Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари маҳбуси зиндони Хуҷандро ба КДАМ бурданд


Маҳмурод Одинаев.

Маҳмурод Одинаев.

Маъмурони амниятӣ Маҳмурод Одинаев, падари як маҳбуси зиндони Хуҷандро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурдаанд.

Маҳмурод Одинев, падари маҳбуси зиндони Хуҷанд Суннат Ризоев субҳи 29 май ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду маъмури амниятӣ бидуни огоҳии пешакӣ ва ё даъватнома, субҳи барвақти имрӯз ба манзили зисташ дар ноҳияи Ҳисор омада, ӯро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оварданд: «Онҳо худро кормандони амнияти ноҳияи Ҳисор муаррифӣ карда, гуфтанд ба шуъбаи амнияти ноҳия меравем, аммо маро ба Душанбе, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оварданд.»

Маҳмурод Одинаев, ки бо "Озодӣ" дар роҳ ба сӯи Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ки дар паҳлуяш ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳузур дорад ва намедонад барои чӣ ӯро мебаранд: «Амниятиҳо аслан шарҳ намедиҳанд, ки барои чӣ ӯро ба пурсиш мебаранд ва мегӯянд, ки вақти пурсиш мефаҳмӣ, ки масъала чӣ аст.»

Маҳмурод Одинаев, падари Суннат Ризоев маҳбуси зиндони Хуҷанд мебошад, ки дар соли гузашта ӯро аз маҳбаси рақами аввал ба Хуҷанд интиқол дода буданд. Вай ахиран ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки дар авоили моҳи июн ба нишони эътироз алайҳи шиканҷа ҳамроҳи наздикони маҳбусҳои дигаре, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд бо шиорҳои «Нест бод шиканҷа!» Ба шиканҷа поён диҳед", "Дастандаркорони шиканҷа ба ҷазо кашида шаванд", "Фарзандони моро аз шиканҷаву зӯр раҳо кунед", пиёда ба тарафи шаҳр роҳпаймоӣ менамоянд.

Маҳмурод Одинаев, рӯзи 22-юми май ба "Озодӣ" гуфта буд, ки тасмим гирифтааст ҳамроҳ бо хешовандонаш ва наздикони маҳбусони дигаре, ки мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтаанд, аз маркази ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз то пойтахт роҳпаймоӣ кунанд.

Маҳмурод Одинаев афзуд: «Мо борҳо ба президенти Тоҷикистон, Доситонии кулл, ба раиси маҳбасҳои Тоҷикистон Иззатулло Шарифов дар бораи латту кубу бераҳмии масъулони зиндонҳо дар нисбати фарзандонамон нома навиштем, касе ба доди мо нарасид, ба сафоратҳо муроҷиат кардем, натиҷа надод, чанд маротиба дар назди Қасри президент ҷамъ омадем ваъда доданду лекин ҳеҷ кор накарданд, тамоми роҳҳое, ки аз рӯи қонун вуҷуд дошт рафтем ба мо нигоҳ накарданд, барои ҳамин фикр мекунем шояд роҳпаймоии мо ба масъулон таъсир кунад.»

Пас аз марги Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор дар маҳбаси рақами аввал, ба хотири ифшо нагаштани ҷузъиёти марги ӯ, ки ба қавли волидонаш бар асари латтукӯби бераҳмонаи масъулони зиндон фавтидааст, шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли гузашта беш аз 20 тан аз маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии рақами аввали Душанбе ба зиндони Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Як рӯзи баъд тавре волидони онҳо, аз ҷумла падари Суннат Ризоев хабар дод, дар маҳбаси Хуҷанд фарзандонашонро латту куб ва азият додаанд. Пас аз ду рӯз, 7-уми ноябр Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз қавли маҳбусон маълумот дод, ки маҳбусҳо бо расидан ба муассисаи мазкур, мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 7-уми ноябри соли 2012 хешовандони маҳкумшудагон ба Додситонии кул шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилоти ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузарондани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG