Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории садҳо пулис дар Туркия ба Эрдуғон чӣ медиҳад?


Барканории садҳо афсари баландпояи пулис дар саросари Туркияро бисёриҳо як навъ интиқоми давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз парвандаи фасод маънидод мекунанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, зоҳиран алайҳи нирӯҳои пулис ҷанг эълон кардааст. Ҳафтаҳои ахир маъмурияти Эрдуғон бо роҳандозии як поккории умда дар суфуфи пулис ва адлия садҳо додситону муфаттишро аз мақомҳои бонуфуз берун ва ба вазифаҳои дигар таъин кард.

Поккориҳои фарогир, ба думболи рӯ задани қазияи пурсарусадои фасодкорӣ дар ин кишвар шурӯъ шуд, ки Эрдуғон онро талоши беобрӯ кардани ҳукуматаш унвон кардааст. Аммо тасмимҳои худи Эрдуғон дар заминаи дур кардани мақомҳои бонуфузи пулис ва адлия ҳамун талоши хокпӯш кардани қазияи фасод, ки шарикони нахуствазир дар он даст доранд, маънидод мешавад. Бо ин ҳол мунтақидони оқои Эрдуғон мегӯянд, ки ӯ баъди 11 соли раҳбарӣ беш аз пеш худкома шудааст.

Аммо танқиди амалҳои Эдруғон дар ҷомеъа хоксорона буда, гумон аст, ки ӯро аз идомаи поккориҳо боздорад, ҳатто агар ин ба зарари баъзе сохторҳои демократӣ дар Туркия анҷом шавад.

Ин поккорӣ рӯзи сешанбеи 7- уми январ ба андозае расид, ки нахуствазир якбора 350 афсари пулисро дар Анкара аз мақом сабукдӯш кард. Ба навиштаи матбуоти маҳаллӣ, раҳбари бахши мубориза бо ҷиноятҳои молӣ, бахши мубориза бо қочоқ ва бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта шомил дар сафи рондашудаҳо буданд. Аксари онҳоро барои кор ба бахши пулиси нақлиёт ва идораҳои пулис дар беруни пойтахт фиристоданд. Рӯзи 8 январ вазорати дохилии Туркия дар як шаб 15 раҳбари пулиси вилоятӣ, бо шумули раисони пулиси Анкара, Измир ва Диёрбоқирро барканор кард. Даҳҳо мақомоти пулис додгоҳ бо шумули раиси пулиси Истамбул баъди ҷанҷоли фасод бо ширкати фарзандони вазирҳо ва бонкирҳо ба маҳаллаҳои дигар “бадарға” шуданд.

Фатҳуллоҳ Гулен
Фатҳуллоҳ Гулен
Раҷаб Таййиб Эрдуғон поккорӣ дар ниҳодҳои ҳифзи тартиботро барои, ба гуфтаи ӯ, ҳифзи Туркия ва хотима додан ба вазъи "давлат дар дохили давлат" зарур шумурдааст. Ӯ гуфтааст, ки ин ҳолатро пайравони рӯҳонии шинохта Фатҳуллоҳ Гулен эҷод кардаанд. Фатҳуллоҳ Гулен дар Амрико ба сар мебарад ва раҳбари хадамоти байналмилалии “Хизмат”аст, ки дар бахшҳои маориф ва хайрия дар Туркия ва кишварҳои дигар фаъолият мекунад. Гулен ин иттиҳомро, ки пайравони ӯ дар таҳқиқи фасодкории ахир даст доранд, рад мекунад.

Пайравони Фатҳулло Гулен аз шарикони ҳизби исломии Эрдуғон буданд ва дар пирӯзии ин ҳизб дар интихоботи соли 2003 ва ду интихоботи баъдӣ саҳм доштанд.

Бо онки бозҷӯӣ асосан бар зидди шарикони Эрдуғон буд ва далелҳоеро аз интиқоли миллионҳо доллар ба Эрони таҳти таҳримот рӯи об баровард, сӯҳбатҳои Эрдуғон аз вуҷуди тавтеъа ва фитна алайҳи ҳукуматаш тавонистаанд ба бозҷӯии қазияи фасодкорӣ соя афкананд.

Ду моҳ боз дар Туркия парвандаи пурсарусадое матраҳ аст, ки дар он мансабдорони баландпоя ва фарзандони чанд вазири давлати Эрдуғон ба ришвахорӣ ва ситондани миллионҳо доллар дар баҳои ироаи қарордодҳои давлатӣ айбдор мешаванд. Ин моҷаро мунҷар ба истеъфои 10 вазири давлати Туркия шуд. Вале Эрдуғон ин парвандаро як тавтиъа алайҳаи давлати худ номид.

Фодӣ Ҳакура, таҳлилгари “Chatham House”- и Лондон мегӯяд, як сабаби то ҳол ба ҳадаф расидани Эрдуғон ин аст, ки ҷомеъаи Туркия ба сӯҳбатҳо аз тавтеъа бовар мекунад: “Ба таври куллӣ ҷомеъаи Туркия ба тавтеъа ва гурӯҳҳои сиёҳкор бовар дорад. Ҷомеъаи Туркия хеле муҳофизакор аст. Онҳо ботаҳаммул буда, ба мақомот эҳтиром доранд. Ҳамзамон онҳо дар гузариш аз тафаккури зеҳнии деҳотӣ ба тафаккури шаҳрӣ муваффақ набуданд. Ин ба сурати умум тавзеҳест, ки чаро туркҳо ба фитнаву тавтеъа бештар аз шарҳҳои заминӣ эътимод доранд.”

Сабаби дигар маъруфияти нахуствазир дар заминаи нишондодҳои иқтисодӣ аст ва мардум пешрафти иқтисодро ба номи ҳукумати Эрдуғон рабт медиҳанд.

Аммо бо ин ҳам, суоли аслӣ ин аст, ки қабл аз лабрез шудани таҳаммули интихобкунандаи Туркия дахолати нахуствазир ба умури сохтори адлия то кадом андоза жарф хоҳад рафт?

Ӯ то ҳол бо мавзеъи нармаш нисбат ба мунтақидон фарқ мекард ва ахиран ба мухолифини ашаддии дунявигарояш низ дасти оштӣ дароз кард. Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи якшанбеи гузашта гуфт, ки шояд дар мурофиъахои парвандаҳои қасди табадуллотҳои давлатии 10 соли охир баъзе низомиҳову мулкиҳо иштибоҳан зиндонӣ шудаанд. Эрдуғон аз касе ном набуд, аммо ишорааш ба он буд, ки масъулияти ин иштибоҳҳоро пайравони Гулен дар вазорати адлия ба дӯш доранд.

Зоҳиран дасти оштии Эрдуғон аз ҷониби дунявиҳо хуб истиқбол мешавад, ҳарчанд иттиҳоми “давлат дар дохили давлат”-ро, ки ҳоло Эрдуғон алайҳи пайравони Фатҳуллоҳ Гулен ба забон меорад, дар вақташ ӯ алайҳи онҳо низ истифода мебурд.
XS
SM
MD
LG