Пайвандҳои дастрасӣ

Тадбирҳои НАТО бар зидди таҳдидҳои Русия


Ҷенз Столтенберг

Ҷенз Столтенберг

Ҷенз Столтенберг-Дабири кулии Паймони НАТО мегӯяд, тадбирҳо барои афзоиши ҳузузри ин паймон дар шарқ ҷавоби “муҳофизатӣ” ба “фаъолиятҳои таҳоҷумӣ”-и Русия аст. Столтенберг аз Маскав хостааст, ки “бо истифода аз нуфузи худ” дар шарқи Украина ба ҷудоихоҳон фишор орад, ки онҳо оташбаси моҳи сентябри Минскро риоят кунанд.

Столтенберг ин нуктаро пеш аз оғози мулоқоти 5 феврали Бруссел изҳор дошт. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот вазирони дифои кишварҳои узви НАТО масъалаи эҷоди шабакаи марказҳои хурди фармондеҳиро баррасӣ кунанд. Ин марказҳо бояд дар лаҳзаҳои зарурӣ дар сурати таҳдид аз ҷониби Русия сафороии нируҳоро тағир диҳанд, нируҳои вокуниши сареъро сафарбар кунанд ва дар шарқи Полша дар сатҳи лашкар як ситод ташкил диҳанд.

Вай гуфт, ин тадбирҳо посухе ба Русия аст, ки “қонунҳои байналмиллалӣ”-ро вайрон мекунад, аз ҷумла Қримро аз Украина ҷудо кардааст.

Столтенберг гуфтааст, ки ҳамаи ҳамкориҳо бо Русия боздошта шудааст ва рӯзҳои 7-8 феврал бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар конфронси амниятии Мюнхен мулоқот ба нақша гирифта шудааст ва он як навъи ҳифзи “роҳи гуфтугӯ” ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG