Пайвандҳои дастрасӣ

Cафир: “Дар Украина ҷанг бо Русия аст, на ҷанги шаҳрвандӣ...” (ВИДЕО)


Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Виктор Никитюк

Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Виктор Никитюк

Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон.

Украина тайи қариб як сол боз даргири ҷангест, ки Русия онро "ҷанги шаҳрвандӣ" медонад, аммо худи Киеву муттаҳидони ғарбияш онро "ҷанги Русия алайҳи Украина" меноманд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар сӯҳбат бо Виктор Никитюк - сафири Украина дар Тоҷикистон нахуст аз ӯ пурсиданд, ҳоло дар ин кишвар чӣ мегузарад?

Виктор Никитюк: "Дар ҳақиқат имрӯз, вожаҳои “вазъият” ё “низои украинӣ” ва ғайраро шунидан мумкин аст, ки онҳо меҳвари он чӣ дар Украина мегузарад, ифода намекунад. Дар ҳоли ҳозир дар шарқи Украина ҷанг ҷараён дорад. Аммо мехоҳам таъкид кунам, ки дар Украина ҷанги гражданӣ ё шаҳрвандӣ нест, ин ҷанги Федератсияи Русия алайҳи Украина аст. Ҷанге, ки бо истифода аз нирӯи зинда, муҳимот, техника, ки ба хотири ҷонибдории террористон ба Украина ворид карда мешавад ва ҳамчунин бо истифода аз нируи мусаллаҳи Русия ва зархаридони русӣ сурат мегирад. Ин ҷангест, ки Русия алайҳи Украина дар қаламрави Украина мекунад. Аммо вазъ дар оянда чӣ гуна ҷараён мегирад, пешгӯӣ кардан хеле мушкил аст. Албатта мешавад, сенарияҳои мухталифро баён кард. Аммо ман мехоҳам таъкид созам, ки аз ҷониби Украина танҳо як чиз, он ҳам ҳар чӣ зудтар хотима бахшидан ба хунрезӣ, қатъи ҷанг ва барқарории сулҳ дар Донбас пайгирӣ карда мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир санади мавсум ба “протоколи Минск” ба имзо расида буд, ки дар он нигарониҳо ва манфиатҳои ҳама тарафҳо зикр шудааст ва ин санади муҳиме барои барқарории сулҳ ва эътимод дар ин минтақа аст. Аммо вазъият чӣ қадар мушкил хоҳад шуд, ин пеш аз ҳама ба Кремл бастагӣ дорад. Он чӣ ҷараён мегирад, тибқи сенарияи тарҳрезишудаи Маскав аст. Ҳар қадар зудтар Кремл бар ба ин бирасад, ки набояд ба хотири манфиатҳои миллии худ даст ба ҷанг бизанад, албатта сулҳ дар Донбас низ зудтар фаро хоҳад расид.

Радиои Озодӣ: Ахиран академик Примаков пешниҳоде кард, ки Русия манотиқи шарқи Украинаро ҳамчун як бахши ин кишвар эътироф кунад, вале дар ҳеҷ сурат Украина масъалаи Қримро мавриди муомилот қарор надиҳад. Ҳукумати шумо ба ин пешниҳод чӣ назар дорад?

Виктор Никитюк: Ман бар ин назарам, ки мавзеъгирии академик Примаков, намунаи “мафкураи империявӣ” аст. Мо дар бораи давлати мустақили Украина сӯҳбат мекунем: тамомияти арзӣ ва мустақилияти қаламрави вилоятҳои Донетск ва Луганск, яъне Донбас, ки қисми ҷудонашавандаи Украина аст. Ҳамон гуна, ки Ҷумҳурии худмухтори Қрим, ки дар ҳоли ҳозир муваққатан аз сӯи Русия ғасб шудааст. Дар бораи кадом эътирофи Донбас, аз сӯи Русия, ки қисмати Украина аст, ҳарф меравад?!

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо чаро Русия ба анексияи Қрим даст зад ва шарқи Украинаро бар зидди ҳукуматӣ марказӣ шӯронд? Ҳадафи ниҳоии Маскав чӣ аст?

Виктор Никитюк: Нахуст бояд инро тазаккур диҳам, ки Украина ҳеҷ гоҳ анексияи Қримро қабул нахоҳад дошт. Суол ин аст, ки “Чаро Русия ҷангро сар кард?” Ба андешаи ман, ин амр чанд сабаб дорад. Тасмими Украина барои имзои созишнома дар бораи Ассосиатсия бо Иттиҳоди Аврупо ин заминаро гузошт. Ин барои Кремл чӣ маънӣ дорад? Аз назари Кремл ин даст додани Украина аст. Зеро аввал, Украина аз зери назари Кремл берун мешавад, дуввум, мардум сарнавишти худро мустақилона таъин мекунад, саввум, тасмими Украина барои роҳ ба сӯи Иттиҳоди Аврупо метавонад, намунае барои пайвастани дигар кишварҳои зери нуфузи Русия шавад ва ниҳоятан, боз ҳам ин тасмими Украина роҳро барои субъектҳо ё манотиқи Русия низ ҷиҳати наздик шудан ба Иттиҳоди Аврупо боз мекунад. Ана ин сабабҳои асосие аст, ки барои чӣ Русия ҷанг алайҳи Украинаро рӯи даст гирифт. Русия аввал Қримро анексия кард ва баъдан дар Донбас ҷангро сар кард. Ҷанг дар Донбас низ чанд сабаб дорад: Русия ба ин васила хост, то таваҷҷӯҳро ба дигар тараф кашад. Аммо ин ба Русия даст нахоҳад дод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавқеи принсиалие аст, ки Қрим, ин қисми ҷудонашавандаи Украина аст. Аз сӯи дигар анексияи Қрим ба ҳадафҳо ва манфиатҳои иқтисодии Русия бармегардад. Аммо дар ҳоли ҳозир ин анексия барои Русия мушкилоти иқтисодиро ба бор овардааст. Ҷанг дар Донбасс низ, ин қадаме барои ҳамвор кардани коридори заминӣ ба Қрим барои Русия аст. Бинобар ин вазъияти минбаъда дар Украинаро пешгӯӣ кардан хеле мушкил аст.

Радиои Озодӣ: Мақомоти Украина Русияро дар кӯмакҳои бебаркаши низомӣ ва ба ҷудоихоҳон дар шарқи ин кишвар ва ҳатто иштироки мустақим дар ҷангҳо муттаҳам мекунад. Шумо ба вокуниши ҷомеаи ҷаҳониро, ки ба назар мерасад аз ин амалҳои Русия нороҳат ҳастанд, чӣ баҳо медиҳед? Ин вокунишҳо то андозае қавӣ ҳастанд, ки таҳаввулотро ба фоидаи кишвари шумо тағйир бидиҳанд?

Виктор Никитюк: Русия иддао дорад, ки дар Украина намеҷангад. Аммо шумо ба истилоҳоте, ки дар Кремл фикр карданд, таваҷҷӯҳ кунед: “кӯмаки башардӯстона ба Донбасс аз Федератсияи Русия”, “ополчесҳо ё размандаҳо”, “ДНР”, “ЛНР”,... Аммо агар ҳамаи инро ба забони дуруст баргардонем, пас “кӯмаки башардӯстона”, ин “интиқоли ғайриқонунии нируҳо, муҳимот ва дигар кӯмак ба террористон”, “ополченсҳо ё размандаҳо ” иннизомиёни Русия, зархаридони ин кишвар ва терористони маҳаллӣ ва ҷудоиталабон” ва “ДНР, ЛНР”, ин созмонҳои терористие ҳастанд, ки ба таври табиӣ вуҷуд надоранд. Ҳол он, ки вилоятҳои Донеткс ва Лугански Украина вуҷуд дорад. Аммо Русия бо истифодаи ингуна истилоҳот, мехоҳад мафкураи пеш аз ҳама мардуми худро ғуборолуд кунад, ки ҳеҷ кас ҷинояти сангинеро, ки Кремл ба он даст задааст, дарк накунад. Албатта барои мо ҷонибдорӣ ва ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ хеле муҳим аст ва онро мо эҳсос мекунем: ин тасмимоти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Маҷмаи умумии СММ, Ассамблеяи порлумонии Иттиҳоди Аврупо, САҲА, тасмимоти содиршуда дар чорчуби Иттиҳоди Аврупо, НАТО,... Ҳатто шоҳиди таҳримҳо алайҳи Русия ҳастем. Аммо албатта мехоҳем, ки ин мавзеъгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ сангинтар бошад. Дар ҳоли ҳозир таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ аз Русия сар мезанад.

Радиои Озодӣ: Вақтҳои ахир дар бораи имкони ворид шудани Украина ба НАТО хабарҳо пахш мешавад. Шомил шудан ба Алянс як проседураи тӯлонӣ ба назар мерасад, Ба фикри шумо, дар ниҳояти амр Украина узви НАТО мешавад ва агар шавад, вокуниши Маскав чӣ хоҳад буд?

Виктор Никитюк: Дар воқеъ роҳ ба сӯи узвияти НАТО тӯлонӣ ва мураккаб аст. Нахуст дар кишвар бояд он ислоҳоте роҳандозӣ шавад, ки ба Украина барои пайвастан ба НАТО имкон диҳад, дуввум, барои пайвастан ба Алянс ҷонибдории мардуми Украина лозим аст ва саввум, бояд дархости Украина аз ҷониби ҳамаи аъзои НАТО дастгирӣ ёбад. Танҳо дар сурати иҷрои ин ҳама вазоиф, метавон ба узвияти Украина ба Паймони Атлантики Шимолӣ умед баст. Аммо дар мавриди мавқеи Маскав пешгӯӣ кардан мушкил аст. Агар дар Кремл одамоне бо ҷаҳонбинии ҷаҳони мутамаддин биоянд, ки бихоҳанд бо меъёрҳои ҳуқуқи башар зиндагӣ кунанд, дар он сурат вокуниши Маскав ҳатман мусбат хоҳад буд, аммо агар дар Кремл афроди феълӣ бошанд, пас пешбинӣ кардани мавзеи Маскав душвор нахоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо кишварҳои ғарбӣ, махсусан Амрико ва Иттиҳоди Аврупо то андозае омода шудаанд, ки ба хотири ҳимоят аз Украина ҳама дарҳоро ба рӯи Русия бубанданд?

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Донетск

Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Донетск

Виктор Никтюк: Таҳримҳо алайҳи Русия дар ҳоли ҳозир ба таври воқеӣ мавриди амал ҳастанд ва натиҷа низ медиҳанд. Ҳатто таҳримҳо Русияро водор кардааст, то биандешад, ки ба чӣ иқдоми номуносибе даст задааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ин таҳримҳо сангин ва ҷиддӣ ҳастанд? Ба назари ман ҳанӯз ин таҳримҳо кофӣ нестанд. Таҳримҳо бояд воқеияти ҷанги Русия алайҳи Украинаро, ки ҷинояти башарӣ аст, ифода кунад. Русия бо вуҷуди узви СММ буданаш ба унвони кишвари таҷовузгар амал мекунад. Ҳарчанд дар шароити феълӣ таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷараён дорад ва нокофӣ аст, аммо умедворам, ки дар ниҳояти амр бо назардошти идомаи амалҳои таҷовузкоронаи Русия, ҳатман натиҷаи муассире хоҳанд дошт.

Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи вокуниши кишварҳои собиқ шӯравӣ ба рӯёрӯиҳои Русия бо кишвари шумо чӣ гуна баҳо медиҳед. Ба назари шумо ин далелро, ки ин давлатҳо ба сурати умум на тарафи Украинаро гирифтанд ва на тарафи Русияро, метавон ҳамчун вокуниши мусбат арзёбӣ кард?

Виктор Никитюк: Мо хуб дарк мекунем, ки алайҳи кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ҷониби Маскав чӣ фишорҳое сурат мегирад. Ин фишорҳо ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам шантаж ҳастанд. Ҳамчунин талошҳои Русия ҷиҳати паҳн кардани иттилооти ғайривоқеъбинона ва муғризона дар қаламрави пасошӯравиро низ хуб мушоҳида мекунем. Аммо чун ман сафири Украина дар Тоҷикистон ҳастам, метавонам дар бораи мавқеи ин кишвар изҳори назар кунам. Ман ҳамеша таъкид кардаам, ки аз мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар робита ба қазияи Украина истиқбол мекунем. Мо ҳама омилҳои обективии таъсиррасон ба мавқеи ҳукумати шуморо дарк мекунем ва сипосгузорем, ки дар ҳама изҳоротҳои расмии президент ва вазири хориҷии Тоҷикистон ба барқарории ҳар чӣ зудтари сулҳ дар кишвари мо таъкид мешавад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, як чизи дигарро наметавон сарфи назар кард. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада дар Украина, муносибати сард миёни ҳукумати феълии Украина ва Русия ҳатто дар муносbбати шумо бо ҳамтои русатон низ таъсир гузоштааст, бале?

Игор Лякин - Фролов, сафири Русия дар Душанбе

Игор Лякин - Фролов, сафири Русия дар Душанбе

Виктор Никитюк: Албатта, дар муносибати миёни сафоратҳои Украина ва Русия дар Тоҷикистон вазъи мавҷуд дар Украина таъсири худро гузоштааст. Дар ҳар вазъияти ҷангӣ, ҳатто дар Ҷанги lуввуми Ҷаҳонӣ низ муносибатҳои сафирони Иттиҳоди Шуравӣ ва Олмони нозӣ хуб набуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки вазъи феълӣ мушобеҳи он замон аст. Чун бори дигар таъкид мекунам, ки дар Украина ҷанги дохилӣ ё шаҳрвандӣ нест, балки Русия алайҳи Украина меҷангад. Ба ин далел алабатта ин гуна вазъ таъсирашро дар муносибати сафирон низ расонидааст.

Радиои Озодӣ: Аммо чун аз Тоҷикистон гуфтем, дар пайи вазъи баамаломада дар Украина муносиботи миёни ду кишвар чӣ гуна аст. Ба сатҳе, ки қабл аз норомиҳо буд, ҳаст ё таъсире кардааст?

Виктор Никитюк: Равобити сиёсии мо хеле дар сатҳи хуб қарор дорад. Чун ин муносибот дӯстона буда ва Тоҷикистон шарики хубе аст. Мо ҳамеша ба густариши равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аҳамият қоилем. Аммо, мутаассифона, таҷовузи феълии Русия алайҳи Украина ҳатман ба сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, таъсири худро гузоштааст. Барои мисол, соли 2014 дар назар буд, ки ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Украина дар Киев баргузор шавад, ки нашуд ва ба вақти дигаре гузаронида шуд. Ҳамчунин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина барномарезӣ шуда буд, ки ин иқдоми муҳими фарҳангӣ низ доир нашуд. Агар соли 2012 таҳаввуле дар афзоиши тиҷорати молу коло миёни Украина ва Тоҷикистон ба назар расид, аммо бо таваҷҷӯҳ ба вазъи баамаломада, ин раванд кунд гардид ва мизони табодули коло аз 100 миллион доллари он замон ба 60 миллион доллар дар сол расидааст. Ҳарчанд мубодилаи мол ҷараён дорад ва хуб аст, ки дар дӯконҳои Тоҷикистон маҳсулоти тавлиди Украина ба назар мерасад, аммо имконот ва зарфиятҳо зиёд ҳастанд, ки бояд ба таври муассир истифода шаванд. Бо ин ҳам музокирот сари таъсиси корхонаҷоти муштарак дар заминаи васлу насби тракторҳо барои соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди Суғд ва Данғара, ташкили корхонаи тавлиди коркарди нафтугаз, ифтитоҳи парвозҳо миёни Душанбе ва Киев ва дар бораи дигар лоиҳаҳо ҷараён дорад, аммо боз ҳам вазъи мавҷуд дар Украина ба ин раванд монеа эҷод мекунад.

Радиои Озодӣ: Яке аз самтҳои ҳамкории густардаи Тоҷикистон ва Украина, таҳияи таҷҳизот барои нирӯгоҳҳои Тоҷикистон аст. Дар ин замина кор чӣ гуна аст?

Виктор Никитюк: Дар ҳақиқат мо ифтихор дорем, ки таҷҳизоти энергетикии Украина дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад. Ман дар ҷараён ҳастам, ки мутахассисони украинӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикашон ҳамкории муфид доранд ва ҳамеша табодули таҷриба сурат мегирад. Албатта, ин боиси густариши бештари ҳамкориҳои Украина бо Тоҷикистон дар арсаи энергетикӣ мегардад. Ширкатҳои украинӣ дар соҳаи энергетика дар симои Тоҷикистон шарики боэътимод ва қавии худро мебинанд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар ҳоле, ки вазъ дар Украина ноором аст, дурнамои ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Украина чӣ хоҳад шуд?

Виктор Никтюк: Мардуми мо хеле ба ҳам наздик аст. Ба назар мерасад, ки онҳо решаҳои муштараки таърихӣ доранд ё дар маҷмӯъ ин ду миллати таърихӣ ва бо забони куҳан ҳастанд. Ба ин далел, ба ин назарам, ки бояд он чӣ ба даст овардаем, ҳифз кунем ва кӯшиш кунем, то ҳамкориҳо рушд кунад. Чун барои ин ҳама имконоту зарфиятҳо ва ҳатто ирода вуҷуд дорад. Ин аст, ки ман ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Украина ва Тоҷикистон хушбин ҳастам ва танҳо ба пеш бояд ҳаракат кунем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG