Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои номаи "махфӣ"-и КМИРТ


Нусхаи номаи расмии мақомоти Норак ба аҳзоби сиёсӣ

Нусхаи номаи расмии мақомоти Норак ба аҳзоби сиёсӣ

Тақозои ба мақомоти маҳаллӣ маълум кардани исми фаъолони онҳо аҳзоби сиёсии бавижа мухолифро сахт нигарон кардааст.

Як номаи мақомоти давлатӣ намояндагони аҳзоби сиёсиро ҳайрон ва ҳамзамон хурсанд кард, ки талошашон ба тағйири қонуни интихоботи президент билохира амалӣ гаштааст.

Мақомоти ноҳиявӣ бо ирсоли номаҳои расмӣ аз аҳзоб хостаанд, ки “рӯйхати дақиқи фаъолони ҳизб”-ро барои узвият дар куммиссиюнҳои интихоботӣ пешниҳод кунанд. Ин дар ҳолест, ки айни чунин пешниҳоди чанд ҳизбу созмонро парлумони кишвар рад карда буд.



Аммо ин нома, ки нусхаашро Радиои Озодӣ ба даст овард, нишон медиҳад, ки ғамхории мақомоти маҳаллӣ ба ҳизбҳои муайян нигаронида шудааст. Дар ин нома гуфта мешавад, ки шомил кардани аъзои аҳзоби мухолифро ба кумиссиюнҳои маҳаллӣ Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон(КМИРТ) дастур додааст.

Вале масъулони КМИРТ мегӯянд, аз касе чунин дархост накардаанд.

Абдураҳмон Додоев, раиси дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон мегӯяд: “Мо дастур дода будем, ки куммиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, собиқадорони кор ва раисони маҳаллаҳо ташкил карда шаванд. Масъалаи ҳизбият дар қонуни интихоботи президентӣ пешбинӣ нашудааст. Ин гап нест. Дар қонуни интихоботи парлумонӣ ҳаст. Раисони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ кумиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъавиро бояд бо назардошти фикри аҳзоби сиёсӣ ташкил кунанд.”

Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ҳадафи аслии чунин номаҳоро зери шубҳа гузошта ва дар ин бора ба Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйгирӣ шикоят карданд.


Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷавоб раиси куммиссиюн Шермуҳаммади Шоҳиён ваъда додааст, ки ба ҳамаи мақомоти маҳаллӣ мактуб навишта, огоҳ мекунанд, то ба кори куммиссиюнҳои интихоботӣ дахолат накунанд: “Аз ҷумла ба мо аз котиби ноҳиявии ҳизби коммунист дар Ёвон ахбор омад. Ҳукумат талаб кардааст, ки рӯйхати коммунистонро бидиҳанд. Ин хилофи қонун аст. Ҳукуматҳо ҳақ надоранд, ки рӯйхат талаб карда, ба корҳои дохилиҳизбӣ дахолат кунанд.”

Айни чунин нома ба бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) дар шаҳри Норак низ расида ва дар он ҳатто муҳлат таъйин шудааст, ки ҳарчӣ зудтар “рӯйхати дақиқи фаъолони ҳизб” дар ихтиёри ҳокимияти шаҳр гузошта шавад, то ин фаъолон ба куммиссиюнҳои интихоботӣ шомил гарданд.

Қурбон Маннонов, раиси созмони ҲНИТ дар шаҳри Норак мегӯяд, чунин кореро нахоҳанд кард, чун ду рӯзи охир аллакай се узви ҳизбро дар шаҳр таҳдид кардаанд, ки ё дар ҳизб монанд, ё тарки кор кунанд: “Барои рӯшан кардани масъала ба назди додситони шаҳр рафта, бо ӯ мавзӯъро ба миён гузоштам, аммо он кас ҳам мактубро хонду тадбире наандешид. Умуман, ман намефаҳмам, ки чӣ гап аст?”

Номаи расмӣ ба аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле расидааст, ки куммиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ, бино ба маълумоти КМИРТ, рӯзи 12 сентябр ташкил мешаванд ва танҳо баъди таъсис ёфтани онҳо масъалаи аъзои ин ҳайатҳо баррасӣ мегардад. Аммо мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла ҳукумати шаҳри Норак ҳанӯз рӯзи 16-уми август ба ҳизбҳо муроҷиат карда ва хостааст, ки дар давоми се рӯз, яъне то 19-уми август, номи фаъолони худро пешниҳод кунанд.

Хайриддин Шомирзоев, сардори дастгоҳи раиси шаҳри Норак, ки ин мактубро имзо кардааст, мегӯяд, ҳадаф дарвоқеъ ба кори кумиссиюнҳои интихоботӣ ҷалб кардани намояндагони ҳизбҳои сиёсист: “Агар мо онҳоро дар куммиссиюнҳо ҷой накунем, фардо шикоят хоҳанд кард, ки моро дар ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ ҷой надодед. Дар гузашта чунин иттифоқ афтода буд, ки бархе ҳизбҳо чунин даъво доштанд, мегуфтанд, ки моро огоҳ накардед ва намояндаҳои мо дар куммиссиюнҳо шомил нестанд. Аз ҳамин хотир, КМИРТ ба мо мактуб кард, раиси шаҳр имзо кард, мо дар асоси он ба ҳизбҳо мактуб кардем, ки аъзояшонро пешниҳод кунанд. Акнун мекунанд, ё не, ин кори онҳост.”

Ҷаноби Шомирзоев гуфт,чунин нома ба созмонҳои маҳаллии ҳамаи ҳизбҳо дар Норак фиристода шудааст. Аммо раиси созмони ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар Норак Маҳмадшариф Фатҳуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин номае аз мақомоти давлатӣ нагирифтааст. Зоҳиран, чунин нома дар чанде аз навоҳии Тоҷикистон танҳо ба ҳизбҳои мухолиф ё “калаванда” фиристода шудааст.

Сардори дастгоҳи раиси шаҳри Норак Хайриддин Шомирзоев дар гуфтугӯи телефонӣ такрор кард, ки ин иқдом бар асоси дастури КМИРТ гирифта шудааст. Вай афзуд, КМИРТ дар ин бора ба мақомоти ноҳия нома фиристодааст, аммо ин нома махфист.

Мунтақидон мегӯянд, агар КМИРТ дарвоқеъ чунин номаи махфӣ фиристода бошад, ин амал хилофи ваъдаҳои шаффофияти кори он ва куллан раванди интихобот хоҳад буд. Вале агар мақомоти маҳаллӣ бо ҳадафҳои муайяне аз номи КМИРТ сӯъиистифода мекарда бошанд, ба гуфтаи Исмоил Талбаков, ҳизбҳои сиёсӣ мунтазири вокуниши рӯшани раҳбарияти КМИРТ мешаванд, ки оё чӣ хоҳад кард?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG