Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти бародари Ҳоҷӣ Ҳалим баъд аз се моҳи исёни ӯ


Абдуҳалим Назарзода то ҳамлаҳои субҳи 4 сентябр ба ҳайси муовини вазири дифоъ фаъолият дошт
Абдуҳалим Назарзода то ҳамлаҳои субҳи 4 сентябр ба ҳайси муовини вазири дифоъ фаъолият дошт

​Як манбаъ аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, ки Ҷамол Назаров се моҳ боз дар манзили яке аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ карда, қасд доштааст берун аз кишвар биравад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Ҷамол Назаров, бародари 39-солаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), мувоини пешини вазири дифои Тоҷикистонро 8 декабр аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ боздошт кардаанд. Ҷамол Назаров, яке аз шаш бародари Абдуҳалим Назарзода пас аз ҳамлаҳои субҳи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар Ваҳдат ва Душанбе, ки дар ташкили он бародараш айбдор шуд, нопадида гардида буд.

Бархе тахмин мекарданд, ки эҳтимол ӯ кушта шуда бошад, бархеи дигар фирори ӯ ба Русияро баъид намедонистанд. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Ҷамол Назаров давоми се моҳ дар манзили зисти нафаре бо номи Ғоиб дар ҳудуди колхози собиқ Россияи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳон будааст.”

Ба қавли мусоҳиби мо, бародари Назарзода талош доштааст, то рӯзҳои наздик бо роҳи кочоқӣ аз Тоҷикистон фирор кунад, аммо мақомот ӯро пайдо ва боздошт кардаанд. Наздикони Абдуҳалим Назарзода низ хабари боздошти ӯро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеч яке аз пайвандонаш бо ӯ дидор накардаанд.

Аз шаш бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, ба гуфтаи мақомот, Мирзокарим, Абдураҳим ва Мирзоҳаёт ҳангоми музокирот миёни нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит кушта шудаанд. Пас аз ин мақомот Ҷамол ва Салим - ду бародари дигари ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Ҳоло Ҷамол Назаров боздошт шуда, сарнавишти Салим Назаров маълум нест. Вале Ғолиб, бародари хурдии Ҳоҷӣ Ҳалим солҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва то ҳол ҳеч талош барои боздошти ӯ сурат нагирифтааст.

Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки то ҳодисаи рӯзи 4-уми сентябр муовини вазири дифои Тоҷикистон буд, 6 бародар, ду хоҳар ва як духтару се писар дорад. Се писари ӯ бо номи Иброҳим, Бахтиёр ва Муҳаммад боздошт, вале пас аз чанд рӯз дубора озод шуданд.

Ҳамлаҳои 4-уми сентябр ба дастгоҳи Марказии вазорати дифоъ ва ШКД-и ноҳияи Ваҳдатро кори дасти Назарзода дониста, бо фармони президенти Тоҷикистон “бинобар содир кардани ҷиноят” ӯро аз вазифа барканор карданд. Мақомот ӯро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва хиёнат ба давлат айбдор донистанд.

Амалиёти боздошти ӯ ва ҷонибдоронаш 12 рӯз дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат идома кард. Рӯзи 16-уми сентябр расман аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз ҷонибдоронаш хабар нашр шуд. Бар асоси иттилои расмӣ давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шудааст. Ҳоло беш аз 150 нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи Назарзода боздошт шудаанд ва даҳҳо тани дигар бо гумони узви гурӯҳи Назарзода ҷустуҷӯ мешаванд.

Дар пайи ин ҳодиса Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ ва раҳбарияташро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карданд. То кунун теъдоде аз аъзои шӯрои сиёсӣ ва раёсати олии ин ҳизб боздошт шудаанд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки набояд аз мубориза бо терроризм ва гурӯҳҳои ҷангҷӯ барои саркӯби озодии баён суистифода шавад.

XS
SM
MD
LG