Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ тан аз вазирони кобинаи Туркия истеъфо доданд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия даҳ тан аз вазирони кобинаи худро дигар кард.

Оқои Эрдуғон пас аз дидор бо Абдулло Гул, раиси ҷумҳури он кишвар ва ба даст овардани мувофиқати ӯ, дар як конфронси хабарӣ дар Анқара номҳои даҳ тан аз вазирони нави кобинаи худро эълон кард. Се нафар аз вазироне, ки номашон дар парвандаи фасоди молӣ омада буд, рӯзи чаҳоршанбе истеъфо доданд ва ҳафт вазир ва муовини нахуствазир ба дархости оқои Эрдуғон ва ё ба майли худашон, аз ҳайати давлати канорагирӣ карданд.

Дар кобинаи нав вазирони додгустарӣ, иқтисод, санъат ва фановарӣ, дохилӣ, варзиш ва ҷавонон, шаҳрсозӣ ва муҳити зист, роҳ ва дарёнавардӣ, хонавода ва умури иҷтимоӣ ва вазири умури Иттиҳодияи Аврупо, тағйир карданд. Яке аз муовинони нахуствазири низ аз мақомаш барканор шудааст. Номи вазири умури Иттиҳодияи Аврупо дар гузоришҳои вобаста ба фасоди молӣ оварда шуда буд, аммо вай то эъломи аъзои кобинаи нав, аз мақоми худ истеъфо надода буд.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Туркия рӯзи чаҳоршанбе тайи суханоне аз тариқи шабакаи телевизиони давлатии Туркия ҷанҷоли ахири парвандаи фасоди молиро "дасисае барои зарба ба истиқлол ва пешрафти Туркия" хонд. Нахуствазири Туркия аз расонаҳо ба хотири ин, ки ҷанҷоли фасоди молии ахирро "бузургтарин фасоди молии Туркия" номида буданд, интиқод кард ва гуфт, ки дастҳое дар садади бадном кардан ва суқут додани ҳукумати ҳизби ҳокими Туркия аст.

Эрдуғон дар идома гуфт, ки "хоинон ва ҷосусони даст дар дасти қудратҳои ҷаҳонӣ, алайҳи давлат дасиса карда ва ҷанг алайҳи истиқлоли кишвареро, ки дар ҳоли пешрафт аст, оғоз кардаанд". Туркия тайи даҳаи гузашта (ба истиснои соли 2009) рушди сареъи иқтисодиро дошта, ва бар пояи гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аз соли 2002 то кунун се баробар афзоиш ёфтааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ дар суханони худ ба муваффақиятҳои иқтисодии Туркия ишора карда ва гуфт, "набояд фаромӯш кард, ки ин дасисаҳо алайҳи Туркияи рӯ ба пешрафт аст". Вай гуфт, ки дар ҷараёни фасоди молӣ ва боздоштҳои ахир, бархе ин гурӯҳи боздоштшударо ба унвони "тамоми ҳукумат" муаррифӣ карданд.
XS
SM
MD
LG