Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олга Иванова дигар гӯшт харида наметавонад


Бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия нархи баъзе намуди ғизоро барои як бахши аҳолии ин кишвар дастнорас кардааст. Чунин вазъ аз ғарби Русия то Шарқи Дури ин кишвар ба мушоҳида мерасад.

Юлия Колиханова, омӯзгоре аз Санкт-Петербург сохтани нақшаҳо барои оянда ва ҷамъ кардани маблағро барои иҷрои ин нақшаҳо дӯст медошт. Фаразан барои ташкили ягон зиёфат ё сафаре барои истироҳат дар давраи таътили тобистона.

Акнун, дар ҳоле ки иқтисод рӯ ба фурӯпошӣ дорад ва нархи ғизо ба осмон парвоз мекунад, вай мегӯяд, ҳар рӯз машғули ҳисобу китоби ин аст, ки чӣ тавр сарфаҷӯӣ кунад.

“Болоравии нархи хӯрок ба оилаи мо зарбаи сахт зад,”-гуфт ӯ ва афзуд, “албатта, мо харидани чизҳои гаронбаҳоро бас кардем, монанди шириниҳо, моҳии хушк, зайтун. Ҳатто боқилаҷон, ки ҳамеша хӯроки одамони камбағал буд, қимат аст. Як килояш як рубл буд, ҳоло 40 рубл аст.”

Вале хонуми Колиханова, мегӯяд, нахаридани шоколад ё панир ҳанӯз “дарди бахайр” аст. “Муҳимтарин қурбонӣ ин аст, ки мо дигар ҳисси субот надорем. Ба ғайр аз ин, ҳар моҳ маблағеро пасандоз мекардем. Ҳоло ман чизе барои оянда надорам. Аз ҳоло медонам, ки кӯдакамро барои истироҳати тобистона ба ҳеч куҷо фиристода наметавонам.”

РӮ БА НОНИ СИЁҲ, ГӮШТ – ФАРОМӮШ

Пас аз чанд ҳафтаи таҳримҳои Ғарб зимни сиёсати Русия дар Украина, мардуми Русия ҷунбиши нархро ҳис карданд. Баъдаш, моҳи августи соли 2014 президент Владимир Путин дар посух ба ин таҳримҳо воридоти молу маводи ғарбиро ба кишвар манъ кард.

Харидорон, ки ба йогурти финлондӣ, панири итолиёӣ, себҳои Фаронса одат доштанд, маҷбур ба он буданд, ки рӯ ба моли дохилӣ оранд. Талаботи афзоянда ба моли бе ин ҳам камёб сабаби боло рафтани нарх гашт.

Ин вақт буд, ки нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ фурӯ рафт ва қурби долларро поин бурд. Вазъ ба гунае шуд, ки яке аз сиёсатмадорони рус гуфт, дар тӯли таърих мо борҳо қаҳтию сардиро паси сар кардаем ва ба шаҳрвандон машварат дод, “каме камтар хӯранд.”

Воҳимаи нарху наво мақомоти федеролро водор кард, дар ҷустуҷӯи “бузи қурбонӣ” дар даҳҳо фурӯшгоҳу супермаркет тафтишҳои давомдор баргузор кунанд. Натиҷаҳои тафтиш ночиз ва бефоида буданд. Дар Санкт-Петербург ҳайате иборат аз бозрасони додситонӣ ва хадамоти зиддиинҳисорӣ ба хулосае омад, ки нархҳо ҳамагӣ 21 дарсад боло рафтаанд, аммо шаҳрвандон мегӯянд, ҷаҳиш ба маротиб баландтар аст.

Дар Самара, ҷануби Русия, мақомоти маҳаллӣ баъд аз он ки маълум шуд, дар як моҳ нархҳо 30 % боло рафтаанд, фурӯшгоҳҳоро ҷарима

кард. Лек ин фишор аз боло рафтани нарх пешгирӣ накард ва аз он вақт то ҳоло нархи маводи ниёзи аввалия дар Самара 40-50 дарсад ва маводи начандон ҳатмӣ, монанди ангур, барои намуна, 85 % зиёд шуд.

Олга Иванова, сокини Самара, ки моҳе 8500 рубл ё 123 доллар нафақа мегирад, мегӯяд, вай дигар гӯшт харида наметавонад: “Тобистони гузашта ман метавонистам, ҳафтае як бор пойи мурғ харам. Он вақт килои он 80 рубл буд. Ҳоло 170 рубл шудааст ва ман бояд бо нони сиёҳ қаноат кунам.”

Ҳамсояи Иванова, Елена Василева муҳандис аст ва як писари 12-сола дорад. Вай 20 000 рубл ё 290 доллар моҳона мегирад. «Хӯроки мо сода аст,» мегӯяд ӯ, «картошка ва тушонка». «Тушонка» -- консерваи гӯшист.

«Мо ҳар рӯз тушонкаро бо картошка омехта мекунем,» мегӯяд Василева. «Арзонтарин тушонка, яъне 330 грамми он, 50 рубл аст. Ман тирамоҳ аз бозор як халтаи 20-килоӣ картошка харидам. Ба ҷои ширинӣ мо мураббои хонагӣ ё банан мехӯрем.»

ИЛОҶЕ КАРДАНУ ЗИСТАН ВА НАМУРДАН

Дар Челябинск, шарқтари Самара, бисёре аз сокинон кӯшиш мекунанд, аз бозори умдафурӯшӣ ғизо харанд, зеро он ҷо нарх поёнтар аст. Вале дар ин ҷо низ ахиран нархи марҷумак ё гречка ду баробар ва бодиринг 480 дарсад бештар шудааст. Дар вилояти Челябинск моҳи январ ба иллати баста шудани чанд корхона 9000 нафар бекор монданд. Ин корхонаҳо барои он баста шуданд, ки қурби рубл поён афтод.

Роза Седихи бознишаста ҳамоно сипосгузор аст, ки 50 кило шакарро моҳи декабр 34-рублӣ ба даст овард. Ҳоло нарх 40 дарсад бештар шудааст.

“Мо биринҷро 31-рублӣ ва ордро 18-рублӣ харида будем,” мегӯяд ӯ, “акнун ба ин арзонӣ дар ҳеч куҷо ёфт намешавад. Ба болои ин нархи иҷора, газ, оби гарму хунук ҳам боло рафт.”

Роза ва шавҳари ӯ, Борис, мегӯянд, онҳо аз ҳамаи харҷҳои, ба ақидаашон “начандон муҳим”, монанди дандонпизишкӣ ё тармими хона ва бӯстонсаро даст кашидаанд. Онҳо умедворанд, ки давлат ба зудӣ нафақаҳоро боло мебарад, то одамон ба нархҳо расида тавонанд. Он гоҳ онҳо ба фикри чунин харҷҳо хоҳанд афтод.

Камчатка, Шарқи Дур, бо нархҳои арзони моли Чин машҳур буд. Аммо дар ин ҷо низ нархи чунин амвол дар моҳи январ 30 дарсад бештар шуд ва нархи моли истеҳсоли Русия ҳамагӣ 10-15 дарсад.

Қонунгузори маҳаллӣ, Михаил Пучковский, мегӯяд, аҳолие, ки гӯё дар муҳосира ба сар мебарад, беш аз ҳама зарар мебинад. “Дар деҳаи хурди Оссора 10 тухм 130 рубл ё қариб 2 доллар аст ва як кило гӯшти оҳу 500 рубл. Хеле каманд, онҳое, ки чунин харид карда метавонанд.”

ВАЗЪИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Омӯзгори Донишгоҳи Мирний дар шарқи Дури Русия, Муҳаммадраҳим Гадоев, мегӯяд, маоши вай 50 дарсад кам шуд ва акнун монанди пешина харид намекунад. ​Агар ба назар гирифта шавад, ки пули мефиристодаи муҳоҷирон, бино бар омори Бонки Ҷаҳонӣ, 42 дарсади Маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва 60 дарсади ин сармоя аз Русия вориди Тоҷикистон мешавад, гумон бурдан душвор нест, ки вазъ дар Тоҷикистон ба кадом самт ҳаракат дорад.

Аксари тоҷикон дар Русия машғули корҳои сохтмониянд. Яке аз онҳо -- Абдулҳақ мегӯяд, ки дар ин рӯзҳо маоше намегирад, ки битавонад, пасандоз кунад. Оилаашон дар Тоҷикистон калон аст. Пулаш фақат барои зиндагии худаш сарф мешавад: “Ҳоло пулро нигоҳ доштани мо шарт нест. Ҳар чизе, ки барои зиндагӣ даркор аст, сарф карда истодаем. Ду оилаи калон дорем, фақат барои зиндагӣ меравад. Пулро равон мекунем, дар он ҷо хеле қурбаш ғалтидааст. Ҳеҷ чиз намешавад. Мо рубли русӣ мефиристем. Доллар дар ин ҷо бисёр камчин шудааст.”

Аҳмад Усмонов, муҳоҷири дигари тоҷик мегӯяд, нархи ғизо боло меравад, дар ҳоле, ки маош дар ҳамон сатҳи пешин боқӣ мондааст: “Ҳамаи маҳсулот, хӯрду хӯрок қимат шуда истодааст. Ман ҳайронам, ки маҳсулотро дар худи Русия мебароранд ва чаро нархи онро боло мебаранд. Аз рӯи фаҳмиши ман болоравӣ ва пастшавии нарх бояд ба молҳои хориҷӣ дахл дошта бошад, ба маҳсулоте, ки аз хориҷа бо доллар меояд. Мардум бисёр сарсону саргардонанд. Махсусан мардуми мо, тоҷикон. Мо мегуфтем, ки баъзе захираҳои худро барои зимистон мегирем. Вале ҳамин хел шуд, ки имрӯзу пагоҳ карда гаштаем. Масалан, орд 700 рубл буд, ҳоло 1000 рубл шудааст”.

Бино ба маълумоти тақрибӣ, ҳоло зиндагии ҳар се ё чаҳор хонаводаи Тоҷикистон ба пулҳои муҳоҷирони кории худ дар Русия вобаста аст. Гузашта аз ин Русия яке аз тарафҳои аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Иқтисодшиносон мегӯянд, вазъи рубл аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд ва эҳтимол рӯзе даромади масалан, як муҳоҷири бинокор дар Русия бо даромади як сохтмончӣ дар Тоҷикистон ҳамвазн шавад. Ҳамон гуна ки ҳоло дааҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони ихроҷшуда маҷбуранд дар ин ё он корхона дар Тоҷикистон кор кунанд, бӯҳрони рубл мумкин аст, бахши умдае аз муҳоҷиронро ба Тоҷикистон баргардонад ва бо "ними нону роҳати ҷон" қонеъ намояд.

XS
SM
MD
LG