Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон ва Фаронса сулҳи Украинаро тарҳи нав мезананд


Нахуствазири Олмон Ангела Меркел (аз чап), раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд дар дидори 5-уми феврал

Нахуствазири Олмон Ангела Меркел (аз чап), раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд дар дидори 5-уми феврал

Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд имрӯз, 6-уми феврал тарҳи нави сулҳи Украинро ба президенти Русия, Владимир Путин пешниҳод хоҳанд кард.

Маскав гуфтааст, умедвор аст, ки гуфтушунид бо Ангела Меркел ва Франсуа Олланд ”созанда” хоҳад буд.

Пеш аз ин, рӯзи 5-уми феврал ду раҳбар дар Киев тарҳи мазкурро бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко баррасӣ карданд.

То ҳоло ҳеч гуна ҷузъиёти нақшаи нави сулҳи Украина ошкор нагаштааст ва Порошенко баъд аз дидор бо Меркел ва Олланд гуфт, ин тарҳ ба “оташбас дар шарқи Украина умедвор мекунад”. Дар минтақае, ки ҷанг байни ҷудохоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлати украин идома дошта, аз оғози ин низоъ дар моҳи апрели соли 2014 то ҳоло ҷони 5350 нафарро рабудааст.

Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк гуфт, Киев ҳеч гуна тарҳи сулҳеро қабул нахоҳад дошт, ки якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии Украинаро зери суол мебарад.

Ятсенюк ин нуктаро баъд аз дидораш бо вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керрӣ дар пойтахти Украина рӯзи 5-уми феврал баён дошт. Ин дар ҳоле буд, ки Керрӣ мегуфт, Иёлоти Муттаҳида аз Киев пуштибонӣ хоҳад кард. Пас аз музокирот бо Порошенко Керрӣ гуфт, Вашингтон аз дипломатия ҳимоят мекунад, вале ба тонкҳо ва нерӯҳои Русия, ки вориди марзи Украина мешаванд, “аз паси панҷа нигоҳ нахоҳад кард.”

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ба зудӣ дар мавриди таъмини Украина бо таслиҳоти марговари ҷангӣ тасмимгирӣ хоҳад кард.

Маскав гуфтааст, ирсоли аслиҳаи амрикоиро ба Украина ба унвони таҳдид баррасӣ хоҳад кард.

Дар Вашингтон сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн гуфт, агар Обама ҳамоно таъхир кунад, қонунгузорони Иёлоти Муттаҳида тарҳеро таҳия мекунанд, ки ба фиристодани силоҳи амрикоӣ ба Украина иҷоза хоҳад дод.

Дар Маскав мушвоири Путин Юрий Ушаков гуфт, Русия барои “гуфтугӯи созанда омода аст”, то муколамаи байни ҳукумати Украина ва шӯришгарон ва эҳёи равобити иқтисодии байни Украинаи Шарқӣ ва Киевро заминагузорӣ кунад. Вай афзуд, Кремл интизори инро дорад, ки Меркел ва Олланд пешниҳодҳои сулҳи Путинро низ ба ҳисоб гирифтаанд.

Керрӣ гуфт, вазирони умури хориҷии Фаронса ва Олмон аз пешниҳодҳои Русия Вашингтонро дар ҷараён гузоштаанд, аммо ҷузъиёт надод. Вай ба Украина кӯмаки башардӯстонаи баробар ба 16,4 миллион долларро овард ва ин дар ҳолест, ки ҳукумати Обама масъалаи фиристодани силоҳро барои имдод ба ҷанги Киев бо ҷудоихоҳони шадидан мусаллаҳ баррасӣ мекунад.

Олмон ва давлатҳои дигари Аврупо ба фиристодани аслиҳа барои Украина ҷиддан мухолифанд. Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки аз ташаббуси Фаронса ва Олмон барои сулҳи Украина пуштибонӣ мекунад, мегӯяд, “бӯҳрони Украина бо роҳи ҳарбӣ ҳал намешавад.”

Фармондеҳи баландпояи НАТО, генерали нерӯҳои ҳавоӣ Филип Бредлав рӯзи 5-уми фервал гуфт, Русия ҷудоихоҳонро ҳамаҷноиба бо силоҳ, аз ҷумла охирин аслиҳаи зиддиҳавоӣ ва ҳавопаймоҳо таъмин мекунад. Русия ин иттиҳомро рад намуда, мегӯяд, дар ин низоъ ҳеч гуна нақше надорад.

Бредлав ҳамчнуин ҳушдор дод, ки ҳама гуна талоши таъмини Украина бо силоҳи марговар “метавонад вокуниши Русияро шиддати бештар бахшад.”

Дар шарқи Украина ҷангҳо ба деҳаи Дебалтсеве ва роҳи муҳими байни Донестк ва Луҳанск, ду пойгоҳи асосии ҷудоихоҳон кӯчидаанд. Рӯзи 5-уми феврал, зоҳиран, ҷудоихоҳон Вулҳериск, шаҳракеро дар ин ҷо ишғол намуданд. Артиши Украина мегӯяд, барои ин шаҳрак дар ҳоли ҷанг аст, вале ба гуфтаи журналистон ҷудоихоҳон дар он ҳоким шудаанд.

Дар ин байн зимни бӯҳрон дар шарқ иқтисоди Украина рӯ ба касодӣ дорад. Пули миллии он ҳривна рӯзи 5-уми январ дар муқобили доллар 46 дарсади қурбашро бохт. Ҳукумат маҷбур шуд, баҳраи даромадро 5,5 дарсад боло бурда ба 19,5 расонад. Ин амал фишор ба ҳривнаро камтар кард. Бино бар гуфтаи Порошенко, Украина барои ҳар рӯзи ҷанг бо ҷудоихоҳон 8 миллион доллар сарф мекунад.

XS
SM
MD
LG