Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якуним соат "сӯҳбат" бо 4 фаъоли ҲНИТ дар Кумитаи амният


Даъватномаи КДАМ ба фаъолорни ҲНИТ
Даъватномаи КДАМ ба фаъолорни ҲНИТ

Фаъолони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, онҳоро асосан дар бораи ҳамла ба Саодатшоҳ Адолатшоев дар Бадахшон пурсидаанд.

Саодатшоҳ Адолатшоев, ки ҳамроҳ бо як ҳайъати аз Душанбе эъзомшудаи ҲНИТ аз сафари ноҳияи Рӯшон ба Хоруғ бармегашт, шоми 15 август дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи ношинос қарор гирифта буд.

Яке аз ин даъватшудаҳо Зарафо Раҳмонӣ рӯзи 7 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ба онҳо ваъда додаанд, ки омилони он ҳамларо ошкор хоҳанд кард. Вале онҳо гуфтаанд, ки ҳанӯз дар таҳқиқи ин қазия пешрафте накардаанд.

Зарафо Раҳмонӣ: Омилони ҳамларо то ҳол ошкор накардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00
Линки мустақим


Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон(КДАМ) аз 4 фаъоли ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ(ҲНИТ) хоста буданд, ки субҳи 7 сентябр барои “сӯҳбат” ба ин идора ҳозир шаванд. Ин даъватнома бо имзои маъмури кумитаи амният Меликов М.Ҷ. ба Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва Зарафо Раҳмонӣ - 4 узви ҳайъати ҲНИТ, ки дар моҳи август ба вилояти Бадахшон сафар карданд, ирсол шуда, рӯзи ҷумъа ба дасти мақомоти ҲНИТ расидааст.

Дар ин даъват мавзӯъи мулоқот шарҳ дода нашудааст, балки танҳо гуфта мешавад, ки “шумо бояд санаи 07-уми сентябр, соати 10:00 дақиқа ба қабулгоҳи КДАМ Ҷумҳури и Тоҷикистон, воқеъ дар суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Ҷ.Икромӣ, 8, бо масъалаи ба шумо тааллқудошта, ҳозир шавед.“

Ин алакай даъвати дувуми аъзои ин ҳайъат ба сӯҳбати мақомот баъд аз сафари моҳи гузаштаи онҳо ба Бадахшон аст.

Он ҳайъат ба хотири интисоби раҳбарони нави чанд бахши ҲНИТ дар он вилоят сафар карда буд. Дафъаи аввал низ мақомот аз онҳо дар бораи ҷузъиёти ҳамлаи рӯзи 15 август ба Саодатшоҳ Адолатшоев пурсида буданд.

Зарафо Раҳмон
Сафари ҳайъати ҲНИТ ба “Боми ҷаҳон” дуруст дар пайи тавассути шабакаи аввали теливизиони давлатӣ аз узвият дар ин умдатарин ташаккули мухолифин даст кашидани чанде аз раҳбарони фаъолонаш дар вилояти Бадахшон сурат гирифт. Якбора дар чанд гӯшаим мухталифи кишвар дар мазҳари омм даст кашидани афрод аз узвият дар ҲНИТ ва таблиғи ин мавридҳо тавассути расонаҳои давлатиро масъулони ҳизб аломати як маъракаи ҳадафмандона ва барномарезишудаи таъқибу ҳамла алайҳи ҲНИТ медонанд, ки ба ақидаи онҳо, бо наздик шудани интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон вусбати бесобиқае гирифтааст.

ҲНИТ, ки шумораи аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар баршумурдааст, баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ пурнуфустарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ҲНИТ бо касби 8 дарсади оро баъди ҳизби ҳоким дар мақоми дувум ҷой гирифт. Аммо боз ҳам раҳбарони ҲНИТ натоиҷи эълоншудаи он маъракаро "зулм" номида, иддао доранд, ки дар асл беш аз 30 дарсад раъй ба даст овардаанд.

Шумори аъзои ҲНИТ дар Бадахшон 1860 нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG