Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсари як узви гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим: 5 кӯдакамро ба интернат медиҳам


Дилбар Гургова, ҳамсари яке аз аъзои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Дилбар Гургова, ҳамсари яке аз аъзои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Наздикони бархе аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим мегӯянд, тайи бештар аз панҷ моҳ боз аз фишори зиёди иқтисодӣ ва равонӣ азият мекашанд ва қасд доранд, ки фарзандони кӯчакашонро ба ятимхонаҳо супоранд.

Ҳамсари бархе аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди боздошти наздиконашон дар ҳолати ногувор қарор гирифта, ҳатто ният доранд, фарзандони худро ба мактаб-интернатҳо бисупоранд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ фишори иқтисодӣ ва аз сӯи дигар фишори равонӣ онҳоро азият медиҳад.

Шавҳари Дилбар Гургова, сокини шаҳри Душанбе, ба узвият дар гурӯҳи генерали исёнгар Ҳоҷӣ Ҳалим гумонбар дониста мешавад. Ба қавли ӯ, пас аз боздошти шавҳараш аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон зиндагии сангинеро пушти сар мекунад. Ӯ мегӯяд, моҳҳост, ки 5 фарзандаш танҳо бо чойу нон қаноат мекунанд.

Дилбар Гургова ба далели бад будани вазъи молӣ тасмим дорад, ки фарзандонашро ба ятимхона супорад. "Ба Эмомалӣ Раҳмон нома фиристодам, ки ёрӣ кунад, то фарзандонро ба интернат супорам. Дигар шароити нигоҳубини онҳоро надорам. Фаррошӣ мекунам ва ҳаррӯз 10 сомонӣ маош медиҳанд, вале ҳаррӯза иҷорапулии хонаамон ба 16 сомонӣ баробар аст. Пулро ҷамъ карда, ҳаққи иҷораро диҳам ё бихӯрем?" - суол гузошт ӯ.

Ба қавли Дилбар, ӯ ва фарзандонаш таҳти фишори равонӣ қарор доранд. Бо далели он ки гӯё шавҳараш “террорист” бошад, аз ҷониби баъзе ҳамсояҳо ҳам худаш ва ҳам фарзандонаш ҳарфҳои пасту баланд мешунидаанд: “Чапгирӣ мекунанд, ки шавҳари ту ин хел одам аст гуфта. Кор кардан намегузоранд.”

Шавҳари Дилбар Гургова, Амрулло Нуров, қаблан ба ҳайси ронанда кор карда, барои қисмҳои низомии вазорати дифоъ маҳсулоти ғизоӣ мекашондааст. Ӯ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 барои бурда расондани одамони Ҳоҷи Ҳалим аз сӯи аъзои гурӯҳи ин генерали ошӯбгар даъват мешавад.

Ба гуфтаи Дилбар Гургова, шавҳараш даъвати одамони Ҳоҷӣ Ҳалимро ҳамчун корманди давлатӣ пазируфтааст, на ҳамчун генерали ошӯбгар: "Вақте шавҳарам фаҳмидаст, ки ин ҷанг зидди давлат аст, даст кашида ба хона омад. Гуфт, вазъият бад аст. Қумандонашон Садриддин Неъматов гуфтанӣ одам, 6-уми сентябр занг зад, ки таслим шаванд. Шавҳари ман ҳам рафта таслим шуд. Гуфт, ки агар медонист ин амалиёт зидди давлат аст, аслан намерафт."

Ин хонум ягона нафаре нест, ки пас аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, ба мушкил дучор шудааст ё зери фишорҳои равонӣ қарор гирифтааст. Меҳрӣ, ҳамсари узви дигари гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, низ бо чор фарзандаш дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, “кӯдакони ҳамсояҳо бачаи террорист гуфта, дар бозӣ бачаҳоямро ҳамроҳ намегиранд. Худам, дар боғча кор мекардам ва пас аз ин ҳодиса муносибати ҳамкорон низ хеле сард буд. Бародарам ба хонаи худаш гирифта овард ва гуфт, то як муддат ҳамроҳаш бимонем.”

Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт ва то 16 сентябр давом кард.

Дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода 17 тан аз нирӯҳои интизомӣ ва 25 тан аз аъзои он гурӯҳ, бо шумули раҳбараш Абдуҳалим Назарзода кушта ва ҳудуди 200 нафар дастгир шуданд. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошта, баъдан ҳизби наҳзати исломиро барои тарҳрезӣ ва сармоягузории ин ҳамлаҳо муттаҳам карданд.

Ба дунбол, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ мамнӯъ ва террористӣ эълон шуда, ҳоло мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсияш дар идома дорад. Бино ба иттилои наздикони ин афрод, рӯзи 24 феврал бархе аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар мурофиаи додгоҳӣ ин 13 танро ба даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта айбдор кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG