Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон "бозигарони хориҷӣ"-ро муттаҳам кард


Нахуствазири Туркия рӯзи шанбе сафирони хориҷиро ба оғози тафтиши қазияи ришвахорӣ ва боздошти атрофиёни наздики ӯ дар ҳукумат муттаҳам кард ва таҳдид кард, ки онҳоро аз кишвар меронад.

Нахуствазири Туркия дар як суханронӣ гуфт, ин ҳама аз сӯи "бозигаррони дохилӣ ва хориҷӣ алайҳи давлати ӯ шакл гирифтааст."

Дар ин миён рӯзномаҳои тарафдори давлат дар Туркия рӯзи гузашта ангушти иттиҳомро мустақиман ба сӯи сафири Амрико Франсис Риккиардоне равона карданд. Рӯзномаи "Elif Shafak" аксе аз сафири Амрикоро бо сарлавҳаи "Аз ин кишвар бирав" мунташир кардааст. Сафорати Амрико иттиҳомҳо алайҳи худро рад кардааст ва дар баёнияе онҳоро дурӯғи маҳз ва тӯҳмат номидааст. Эрдуғон дастгоҳи қазоии Туркияро низ хитоб қарор дода ва гуфтааст, ки агар дар ҷараёни баррасии ин парванда "таҳти таъсир" қарор бигирад, дар он ҳолат "мо он кореро, ки ба унвони як сиёсатмадор лозим аст, мисли ҳамеша анҷом медиҳем."

Пештар аз ин, мақомоти интизомии Туркия чандин нафар, аз ҷумла писарони ду вазир ва Сулаймон Аслон, мудири иҷроияи “Халқбанк”, як бонки давлатии кишварро дастгир карданд. Ба гузориши расонаҳои туркӣ, дар маҷмӯъ 24 нафар бо иттиҳоми ришвахорӣ ва миёнаравӣ барои ин кор дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, парвандаҳои онҳо ба интиқоли ғайриқонунии пул ба Эрон ва гирифтани ришваҳои бузург аз ширкатҳои сохтмонӣ иртибот мегирад. Дар парвандаи фасоди давлатии Туркия, ки ба боздоштҳои густурда тайи рӯзҳои гузашта анҷомид, Ризо Зарроб, як тоҷири эрониасл, ки шаҳрванди Туркия низ ҳаст, даст дорад. Расонаҳои Туркия аз нақши ӯ дар интиқоли ғайриқонунии ҳудуди 35 миллиард евро аз Эрон ба он кишвар хабар додаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон (аз рост) ва Фатҳуллоҳ Гулан (аз чап)
Раҷаб Таййиб Эрдуғон (аз рост) ва Фатҳуллоҳ Гулан (аз чап)
Гурӯҳе бузурге аз нозирон танишҳои нав ва ҷараёни парвандаҳои фасоди давлатӣ ва молиро ба набарди сиёсӣ миёни Фатҳулло Гулен, аз муттаҳидони пешини Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия медонанд. Бино бар гузоришҳо, оқои Гулен--воизи машҳури Туркия, ки дар табъиди худхоста дар Амрико ба сар мебарад, дар сохторҳои пулис ва дастгоҳи қазоии он кишвар соҳиби нуфуз аст. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ки Фатҳулло Гулен, рӯзи ҷумъа дар суханоне ки дар яке аз вебсайтҳои худ мунташир кард, гуфта буд, "онҳое, ки дуздро намебинад вале дунболи касоне меафтанд, ки дузд мегиранд, онҳое ки қотилро намебинад, вале дигаронро бо андохтани гуноҳ ба гардани афроди бегуноҳ бадном мекунанд.... Худо оташ дар хонаҳояшон андозад". Тайи моҳҳои ахир танишҳо миёни Эрдуғон ва "Хидмат Гулен" -- ҷунбиши вобаста ба ин чеҳраи бонуфуз, боло гирифтааст.

Тайи рӯзҳои гузашта ва бо оғози боздоштҳо дар заминаи парвандаи фасод, гурӯҳе аз афроди пулис низ ихроҷ шудаанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар посух ба боздошти атрофиёнаш дар ҳукумат сардорони чандин раёсати пулис дар шаҳрҳои Анкара ва Истанбулро аз мақомҳояшон барканор кард. Ӯ рӯзи ҷумъа гуфт, ин парвандаҳо ба хотири беобрӯ кардани ҳукумати ӯ дар остонаи интихоботи маҷлисҳои маҳаллист, ки қарор аст, моҳи март сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG