Пайвандҳои дастрасӣ

Узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" Маҳмудҷон Қосимов мегӯяд, сӯҳбати ӯ бо мақомоти амниятӣ бо риояи тамоми талаботи ҳуқуқиву одоб сурат гирифтааст ва ӯ аз натиҷаи ин сӯҳбат комилан қаноатманд аст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ, ки шоми сешанбеи 27-уми август баъди мулоқот бо ходимони амниятии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир шуд, Маҳмудҷон Қосимов ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯҳбат асосан дар бораи флеш-моб ва ё маъракаи ҳамраъйӣ бо соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби"Тоҷикистони нав" Зайд Саидов буд, ки сад рӯз инҷониб дар боздошт ба сар мебарад.


Ширкаткунандагони ин намоиш ба ҳаво 100 кабӯтар сар доданд ва бори дигар шиори “Озодӣ ба З.Саидов”-ро ба забон оварданд. Ин ҳамоиш дар боми Маҷмаи тиҷоратии «Пойтахт» бо ҳузури ҳудуди 50 тан аз ҷонибдорони Зайд Саидов сурат гирифт.

Вале пас аз ин маърака Маҳмудҷон Қосимов ба идораи амниятии ноҳияи Синои пойтахт ва панҷ писари Зайд Саидов - Хуршед, Хайрулло, Хусрав, Муҳаммадиқбол ва Фаридун ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои сӯҳбат даъват шуданд.

Баъди сӯҳбат бо мақомоти амниятӣ Маҳмудҷон Қосимов ба суолҳои радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Оё ба қавли мақомот ҷамъомади имрӯзаи шумо ғайриқонунӣ буд?

Қосимов: “Онҳо ба мо гуфтанд, бар пояи қонуне, ки гирдиҳамоиҳову ин гуна чорабиниҳоро муқаррар мекунанд, шумо мебоист пешакӣ иҷозати мақомоти давлатиро мегирифтед.”

Радиои Озодӣ: Шумо пешакӣ иҷозат нагирифтед?

Қосимов: “Не. Аслан, маъракаи баргузор намудаи мо бо он он чизе, ки дар қонун ёдрас шудааст, мувофиқат надорад. Бар илова мо тамоми корро кардем, ки амали мо дар чорчӯби қонун доир шуда, касе ба мо даъво накунад. Ба ҳамин хотир ягон асос барои гирифтани иҷозатнома ҳам набуд. Вале мақомот далелҳои моро қабул накарданд. Онҳо моро огаҳ намуданд, ки минбаъд чунин корро такрор накунем ва аз мо хоҳиш ҳам карданд, ки иқдомҳоямонро тавре раҳандозӣ кунем, ки ҷавобгӯи тамоми ҳарфу тақозои қонунҳои кишвар бошанд ва барои баҳсу мунозира ҷой набошад.”

Радиои Озодӣ: Оё шумо ин иқдоми мақомотро як навъ фишор ҳисоб намекунед?

Қосимов: “Не. Мақомот ба мо пешниҳод карданд, ки агар мо аз фишор ва ё чизи дигаре нигарон бошем, онҳо намояндагони расонаҳои хабариро ҳам даъват кунанд. Вале фишоре набуд ва мо ҳам ҳеҷ зарур нашумурдем, ки касеро даъват кунем. ”

Радиои Озодӣ: Чаро шуморо ба идораи амниятӣ ва писарони Зайд Саидовро ба шӯъбаи ноҳиявии умури дохилӣ даъват кардаанд? Чаро ба ду ниҳоди мухталиф даъват сурат гирифтааст?

Қосимов: “Ман, тавре медонед, узви гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” ҳастам ва ҳар чорабиние, ки ман ва ҳамсафонамон барпо мекунем, амали сиёсӣ мебошад. Фикр мекунам, аз ин хотир маро ба идораи амниятӣ даъват карданд.

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки ҳадаф аз ин иқдом тарсонидани шумову наздикони Зайд Саидов буд?

Қосимов: “Барои он, ки шубҳаву гумон дар ин мавзӯъ намонад, ман таваҷҷӯҳи онҳоро ба ин масъала ҷалб кардам ва гуфтам, бубинед, агар сабаби нороҳатии шумо фақат баҳс дар атрофи қонун аст, бигзор шартан талаботи шумо дар бораи рияои қонун дуруст бошад. Ман ба онҳо гуфтам, ки мо дар оянда чунин иқдомҳоро такрор мекунем. ”

Дар идомаи сӯҳбат Маҳмудҷон Қосимов гуфт, “сарқонуни ҷумҳурӣ принсипи "эҳтимолияти бегуноҳӣ"-ро эълон кардааст. Вале вақте мақомоти расмӣ изҳороти гуногун пахш намуда, Зайд Саидовро гунаҳгор эълон мекунанд, магар мо метавонем хомӯш бошем. Мо фақат метавонем дар ҷавоб ба мардум муроҷиат намуда, хотирнишон кунем, ки сарқонун принсипи "эҳтимолияти бегуноҳӣ" дорад ва то замоне, ки ҳукми додгоҳ дарм авриди Зайд Саидов эълон нашавад, ба касе бовар накунед”.

Тибқи иттилои расида панҷ писари Зайд Саидов ҳам баъди бозпурсии дусоата, ки бо флеш-моби рӯзи сешанбе иртибот доштааст, аз идораи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хориҷ шудаанд.

Зайд Саидов аз рӯзи 19 май инҷониб дар боздошт аст. Мақомоти тафтишотӣ ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, тамаъҷӯӣ, гирифтани пул, таҷовуз ба номус, водор кардани ноболиғ ба исқоти ҳамл ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи соҳибкор ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки фишору таъқиби ӯ бо нияти ташкили ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" иртибот дорад, ки дар борааш як моҳ пеш аз боздошташ расман эълон карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG