Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 107 нафар дар обхезиҳои Бразилия


Дар паи обхезиҳои шадид дар ҷануби Бразилия на камтар аз 107 нафар куштаву боз 136 нафар беномунишон шудаанд. Амалиёти наҷот давом дорад.

Шоми 9 май наҷотбахшон тавонистанд асперо, ки дар рӯи боми як хона ду шабонарӯз қарор дошта, наҷот диҳанд.

Беш аз 165 ҳазор сокини аёлати Риу-Гранди-ду-Сул, ки бо обхезиҳои шадиде рӯбарӯ шуданд, хонаҳои худро савори қаиқу чархбол тарк карданд. Дар паи офати табиӣ зербиноҳову кӯпрукҳо хароб шуда, роҳҳои расидан ба маркази аёлат баста шудааст, фурӯшгоҳҳо кор намекунанд ва ба навиштаи Рейтерс, шабона боз дуздиву ғоратгарӣ авҷ гирифтааст.

Мақомоти аёлат гуфтанд, ки аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ на камтар аз 3,7 миллиард доллар зарур мешавад, то ки оқибатҳои обхезӣ бартараф шаванд. Дар ҳамин ҳол, обуҳавосанҷон пешбинӣ кардаанд, ки боронгариҳои шадиде дар пеш аст ва ин метавонад боз ҳам ба баланд шудани сатҳи ом сабаб шавад.

XS
SM
MD
LG