Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори миллионҳои Эрдуғон дар интернет


 Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Навори гуфтугӯи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия бо писари бузургаш дар бораи маблағҳои пинҳон аз назари муфаттишҳо, шиллики дигар ба балон ва ё пуфаки дамшудаи фасодкорӣ дар ҷомеаи Туркия шуд.

Чаҳор моҳ боз даъвои қазияи фасодкорӣ бо миллионҳо доллар бештар ба атрофиёни Эрдуғон рабт мегирифт. Аммо навори гуфтугӯи Эрдуғон бо писари бузургаш Билол, ки рӯзи душанбеи 24 феврал пахш гардид, Эрдуғонро низ дар сафи фасодкорҳо қарор медиҳад.

Дар наворе, ки ба таври махфӣ дар Интернет нашр шудааст, Эрдуғон гӯё ба писараш дастур додааст, ки “даҳҳо миллион долларо аз хона берун кунад, зеро муфаттишон доранд наздик мешаванд.” Худи нахуствазир ин наворро тақаллуб ваё сохтакории бузург унвон кард. Аммо умдатарин ҳизби мухолифин дар Туркия, Ҳизби ҷумҳуриявии мардумӣ воқеӣ будани ин наворро тасдиқ кардааст. Навори ахир ба шидати бӯҳрони сиёсӣ дар Туркия, ки ҳар рӯзаш асрореро фош мекунад, як фошкории тозаеро изофа кард.

Ин дар ҳолест, ки ба думболи рӯ задани фасодкорӣ дар Туркия ва дуздии миллионҳо доллар, Эрдуғон ҷиддан талош кардааст, шикофҳоеро, ки иттилоъи вобаста ба фасод эҳтимолан аз тариқи онҳо берун мешаванд, бубандад. Зеро тавре ба назар мерасад, маълумоти фасодкорӣ аз доираҳои ҳукуматӣ, махсусан аз ниҳодҳои ҳифзи тартибот берун мешаванд ва “ҷанг” дар дохили худи ҳукумат ҳам ҷараён дорад. Ин аст ки Эрдуғон назорат бар сохторҳои давлатиро шадид кардааст ва маълум нест, ки ин зиёдаравиҳо ба кадом ҳудуд хоҳанд расид.

Тунч Ойбак, таҳлилгари умури сиёсии Туркия дар Донишгоҳи “Middlesex”-и Британия масъаларо ба ин шакл шарҳ медиҳад. Ӯ мегӯяд, “режими Эрдуғон бо фишори шадид тақрибан вазъияти фавқулодда эҷод мекунад. Аз рӯзе ки иттиҳоми фасодкорӣ ошкор шуд, ӯ ба таври бесобиқа ба умури додситонӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дахолат мекунад, додситонҳоро аз мақом барканор мекунад ва қонунҳои навро ба роҳ мемонад. Масалан, ҳизби ӯ чораҳои наверо ҷиҳати назорат бар Интернет, тобеъияти хадамоти иттилоотӣ ба дафтари хусусии ӯ ва ҷавобгӯ набудани онҳо дар ҷараёни бозҷӯиҳо пешниҳод кардааст.”

Фатҳулло Гулен ва Раҷаб Эрдуғон
Фатҳулло Гулен ва Раҷаб Эрдуғон
Эрдуғон ин чораҳои шадидро бо иддаои вуҷуди “дуҳокимиятӣ” ва ин ки афроди “ҳукумати дигар” ба сафҳои ниҳодҳои ҳифзи тартиботу матбуот роҳ ёфта, ба амнияти Туркия таҳдид мекунанд, тавҷеҳ мекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз душмани худ ошкоро ном намебарад, аммо бо ишораҳои худ ангушти иттиҳомро ба сӯи пайравони рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен, ки дар Амрико ба сар мебарад, боло кардааст.

Ҷумбиши Гулен, ки дар ибтидо аз шарикони Ҳизби адолат ва тарақии Раҷаб Таййиб Эрдуғон буд ва соли 2003 ӯро ба курсии раҳбарӣ нишонд, шабакаи макотиби хусусиро дар Туркия ба роҳ мондааст. Аммо ин ду шарик баъдан аз ҳам ҷудо шуданд. Гуфта мешавад, ки ин ҷудоӣ дар заминаи тақсими қудрат ва шеваи худкомаи давлатдории Эрдуғон пеш омадааст.

Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки баъди ошкор шудани навори фасодкории худи Эрдуғон рафтори ояндаи ӯ чигуна хоҳад буд?

Волфганго Пиколӣ, коршиноси умури Туркия дар “Teneo Intelligence” - Хадамоти Машварати рискҳои сиёсӣ мегӯяд, баъди ҳуҷуми мустақим ба шахсияти Эрдуғон ӯ акнун шабакаҳои ҳаракати Гуленро дар Туркия саркӯб мекунад: ”Ба бовари ман, пешнависи ин гуна қонун бисёр зуд тасвиб мешавад. Ҳатто зудтар аз санадҳое ки қабл аз фош шудани навори рӯзи душанбе тасвиб мешуданд.”

Дар ҳоле ки буҳрони сиёсӣ чун лӯлаи барфи ғелон рӯз то рӯз бузургтар мешавад, баробар ба ин чанд нигароние дар замири туркҳо низ бузургтар мешавад. Шаҳрвандони Туркия аз вуҷуди фасод дар кишвар, маҳдуд шудани мустақилияти сохторҳои давлатӣ ва шеваи худкомаи давлатдории Эрдуғон нигаронанд. Моҷарои фасодкорӣ дар Туркия моҳи декабр дар ҳоле шурӯъ шуд, ки додситонии ин кишвар қазияи миллионҳо долларро, ки гуфта мешуд, ба фирори Теҳрон аз баъзе таҳримоти байналмилалӣ кӯмак кардаанд, оғоз намуд. Дар пайи он моҷаро дастикам 10 узви кобинаи вазирони Эрдуғон ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG