Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Дебалтсево ба се рӯзи оромӣ ниёз дорад


Ивитса Дачич
Ивитса Дачич

Раиси даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), вазири умури хориҷии Сербия Ивитса Дачич ба зарурати оташбас дар шаҳри Дебалтсево, воқеъ дар шарқи Украина, ба хотири интиқоли сокинони осоишта ба минтақаи амн, таъкид кард. Дар изҳороти ӯ, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, аз ҷонибҳои даргир даъват шудааст, то ҳадди аққал барои се рӯз дар Дебалтсево ва гирду атрофи он оташбас эълон кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин мӯҳлат барои аз минтақаи даргириҳо берун кардани мардуми осоишта ва эҳёи машваратҳо оид ба созиши оташбаси тулонӣ зарур аст.

Даргириҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор дар Дебалтсево тақрибан ду ҳафта боз идома доранд. Айни ҳол ҷудоихоҳон аз ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск атрофи шаҳрро таҳти назорат доранд.

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал вазъияти Дебалтсеворо «фоҷиабор» номид. Мушвири аршади Amnesty International оид ба вокуниш ба бӯҳронҳо Ҷоан Маринер рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки сокинони шаҳр сахт тарсида, дар таҳхонаҳо панаҳ бурдаанд, онҳо аз камбуди оби пок, маводи озуқа, дорувор ва барқ азият мекашанд. Ба гуфтаи хонум Маринер, дар машаққати мардуми осоишта ҳарду ҷониби низоъ гунаҳкоранд.

XS
SM
MD
LG