши радио ва мусиқӣ истифода кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG