Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши қароргоҳи бахши суғдии ҲНИТ бо "хоҳиш"-и амният


 Нусхаи номаи шӯъбаи амният ба идораҳои Хуҷанд

Нусхаи номаи шӯъбаи амният ба идораҳои Хуҷанд

Ба гуфтаи масъулони бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд, субҳи 12 сентябр намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо дархости шӯъбаи амният дафтари ин ҳизбро тафтиш кардаанд.

Илҳом Ёқубов, раҳбари шуъбаи ҷавонони ҲНИТ дар ин бора ба Озодӣ чунин гуфт: “Нозирони шӯъбаи ҳифзи муҳити зист бо номаи расмии шӯъбаи ба дафтари мо ҳозир шуданд ва гуфтанд, ки тибқи он бояд бинои дафтари моро тафтиш кунанд ва як санад тартиб диҳанд. Мо ба онҳо иҷоза додем ва ин корро анҷом доданд.”



Ба гуфтаи Илҳом Ёқубов, дар номаи расмии шӯъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки нозирони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти Хуҷанд дар ихтиёри онҳо гузоштаанд, шӯъбаи амнияти миллӣ ҳамчунин аз раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳудуди 10 ниҳод, мисли кумитаи заминсозӣ, шӯъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, дин, санитарию эпидемиологӣ ва шабакаи барқ хоҳиш кардааст, “бо ташкили як коммиссия” фаъолияти дафтари бахши шаҳрӣ ва вилоятии ҲНИТ дар маркази вилояти Суғдро “оид ба ҷавобгӯ будан ба меъёрҳо ва талаботи мавҷуда” мавриди тафтиш қарор диҳанд ва хулосаҳои худро пешниҳод намоянд. Ба гуфтаи масъулони бахши вилоятии ин ҳизб, дар номаи шӯъбаи амният далели чунин тафтиши фарогир “бинобар зарурати хидматӣ” номида шудааст.

Оқои Ёқубов дар посух ба ин саволи Озодӣ, ки оё мақомоти шӯъбаи амният аз чунин тафтиши фарогир онҳоро қаблан омода карда буданд, посухи рад дод ва афзуд, нусхаи номаи ин ниҳодро, ки ба санаи 2- юми сентябр ба имзои сардори шӯъбаи амнияти Хуҷанд навишта шудааст, субҳи имрӯз аз кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дастрас кардаанд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз шӯъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ба Озодӣ гуфтанд, ки савол дар бораи ин номаро бояд ба раҳбарашон бидиҳем, вале вай бо зарурати корӣ аз коргоҳаш берун рафтааст.


Натиҷаҳои тафтиши дафтари ҲНИТ аз сӯи шӯъбаи муҳити зист

Натиҷаҳои тафтиши дафтари ҲНИТ аз сӯи шӯъбаи муҳити зист

Вале Темурҷон Миркамолов, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, кормандонаш дафтари ҳизби наҳзати исломиро бо супориши шӯъбаи амният тафтиш карданд. Вай афзуд, онҳо камбудиҳоеро ҳам ошкор карда, дар санади тафтиш сабт кардаанд.

Аммо Мӯъминҷон Орифов, сардори шӯъбаи дин дар ҳукумати Хуҷанд гуфт, аз шӯъбаи амният чунин номаеро дастрас накардааст, вале шӯъбааш бо сабаби дигар - шикояти гурӯҳе аз донишҷӯёни сокини хобгоҳи микроноҳияи 20 – ум - дар пайи тафтиши дафтари ҲНИТ аст. Вай афзуд :“Онҳо дархост кардаанд, ки аз ҳар гуна одамон ва занони ҳиҷоби сиёҳпӯш, ки ба дафтари ҲНИТ аз назди хонаҳои сокинону хобгоҳи донишҷӯён гузашта меоянд, онҳоро эмин дорем.”

Мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Хуҷанд Хуршед Ниёзов дар посух ба саволи Озодӣ гуфт, чунин номаи расмии шӯъбаи амниятро ёд надорад.


Илҳом Ёқубов

Илҳом Ёқубов

Илҳом Ёқубов, раҳбари бахши ҷавонони ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯяд, мақомот бо дастури тафтиши нави фарогир қасд доранд дари дафтарҳои бахшҳои шаҳриву вилоятии ин ҳизбро банданд ва дар остонаи интихоботи раисиҷумҳур аъзо ва ҷонибдорони ҳизби наҳзатро ба ҳошия ронанд : “Мақомот мехоҳанд бо баҳонаи ошкор шудани ҳадди ақал ягон камбудии ҷузъӣ дари дафтари ҳизби наҳзати исломиро бандад. Чунки дар ин ҷо натанҳо чандин ташкилоти ибтидоии ҳизб ҷаласа мегузаронанд, балки ҷонибдорону ҳаводоронамон низ дар барномаҳои озоди омӯзишиву дарсҳои ҳуқуқ ва таълими Қуръон иштирок мекунанд. Ин ба назари ман, ҷузъе аз барномаи фарогири мақомот ҷиҳати костани нуфузи сиёсии ҳизби наҳзат аст, ки аз муддатҳо қабл бархе аъзои моро бо роҳи фишор ё ҳавасмандгардонӣ аз сафи ҳизб берун мекунанд.”

Вай афзуд, чанде қабл мақомоти беҳдоштӣ ошхонаеро, ки сарпарастии онро як узви фаъоли ин ҳизб бар дӯш дошт ва нахост бо пешниҳоди мақомот аз ҳизб канор равад, ба далели “ҷавобгӯ набудан ба талаботи беҳдоштӣ” бастанд. Ҳол он ки ин он аз тозатарин маконҳои таомхӯрӣ дар атрофи бозори Панҷшанбе дониста мешуд.

Бахши суғдии ҲНИТ, ба гуфтаи масъулонаш, бо ҳудуди 900 узв баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ пурнуфустарин ташаккули сиёсӣ дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад.


Қароргоҳи бахши вилоятии ҲНИТ дар маҳаллаи 20-уми Хуҷанд

Қароргоҳи бахши вилоятии ҲНИТ дар маҳаллаи 20-уми Хуҷанд

Бинои дафтари вилоятии ҲНИТ тахминан аз соли 2006 дар микроноҳияи 20 – уми шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтааст. То он замон ин ҳизб дар утоқҳои воқеъ дар атрофи бозори Панҷшанбе, сипас дар бинои идораи иттифоқҳои касаба дар маркази Хуҷанд иҷора менишаст. Вале мақомот дар наздикии маҳалли таҷаммӯъи мардум ҷойгир будани дафтари ҲНИТ-ро мухолиф ба қонун хонда, ин ташаккули умдаи мухолифинро водор карданд, ки ба канортари шаҳр бикӯчад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG