Пайвандҳои дастрасӣ

Дар паси "даъват"-ҳо ба идораҳои амниятӣ чӣ меистад?


Рамзия Мирзобекова, яке аз "даъват"-шудаҳо ба КДАМ

Рамзия Мирзобекова, яке аз "даъват"-шудаҳо ба КДАМ

Даъватҳо ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон(КДАМ) ва муҳтавои ин “сӯҳбат”-ҳоро баёнгари нигарониҳои ҳукумат аз вазъи кишвар мешуморанд.

Дар ин замина ҳадс зада мешавад, ки шояд ин ҳама аз огоҳии амиқтари мақомоти амниятии Тоҷикистон аз вазъи кишвар ҳам дарак диҳад.

Афроде, ки рӯзи 29 май аз сӯҳбати масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ берун омаданд, мегӯянд, бо онҳо асосан аз масоили амниятӣ ва ҳушдорҳои пинҳоне дар бораи вуҷуд доштани дасти хориҷӣ ва дохилӣ дар фаъолиятҳои онҳо гуфтугӯ шудааст.

Даъват ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як расми қонунӣ шумурда мешавад, аммо афзоиши чунин мавридҳо дар баробари таҳаввулоти ахир дар кишвар ин андешаро ба вуҷуд овардааст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон шояд аз чизе сахт нигаронанд.

Дар ин бора касе аз мақомот аланӣ сӯҳбат намекунад ва намегӯяд, ки мӯҷиби ин нигарониҳо чист: тарс андохтан дар дили афроди фаъол, ё хавф аз ноамние, ки метавонад эҷод шавад? Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта ки Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябри президентиаш қарор дорад.

Як манбаъи наздик ба ҳукумат гуфт, аз ҳар гуна эътилоф ё танзимҳои нави сиёсӣ, назири ҳизби Тоҷикистони нав тарсе вуҷуд надорад, аммо муҳим ин аст ки онҳоро кӣ таҳрик медиҳад?. Ба қавли ӯ, дар минтақа набарди пинҳонии «сард»-и қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ идома дорад ва ҳар яке мехоҳад аз нуфузи худ дар Тоҷикистон истифода кунад. «Тасаввур кунед, агар яке ҳукуматеро ба хости худ дар Тоҷикистон ба вуҷуд орад, бидуни баҳс, рақибони онҳо вориди ҷанги «гарм» ва он ҳам бо дасти худи мардуми Тоҷикистон хоҳанд шуд,» - хулоса кард ин ҳамсӯҳбати ман.


Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, сарвари маркази таҳлилии «Бозтоб» мегӯяд, хатарҳои хориҷӣ аз «сиёсати дарҳои боз» - и Тоҷикистон бармеоянд, ки нуфузи қаблии Русияву Узбакистон ва Эрон дар Тоҷикистонро бо Чину Амрико ва Иттиҳоди Аврупо тақсим кард. Вай афзуд, ҳукумати Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ бо дахолати хориҷӣ хуб ошно аст ва биноан, ба таъсири ин омил хеле ҳассос буда, ҳамеша ба он ишорат мекунад: «Чун кишварҳое, назири Русия, Чин, Эрон, Амрикову Аврупо дар Тоҷикистон соҳиби нуфуз шудаанд, бидуни баҳс, маҳз ин кишварҳо мавриди назар ҳастанд. Он замон, ки мегӯянд, дастҳои хориҷӣ дар миёнанд, маҳз ҳаминҳо бояд дар назар дошта шаванд, чунки дар минтақаву дар Тоҷикистон ҳар кадом манфиатҳои худро доранду пайи тақвият додани онҳо ҳастанд.»

Аммо Раҷаби Мирзо ба ин нукта низ ишорат мекунад, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифини Тоҷикистон нисбати ҳамдигар бадгумон шудаанд ва дар рафтори якдигар хатари нобудии худро мебинанд. Вай афзуд, дар ин мушкил хеле таассуфовар аст, ки ҷонибҳо натавонистанд тайи солҳои охир ба як ҳамдигарфаҳмӣ расанд ва пайи ҳалли мушкили мардум шаванд.

Рамзия Мирзобекова, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия – Плюс», ки рӯзи 28 май ба шӯъбаи амнияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват шуда буд, мегӯяд, ӯро ҳушдор додаанд, ки баъзан дар фаъолияти рӯзноманигориаш ба иштибоҳҳое роҳ медиҳад, ки метавонанд ба амнияти миллӣ таъсир расонанд. Дар ин маврид аз ҷумла гузоришҳои ӯ дар бораи ҳаводиси Хоруғ ёдрас шудаанд.

Вай афзуд, дар идомаи суҳбат ба ӯ гуфтаанд, ки наздикони Димон Ашӯровро ба гирдиҳамоӣ хондааст ва ниҳоят дар бораи узвияташ ба Эътилоф барои демократия ва ҷомиаи шаҳрвандӣ пурсидаанд ва аз ҷумла эҳтимоли истифода шуданаш аз сӯи неруҳои хориҷӣ: «Албатта, нагуфт, ки ту хизмат мекунӣ, балки пурсид, оё наметарсед аз ин, ки Шуморо нерӯҳои хориҷӣ ва дохилӣ метавонанд ба хотири манофеъи худ истифода кунанд? Ман пурсидам, ки маро дар чӣ метавонанд истифода кунанд? Гуфтанд, шумо қалами тез доред, аз ҳамон метавонанд истифода кунанд. Ман гуфтам, ки касби ман ҳамин аст.»


Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаев

Нафари дигари ба КДАМ даъватшуда Маҳмурод Одинаев, хабарнигори ҷамъиятии ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва низ яке аз 9 узви Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандист. Ӯ падари як маҳбусест, ки ба гуфтаи пайвандонаш, дар зиндони Хуҷанд мавриди шиканҷа қарор гирифтааст ва оқои Одинаев дар ҳамдастӣ бо волидайни маҳбусони дигар тасмим гирифтаанд, то рӯзи 2 июн аз шаҳраки Ҳисор то Душанбе бо шиорҳои зидди шиканҷа дар зиндонҳо раҳпаймоӣ ташкил кунанд.

Вай мегӯяд, дар КДАМ аз ӯ пурсиданд, ки оё ин раҳпаймоӣ ба соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов чӣ рабт дорад ва чаро Маҳмурод ба Эътилоф барои демократия ва ҷомиаи шаҳрвандӣ шомил шудааст? «Ман гуфтам, бале, ман дар он гурӯҳ шомил ҳастам, аммо ҳадафи ман сиёсат нест, балки ҳалли қазияи ҳуқуқӣ аст. Ман мехоҳам дар доираи Эътилоф як гурӯҳеро алайҳи шиканҷа дар маҳбасҳову боздоштгоҳҳо ташкил кунам. Аммо нафаре, ки бо ман сӯҳбат мекард, танҳо маро шунид ва инсони боадабе буд. Ҳеҷ фишоре наовард. Аммо субҳ тасаввур кунед, чор нафар аз мақомот тавассути тиреза ба хонаи ман дар Ҳисор, ки дар ошёнаи дуввум аст, ворид шуданд,» - афзуд Маҳмурод Одинаев.

Зимнан, рӯзи 16 май иҷрокунандаи раиси ширкати «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов низ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Ин даъват пас аз эълони он, ки раҳбарият ва муштариёни ширкат бо нишони эътироз аз ҳукми додгоҳ рӯзи 3 июн тазоҳурот барпо хоҳанд кард, иттифоқ афтода буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG