Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти қатли майор Нарзуллоев


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як корманди шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Истаравшан шаби якшанбе дар натиҷаи сӯиқасд бо чанд зарби корд кушта шудааст. Ҳамлагарон барои пӯшондани изи ин ҷиноят мошини ӯро сӯзондаанд.

Раҳимҷон Абдувалиев, сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари кушта шудани як афсари милисаи шаҳри Истаравшанро тасдиқ кард. Раҳимҷон Абдувалиев гуфт, дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми куштор боз шудааст, вале ҳанӯз ангезаҳои ҳамла ба корманди милиса маълум нест: "Майор Бахтиёр Назруллоев шоми якшанбе вақте аз ҷои кор ба хонааш бармегашт, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон кушта шудааст. Ҷасади ӯро субҳи душанбе аз дохили мошинаш пайдо карданд. Қотилон барои пӯшондани изи ҷинояташон талош кардаанд, ки мошини ин афсарро сӯзонанд, вале танҳо як қисми мошин сӯхтааст."

Аммо Раҳимҷон Абдувалиев гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки дар пушти ҳамла ба ин афсари милиса кӣ истодааст? Вай афзуд: "Ҳоло мо ангезаҳои ин кушторро тафтиш карда истодаем. Фарзияҳоро танҳо баъди маълум шудани далели сӯиқасд ба ҷони Бахтиёр Назруллоев метавонем дар миён гузорем."

Сардори ситоди пулиси вилояти Суғд гуфт, майор Бахтиёр Назруллоев 35 сол дошт ва дар бахши таъмини тартиботи ҷамъиятии шӯъбаи корҳои дохилии Истаравшан кор мекард. Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳқиқи ин ҳамла як гуруҳи фаврии ҷустуҷӯӣ таъсис шудааст.

Қаблан як намояндаи ҳукумати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як афсари милисаи маҳаллӣ шаби якшанбе ба душанбе дар натиҷаи сӯиқасд кушта шудааст. Ин манбаъ, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, ҷасади ин корманди шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Истаравшанро бо чанд зарби корд пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нест, вале дар қиболи куштори ин афсар, ки унвони майор доштааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Манбаи Озодӣ мегӯяд, далели ҳамла ба ин афсари милиса ва инки оё дар пушти ин ҳамла кадом афрод ё гурӯҳе истода бошанд, низ дақиқ нест.

Шамсулло Маҳмудов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан низ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Озодӣ хабари куштори як афсари ин шӯъбаро тасдиқ кард ва гуфт, "ҳамла ба майор Назруллоев дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон сурат гирифтааст ва ҳоло таҳқиқ идома дорад."

Истаравшан, воқеъ дар 75-километрии ҷанубуғарби Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, яке аз марокизи умдаи иқтисодиву тиҷоратии шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин шаҳр, ки то соли 2000 Ӯротеппа ном дошт, 60 000 аҳолӣ ба сар мебарад. Ҷамъи аҳолии Истаравшан бо 10 ҷамоати атрофаш қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Истаравшан ҳамеша аз манотиқи аз нигоҳи амниятӣ ороми Тоҷикистон маҳсуб мешуд, вале дар солҳои охир аз ин гӯша низ дар бораи фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи май 23 сокини вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони Истаравшанро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба мӯҳлати аз 1 то 17,5 сол маҳкум ба зиндон кард. Моҳи март бо айни иттиҳом як сокини дигари Истаравшан ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар тирамоҳи соли 2014 мақомоти Суғд аз боздошти 12 сокини Истаравшан ва Конибодом, ба раҳбарии сокини Истаравшан Наҷмидин Шамсиев хабар дод, ки баъди бозгашт аз Русия ба ҷамъоварии маблағ бо ҳадафи ба ҷанги Сурия фиристодани ҷавонон машғул будаанд. Аз манзили Шамсиеви 28-сола 2 туфангча, як “глушител” ва 85 дона тир мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG