Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода: ҲНИТ сармоягузори асосии исёни Ҳоҷӣ Ҳалим буд


Рамазон Раҳимзода ҳангоми сӯҳбаташ бо сокинони Роштқалъа
Рамазон Раҳимзода ҳангоми сӯҳбаташ бо сокинони Роштқалъа

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро аз маблағгузорон ва раҳбарони асосии ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат донистааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 14 декабр ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро "аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии" ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои кишвар донистааст. Ин ҳамлаҳо субҳи 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат рух дода, амалиёти боздошти Назарзода ва ҳамроҳонаш то 12 рӯз дар дараи Ромит идома карда буд.

Генерал Раҳимзода, ки дар ин бора рӯзи душанбе бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон суҳбат мекард, гуфтааст, пахши ин ҳамлаҳо ва боздошту безараргардонии омилонаш танҳо бо кумаки сокинон дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом ёфт: "Мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи ҳукумати Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонда шуданд."

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ даъват карда ва бештар аз ҳузури шаҳрвандони кишвар дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барои иштирок дар ин ҷангҳо беш аз 600 нафар рафта, ҳудуди 50 тани онҳо бо изҳори таассуф ба кишвар баргаштаанд ва бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд.

"Кӯшиш карда истодаем, ки ин ҷавонони гумроҳро бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонем," -- афзудааст вазир.

Ҳамлаҳо ба дастгоҳи Марказии вазорати дифоъ ва ШКД-и ноҳияи Ваҳдат субҳи чоруми сентябр рух дода ва мақомот дар ин кор Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъро муттаҳам карданд. Бегоҳи ҳамон рӯз Назарзода бо фармони президенти Тоҷикистон “бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақомаш барканор ва ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва хиёнат ба давлат айбдор дониста шуд.

Амалиёти боздошти ӯ ва ҷонибдоронаш 12 рӯз дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат идома кард. Рӯзи 16-уми сентябр расман аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз ҷонибдоронаш хабар нашр шуд. Бар асоси иттилои расмӣ давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шудааст. Ҳоло беш аз 150 нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи Назарзода боздошт шудаанд ва даҳҳо тани дигар бо гумони узви гурӯҳи Назарзода ҷустуҷӯ мешаванд.

Дар пайи ин ҳодиса Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ ва раҳбарияташро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карданд. То кунун теъдоде аз аъзои шӯрои сиёсӣ ва раёсати олии ин ҳизб боздошт шуда, рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ бахши равобит бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Рӯҳуллоҳ Тиллозода -- писари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро барои дастрас кардани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд.

Бар асоси гузориши расмии КДАМ Рӯҳуллоҳ ин корро 2 сентябри соли ҷорӣ бо дархости падараш анҷом дода, ҳамин тариқ, барои иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе ва Ваҳдат "ёрӣ додааст"

Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки набояд аз мубориза бо терроризм ва гурӯҳҳои ҷангҷӯ барои саркӯби озодии баён суистифода шавад.

XS
SM
MD
LG