Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси сулҳи Украина. 11 феврал дар Минск


Меркел ва Ҳолланд дар меҳмонии Путин дар Маскав, 6 феврал

Меркел ва Ҳолланд дар меҳмонии Путин дар Маскав, 6 феврал

Раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд..

Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони шарқи Украина рӯзи 8 феврал идома ёфтанд.

Сухангӯи ҳукумати Олмон мегӯяд, ки раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд. ​Стеффен Шайберт - сухангӯи садри аъзами Олмон гуфт, ки чаҳор раҳбар тадбирҳои ояндаро дар бораи нақшаҳои сулҳи Украина дар ин сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ баррасӣ намудаанд.

Руасои ҷумҳуриҳои Украина ва Русия Петро Порошенко ва Владимир Путин аз тариқи телефон бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел сӯҳбат карданд. Меркел ва Ҳолланд рӯзҳои 5-6 феврал бо як тарҳи нави сулҳ дар шарқи Украина ба Киев ва Маскав сафар карда буданд.

Ҷангҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳански Украина аз апрели соли 2014 ба ин тараф мунҷар ба ҳалокати беш аз 5350 нафар шудааст. Авҷи ахири хушунатҳо дар ин минтақа боис шуд, ки Амрико масъалаи таъмини Украина бо силоҳро ба баррасӣ бигирад.

Аммо ин иқдом ба мухолифати бархе раҳбарони Аврупо дучор шудааст. Ангела Меркел рӯзи 7 феврал дар анҷумани амниятии Мюнхен гуфт, ирсоли аслиҳа ба Киев “ба пешрафте, ки Украина ниёз дорад, нахоҳад овард.”

Ҷо Байден

Ҷо Байден

Аммо Ҷо Байден, ноиби раисиҷумҳури Амрико дар ҳамин анҷумани Мюнхен гуфт, Вошингтон омода аст, Украинаро бо тааслиҳоте, ки барои дифоъ аз худаш лозим аст, таъмин кунад: “Раисиҷумҳур Путин чандин бор ваъдаи сулҳ дод ва тонку нирӯ ва силоҳ фиристод.” Байден афзуд, Русия бояд барои рафтораш масъулият нишон диҳад ва “нафақат дар рӯи қоғазе, ки онҳо имзо кардаанд.”

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, ки низ дар анҷумани амниятии Мюнхен ҳузур дорад, гуфт, дар мавриди эҳтимоли комёб шудани музокироти Меркел, Ҳолланд ва Путин “заминаҳои хубе барои хушбинӣ” вуҷуд дорад. Лавров ҳамчунин “даъватҳои афзоянда дар Ғарб барои таъмини Украина бо силоҳҳои ҷангӣ ва пайвастани он ба НАТО”-ро маҳкум кард.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина дар анҷумани Мюнхен гуфт, Украина барои “оташбаси билофосила ва фарогир” омода аст ва Русия низ бояд ба ин омода бошад. Порошенко дар як паёми пурэҳсосе шумори сарбозон ва мармудми мулкии кушташуда аз оғози низоъ дар шарқи Украинаро барчид ва чанд шиносномаи сурхи сарбозони Русияро нишон дод, ки дар Украина меҷангиданд.

Петро Порошенко

Петро Порошенко

Порошенко хостори пуштибонии сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии дунё аз кишвараш шуд ва гуфт, “мо кишвари мустақилем ва ҳаққи дифоъ аз мардуми худро дорем.” Ӯ худро “президенти сулҳ” номид ва гуфт, Киев танҳо ба силоҳҳои дифоъӣ ниёз дорад.

Раисиҷумҳури Литва Далия Грибаускайте ба анҷумани Мюнхен гуфт, Украина бояд “бо тамоми васоили лозим барои дифоъ, на барои ҳамла, балки барои дифоъ аз мардум ва қаламраваш” таъмин карда шавад.

Бо ин ҳол, даргириҳо дар шарқи Украина идома дорад. Сухангӯи Шӯрои амнияти Украина Володимир Полёвий рӯзи 7 феврал гуфт, тайи як рӯзи охир дар ин набардҳо 5 сарбози украинӣ кушта ва 26 тан захмӣ шудаанд. Сомонаи шаҳрдории Мариупол – як ҳадафи ҳамлаҳои ахири ҷудоиталабони тарафдори Русия – хабар дод, ки бар асари мушакборони рустои Гнутово дар канораҳои ин шаҳри бандарӣ як мард кушта шудааст. Шаҳрдории Мариупол масъулияти ин мушакборонро бар дӯши ҷудоиталабон бор кардааст.

Тақрибан нисфи аҳолии вилоятҳои Луҳанск ва Донетскро русзабонҳо ташкил медиҳанд. Онҳо дар моҳи апрели соли 2014, бо илҳом аз тасарруфи вилояти низ аксаран русзабони Қрими Украина аз сӯи артиши Русия бо талаби истиқлол зидди Киев исён бардоштанд. Дар моҳи май дар ҳарду вилоят ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ташкил шуд.

Ҷудоиталабон дар шарқи Украина

Ҷудоиталабон дар шарқи Украина

Аммо дар Ғарб ва дар Киев мӯътақиданд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар ин ду вилоят ва гӯшаҳои дигари Украинаро Русия ташвиқу таҳрик медиҳад ва бо пулу нирӯву силоҳ таъмин мекунад. Маскав даст доштанаш дар ин низоъро ҳамеша рад кардааст, вале Амрикову Аврупо ва муттаҳидинаш бо талаби қатъи дахолатҳои Русия дар бӯҳрони Украина алайҳи Маскав аллакай 4 баста таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5 феврал ҷиҳати ҷорӣ кардани таҳримоти боз ҳам бештар алайҳи Русия тавофуқ кард ва гуфт, агар маъмурияти сулҳи Меркел ва Ҳолланд натиҷа надиҳанд, ин таҳримот дар ҷаласаи рӯзи 9 феврали вазирони хориҷаи ин созмон ба ҳукми иҷро дароварда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG