Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки тобистон набардҳо дар шарқи Украина шадидтар мешаванд. Киев бо вуҷуди таҳдиди Маскав барои даохлаот ба низоъ аз ҳоло ба ин набардҳо омодагӣ мегирад

Дар Украина рӯзи 20 январ қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандон шурӯъ шуд. Фармони раисиҷумҳур Петро Порошенко дар ин бора расонаи расмии парлумон «Голос Украины» нашр шуд ва ба ҳукми қонун даромад.

Бар пояи фармони сарвари давлат, сафарбарсозӣ дар се марҳала 210 рӯз дар қаламрави 24 вилоят ва шаҳри Киев идома хоҳад кард. Қарор аст, ки дар марҳалаи аввал мардони аз 20 то 27 сола барои хизмат дар артиш ҷалб шаванд. Соли равон, бар пояи амри раисиҷумҳур, тақрибан 100 ҳазор нафар ба хизмати сарбозӣ сафарбар мешаванд.

Далели қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандон – «таҳдид ба якпорчагии Украина бар асари амалҳои таҷовузкоронаи Федератсияи Русия» эълон шудааст.

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон дар шарқи Украина охирҳои ҳафтаи гузашта шадидтар шуданд ва то ба канори шаҳри Донетск расиданд. Антон Герашенко, мушовири вазири умури дохилии Украина, рӯзи 20 январ, хабар дод, ки дар Донбасс бар асари даргириҳо бо низомиёни украинӣ дар як ҳафтаи ахир тақрибан 300 тан аз ҷудоихоҳони рустабор кушта шуданд. Ба гуфтаи ӯ, бештари низомиёни нерӯҳои “Ҷумҳурии мардумии Донетск” аз оташи тӯпхона дар фурудгоҳи Донетск, шаҳрҳои Горловка, Комсомолский ва Волноваха ба ҳалокат расидаанд.

Ҷудоихоҳон, дар навбати худ, аз талафоти зиёд миёни низомиёни украинӣ хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар изҳороте дар сомонаи интернетияш аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бар асари набардҳо дар Донетск ва атрофи он сокинони осоишта кушта мешаванд, кормандони Салиби Сурх бошанд, имкони ба мардум расонидани ёрии башариро надоранд. Раҳбари ҳайати Салиби Сурх дар Украина Мишел Массон аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки аз ҳамла ба мардуми осоишта худдорӣ кунанд ва ба қавонини башарӣ арҷ гузоранд.

Павел Фелгенгауэр

Павел Фелгенгауэр

Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари масоили низомии рус, мегӯяд, ки баъд аз моҳи сентябри соли гузашта хатти ҷабҳа тақрибан бетағйир боқӣ мондааст, вале ҳаводиси рӯзҳои ахир баёнгари торафт ҷиддитарин шудани авзоъ дар минтақа мебошад. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз шикасти оташбаси ба думболи созиши Минск ҳосилшуда, ба оташбаси қавӣ расидани ҷонибҳо мушкил хоҳад буд.

Павел Фелгунгауэр ҳадс зад, ки “эҳтимоли ҷанги густурда дар Донбасс бо наздикшавии тобистон боло меравад. Аслан эҳтимоли ин гуна ҷанг ҳоло ҳам мавҷуд аст, аммо вазъият чандон мувофиқ нест. Бигирем, истифода аз бартарии ҳавопаймоҳо мушкил аст, зеро рӯзҳо кӯтоҳанд ва боду ҳаво низ ҳамеша мусоид намемонад". Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар Маскав умедворанд, ки режими Киев бар асари шикасти молияву бӯҳрони иқтисодӣ ва бенизомиҳои иҷтимоӣ худ фурӯ мерезад ва имкони тағйири ҳукумати русгаро дар Украина фароҳам мешавад. "Аммо агар вазъ ба дигар самт тағйир хӯрад, пас вазъиятро таҳрик додан мегиранд, чӣ гунае, ки онро дар фурудгоҳи Донетск таҳрик доданд. Ва ин таҳрикдиҳӣ афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ ҳоло ягон варианти оташбаси қавӣ ба чашм намерасад”, мутмаин аст таҳлилгари рус.

Дар ҳамин ҳол Павел Фелгунгауэр мунҷамид шудани ин низоъ мисли низои Қарабоғи Кӯҳӣ ё Абхозистону Осетиям Ҷанубиро ғайримумкин мехонад аст, зеро "Донбасс минтақаи саноатиест, ки онҷо теъдоди бузурги мардум ба сар мебаранд. Ва онҳоро наметавон чун дар Абхозистон аз ҳисоби чӯбу тахта ё чормағзу мандаринҳо хӯронду пӯшонд. Ба вижа, ки Донбасс ҳоло ба ду пора тақсим шуда, шабеҳи телевизори аз байн ду пора шудааст, яъне, пироги ду порашуда боз ҳам пирог боқӣ мемонад, вале телевизори дупорашуда - на. Дар Донбасс бандар ё кони ангишт дар дасти як гурӯҳ аст ва, бигирем, корхонаи оҳангудозӣ таҳти назорати гурӯҳи дигар. Дар ҳамин ҳол Русия ҳам бар асари бӯҳрони иқтисодӣ имкони таъмини ин минтақаи сернуфусро надорад. Ба ин хотир, имкони ба таври тулонӣ мунҷамид сохтани низоъ мавҷуд нест".

Мусоҳиби мо мегӯяд, ки ҳоло дар минтақа дасисаҳову ба думболи он оромии нисбӣ ва сипас идомаи даргириҳо пайи ҳам хоҳанд омад, яъне, раванде ба чашм мерасад, ки вазъият торафт нооромтар мешавад ва эҳтимоли ҷанги густурда бо ҳарчӣ наздиктар омадани тобистон бештар хоҳад шуд. Аз нигоҳи ӯ, сафарбарсозӣ ба артиш ба гунае баёнгари омодагиҳои Киев ба рӯёрӯиҳои шадид дар Донбасс аст.

XS
SM
MD
LG