Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи "дасти хориҷӣ" дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим


Абдуҳалим Назарзода

Абдуҳалим Назарзода

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаи 199 танро дар робита ба ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта ба додгоҳ фиристода, саҳми созмону кишварҳои хориҷӣ дар ин ҳодисаро дар алоҳидагӣ таҳқиқ дорад.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки "саҳм"-и созмону кишварҳои хориҷӣ дар ошӯби моҳи сентябри Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъро дар алоҳидагӣ таҳқиқ доранд.

Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ, рӯзи 8 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ин парванда муҳри махфӣ дорад ва ҳанӯз таҳқиқоташ ба анҷом нарасидааст. Аммо ӯ дар ин суҳбаташ аз анҷоми тафтиши парвандаи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабар дод.

Мирзозода гуфт, дар маҷмӯъ 199 парванда ба додгоҳ фиристода шудааст: "Аз ин ҳисоб 172 парванда ба гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боқимонда ба аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ марбут аст. 40 тани дигар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд."

Раҳбари гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулл гуфт, то ин дам ба ҳисоби 151 миллион сомонӣ молу мулки Абдуҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳисоб шудааст. Ба қавли молу мулки онҳо феълан дар ҳабси пешакӣ аст.

Субҳи 4 сентябри соли гузашта афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карда ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дар тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид. Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта шуданд.

Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд. Ба дунбол, даҳҳо тан аз аъзои ҲНИТ, ба шумули 23 узви раёсати он боздошт шуданд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ошӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, "ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртибот надорем."

Ҳоло хабари Додситонии кулл дар бораи таҳқиқи "дасти хориҷӣ" дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон аз даъват ва иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон норизоятӣ карда, раиси Шӯрои уламо Эронро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам намуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG