Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои дохилии Туркия писари худро ба ҳабс гирифт


Ризо Зарроб, тоҷири боздоштшудаи эронӣ дар Туркия.

Ризо Зарроб, тоҷири боздоштшудаи эронӣ дар Туркия.

Мақомоти Туркия як тоҷири эронӣ ва даҳҳо тани дигарро ба иттиҳомӣ пулшӯи ба миқдорӣ 87 миллиард евро, боздошт кардаанд.

Расонаҳои Туркия аз боздошти Ризо Зарроб, тоҷири 29-солаи эронӣ ва даҳҳо тани дигар ба иттиҳоми пулшӯиии 87 миллиард евроӣ ва интиқоли ғайриқонунии ҳудуди 25 миллиард евро пул аз Эрон ба Туркия хабар додаанд, ки дар миёни боздоштшудагон шуморе аз фарзандони аъзои давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раҳбарони бонкҳои Туркия низ ҳузур доранд. Ин гузоришҳо ҳамчунин аз нақши бонки Занҷонӣ, миллиардери ҷанҷолии эронӣ дар интиқоли ғайриқонунии 1.5 тонна тилло ба дохили Эрон ва иртиботи ширкати вобаста ба ӯ бо ширкатҳои Ризо Зарроб сухан мегӯянд.

Ба гузориши радио ва телевизиони давлатии Туркия, пулиси он кишвар то кунун 52 нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар парвандаи пулшӯии 87 миллиард евроӣ боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо Алӣ Оқо Уғлу, аз тоҷирони маъруфи Туркия, ва Сулаймон Арсалон, раиси "Ҳолик Бонк"-и Туркия, ва фарзандони се вазири турк низ вуҷуд доранд. "Ҳолик Бонк"-и Туркия то авоили соли ҷорӣ ба таври қонунӣ масъули нақлу интиқоли молии 55 дарсад аз пули нафти содиротии Эрон ба Ҳинд буд. Мавзӯе ки бо таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон дар моҳи феврал мутаваққиф шуд.

Писарони Зафар Чоғлоён, вазири иқтисод, Маъмар Гулар, вазири умури дохилии Туркия ва Урдуғон Байракдар, вазири шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Туркия низ акнун дар боздошт ҳастанд. Амалиёти боздошти ин афрод аз рӯзи сешанбеи 26-уми декабр оғоз шуд ва боздошти афроди дигар идома дорад. TRT рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр гузориш дод, ки 12 мақоми аршади пулиси Туркия дар робита бо парвандаи фасоди молӣ ва пулшӯии ёдшуда, ҳамчунин дарёфти ришва аз ширкатҳои таҳти моликияти Ризо Зарроб аз кор барканор шуда ва таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин замина рӯзномаи "Todays Zaman" наздик ба ҷиноҳи ҳокими Туркия гузориш додааст, ки се ширкат дар Туркия, ки таҳти моликияти Ризо Зарроб ҳастанд, тайи солҳои 2009 то 2012 ҳудуди 87 миллиард евро нақлу интиқолоти ғайриқонунӣ аз кишварҳои мухталиф анҷом додаанд, ки 40 дарсади ин маблағ пуле аст, ки ба сурати ғайриқонунӣ ва бо ҳамкории Бонки миллии Эрон аз кишвар хориҷ кардаанд. Ҳанӯз мақомоти Эрон ба хориҷ шудани ғайриқонунии ҳудуди 35 миллиард евро аз кишвар вокуниш нишон надодаанд. Бар асоси ин гузориш, оқои Зарроб ҳамчунин бо пардохти ришва ба фарзандони мақомоти баландпояи Туркия, чандин шахси хориҷиро шаҳрванди Туркия кардааст. Худи вай низ шаҳрвандии Туркияро дарёфт кардааст.

Баррасии парвандаи фасоди молӣ ва пулшӯии оқои Зарроб замоне шурӯъ шуд, ки чандин расонаи Русия дар декабри соли 2012 аз боздошти чаҳор нафар, шомили се шаҳрванди ҷумҳурии Озарбойҷон ва як шаҳрванди Эрон дар гумрук хабар доданд. Ин афрод дар ҷомадонҳои худ 18, 5 миллион евро пули нақдро ба таври ғайриқонунӣ вориди фурудгоҳи "Внуково"-и Русия карда буданд.

Бар асоси гузориши рӯзномаи "Todays Zaman", мақомоти Русия дар замони гузориши боздошт, ин афродро ба Туркия таҳвил дода ва маълум шуда буд, ки ин маблағ ба ҳамроҳи маблағҳои дигаре ба арзиши 50 миллион евро, ки қаблан ба таври ғайриқонунӣ тавассути ин тим ба Русия мунтақил шуда, мутааллиқ ба ширкате буда, ки таҳти моликияти оқои Зарроб аст.

Дар миёни боздоштшудагони ду рӯзи гузашта, раиси гумруки "Садрак"-и Ҷумҳурии худмухтори Нахчивон-- танҳо марзи муштараки Нахчивон ва Туркия низ вуҷуд дорад. Матбуоти ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам рӯзи сешанбе навореро аз боздошти вай ба ҳамроҳии чанд тани дигар мунташир кард.

ВУРУДИ БОНКИ ЗАНҶОНӢ БА МОҶАРО

Аммо рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия дар гузориши рӯзи чаҳоршанбеи худ паҳлӯҳои тозае аз пулшӯии 87 миллиард евроии ширкатҳои Ризо Зарроб мунташир кард. Аз ҷумла, иртиботи ширкатҳои вай бо ширкати таҳти моликияти Бобак Занҷонӣ тоҷири эронӣ. Ин рӯзнома менависад, ки январи соли 2013 дар фурудгоҳи "Отатурк"-и ин кишвар 1,5 тонна тилло дар ҳавопаймо кашф шуд, ки аз се ду ҳисаи ин бастаҳо қарор будааст, ки ба ширкати Бобак Занҷонӣ таҳвил дода шавад. "Ҳуррият" мегӯяд, ин бастаҳо бидуни ҳеҷ санаде ва бо пардохти 1,5 миллион доллар ришва ба бархе афроди сиёсӣ дар Туркия, 18-уми январ роҳии Дубай шуд.

Аммо гузориши "Ҳуррият" дар бораи интиқоли ғайриқонунии ин ҳаҷм аз тилло ба Эрон дар ҳоле аст, ки соли гузашта ахбори ғайрирасмӣ аз афзоиши чашмгири воридоти тилои Туркия ба Эрон ҳикоят дошт. Дар ин гузориш омада буд, ки аз онҷо, ки Эрон ба хотири таҳримҳои байналмилалӣ имкони дастрасӣ ба низоми бонкии ҷаҳонро надорад, Туркия баҳои нафт ва гази содиротии онро бо тилло мепардозад. Дар айни ҳол содироти 60 дарсади тилло аз Туркия ба Эрон дар тӯли се моҳ низ ба ин овозаҳо доман мезанад, аммо дар ниҳоят мақомоти Туркия иртиботи ин моҷаро бо таҳримҳоро бо таҳримҳои Эронро радд кард.

ВОКУНИШИ МАНФИИ ЭРДУҒОН БА БОЗДОШТҲО

Дар ҳамин ҳол боздошти фарзандони аъзои давлати Туркия ва бархе аз аъзои ҳизби ҳокими Туркия, вокуниши манфии Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири ин кишварро низ дар пай доштааст. Бар асоси гузориши расонаҳои Туркия, оқои Эрдуғон ин рухдодро "амалиёти касиф" алайҳи давлати худ хондааст. Вай дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар ҳоле, ки давлати ӯ талош мекунад, "Туркияро яке аз 10 кишвар бартари ҷаҳон бисозад, бархе дар сададанд ин рушди сареъро мутаваққиф кунанд."

Нахуствазири Туркият дар ниҳоят таъкид кард, ки бархе нерӯҳои хориҷӣ ва дохилӣ пушти ин фасоди бузург қарор доранд ва давлат ҳам баррасиҳои парвандаи ёдшударо то охир идома хоҳад дод. Дар миёни боздоштшудаҳо, Мустафо Дамир, шаҳрдори минтақаи "Фотеҳ"-Истанбул ва узви ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеа, ва Сулаймон Арсалон, раиси "Ҳолик Бонк" низ ба чашм мехӯранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG