Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тавофуқ карда, паймони НАТО рӯи барномаи истиқрори воҳидҳои нави низомӣ дар Аврупои шарқӣ меандешад.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ба тавофуқ расиданд, ки бар зидди баъзе шахсони алоҳида ва ширкатҳои Русия таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ кунанд. Рӯзи 5 феврал ин кишварҳо ба далели бӯҳрони Украина бар зидди 19 шахсият ва 9 корхонаву ширкат таҳримоти изофӣ ҷорӣ карданд.

Ин таҳримоти нави Аврупо алайҳи Русия дар ҳоле эълон шуд, ки Ангела Меркел – садри аъзами Олмон ва Франсуа Ҳолланд - раисиҷумҳури Фаронса ба Маскав сафар мекунанд.

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 9 феврал дар як нишаст ин таҳримҳои зидди Русияро ба таври расмӣ ба тасвиб мерасонанд. Ин таҳримҳо илова бар таҳримҳое хоҳад буд, ки бар зидди Русия соли гузашта ҷорӣ шуда буд.

Гузашта аз ин, Йенс Столтенберг - дабири кулли паймони низомии НАТО мегӯяд, тадбирҳо барои афзоиши ҳузури ин паймон дар шарқ ҷавоби “муҳофизатӣ” ба “фаъолиятҳои таҳоҷумӣ”-и Русия аст.

Дар Брюссел вазирони дифои кишварҳои узви НАТО масъалаи эҷоди шабакаи марказҳои хурди фармондеҳиро баррасӣ мекунанд. Ин марказҳо бояд дар лаҳзаҳои зарурӣ дар сурати таҳдид аз ҷониби Русия сафороии нирӯҳоро тағйир диҳанд, нирӯҳои вокуниши сареъро сафарбар кунанд ва дар шарқи Полша дар сатҳи лашкар як ситод ташкил диҳанд. Раҳбари НАТО гуфт, ин тадбирҳо посухе ба Русия аст, ки “қонунҳои байналмилалӣ”-ро вайрон мекунад ва аз ҷумла Қримро аз Украина ҷудо кардааст.

Ғарб Русияро ба он айбдор мекунад, ки нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф карда, ҷангиёни ҷудоиталабро дар вилоятҳои Донетску Луҳанск бо нирӯву аслиҳа ва пул таъмин мекунад. Русия инро рад мекунад.

Дар мусоҳибае бо Юрий Фёдоров - таҳлилгари умури сиёсиву низомии Русия дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех пурсидем, ки ба ин тадбирҳои НАТО Русия чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид?

Фёдоров: Агар ба ин масъала аз нуқтаи назари низомӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки интихоби Русия барои чораҳои ҷавобӣ маҳдуд аст. Сабаб ин аст, ки қисмати бештари нируҳои заминии Русия машғули амалиёт дар Донбаси Украина мебошанд. Гузашта аз ин, шумораи қобили мулоҳизаи нируҳои онҳо ба Қрим сафарбар мешаванд. Барои ҳамин тақвияти нируҳои Русия дар марзи ғарбӣ дар каронаи Балтик баъид ба назар мерасад. Шояд Русия ба сурати фаврӣ мушакҳои «Искандер»-ро дар он ҷо мустақар кунад. Ин яке аз рокетҳои тактикӣ ва пешрафтаи Русия мебошад. Ин метавонад яке аз иқдомоти ҷавобии Русия бошад. Вале раҳбарияти сисёсии Русия наметавонад аз роҳҳои таблиғотӣ ин тадбирҳои эълонкардаи вазирони дифои НАТО-ро нодида бигирад.

Озодӣ: Иттиҳодияи Аврупо бар зидди баъзе шахсиятҳо ва ширкатҳои Русия таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ мекунад. Ин ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ нахоҳад расонд, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки дар гузашта ҳам чунин таҳримҳо ҷорӣ шуда буд?

Фёдоров: Бояд аввал бо феҳристи ин ширкатҳо ошно шуд ва дид, ки таҳримҳо бар зидди чӣ ширкатҳое ҷорӣ мешаванд. Вале таҳримҳо бар зидди шахсиятҳои Русия ба иқтисоди Русия таъсир надорад ва он таҳрими сисёсӣ мебошад. Ин намунаи он аст, то ба ҷомеа нишон диҳанд, ки сиёсати кунунии Кремл бидуни муҷозот нахоҳад монд. Вале он чӣ ба ширкатҳо иртибот дорад, бояд бо ин феҳрист ошно шуд. Агар ин ширкатҳо бузург бошанд, мисли «Газпром», дар он сурат, албатта, таҳримҳо ба иқтисод таъсири манфӣ хоҳанд дошт. Агар ширкатҳои хурд бошанд, таъсир нахоҳад кард. Вале нуктаи дигарро низ бояд дар назар гирифт, агар ин таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳатто рамзӣ ҳам бошанд, он ишора ба доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ хоҳад буд, ки бо Русия ҳамкорӣ накунанд ва он хатарнок аст, чунки ин ҳамкорӣ метавонад барои худи ширкатҳои ғарбӣ ва байналмиллалӣ пайомадҳои сангин дошта бошад. Чунин равиш метавонад муассиртар аз он бошад, ки Иттиҳодияи Аврупо баъзе чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кунад.

Озодӣ: Ба назари шумо Ангела Меркел ва Франсуа Ҳолланд дар ҷараёни боздии худ аз Маскав кадом масъалаҳоро баррасӣ хоҳанд кард? Онҳо мехоҳанд бигӯянд, ки Аврупо ба гузаштҳо розӣ мешавад ва ё баръакс мехоҳанд барои бӯҳрони Украина ба Русия фишори бештар биоранд?

Фёдоров: Ҷолиб ин аст, ки ба Маскав Меркел ва Ҳолланд - ду раҳбари сиёсии Аврупо якбора сафар мекунанд. Ин ба назари ман, як равиши ғайримаъмулӣ дар муносибат бо Русия мебошад. Ман фикр мекунам, ки имрӯз Аврупо дар муносибат бо Русия мавзеъгирии рӯшан надорад. Рӯшан аст, ки гузашт ба Русия намешавад. Вале таҳримҳо то куҷо ташдид хоҳанд ёфт ва муносибат бо Русияро то чӣ андоза сахттар мекунанд?, ақидаҳояшон аз ҳам фарқ дорад. Ман фикр мекунам, ки Меркел ва Ҳолланд дар равандҳои тафаккури сиёсии аврупоӣ ду нуқтаи назари ба ҳам мухолиф доранд.

XS
SM
MD
LG