Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи низомӣ собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ва чаҳор зердасти ӯро аз озодӣ маҳрум кардааст. Онҳо барои "бо роҳи ғайриқонунӣ" аз хидмати ҳарбӣ озод кардани 200 ҷавон айбдор шудаанд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд Мӯҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакентро, ба шашуним соли зиндон маҳкум кардааст. Қурбонқулов барои “бо роҳҳои ғайриқонунӣ озод кардани ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ” айбдор гардида, дар баробари ӯ, се зердасташ низ муҷозот шудаанд. Ин дар ҳолест, ки баррасии парвандаи боз як комиссари ҳарбии Панҷакент - Хуршед Қобилов идома дорад.

Абдураҳим Бегзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, дар нишасти хабарии 28-уми январ дар ин бора хабар дод ва гуфт, “Мӯҳсин Қурбонқулов ва 4 корманди масъули комиссариати ҳарбии Панҷакент аз озодӣ маҳрум шуданд.” Аммо оқои Бегзода ба суоли мо ки ин афрод чандсолӣ ба зиндон фиристода шуданд, иттилое надод ва гуфт, то замони ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ чизи бештаре ироа карда наметавонанд.

Аз коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то замони ҳукми қонунӣ гирифтани қарори Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар мавриди собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ва зердастони ӯ сабр кунем. Вале як манбаи наздик ба баррасии ин қазия дар сӯҳбат бо ​

Абдураҳим Бегзода

Абдураҳим Бегзода

Радиои Озодӣ гуфт, Мӯҳсин Қурбонқулов ба 6.5 соли зиндон ва се зердасташ ба солҳои камтар маҳкум шудаанд. Манбаи мо афзуд, ин масъулони комиссариати ҳарбии Панҷакент дар тӯли чанд сол ҳудуди 200 ҷавонро бо роҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла додани билетҳои ҳарбӣ, аз хидмати ҳатмӣ дар Артиш озод кардаанд.

Ин қазия моҳи декабри соли гузаштаи 2014 дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи латту кӯби Бибимарям Ҳамроева - сокини 54-солаи деҳаи Чорбоғи Шӯрои деҳоти Косатароши ноҳияи Панҷакент расонаӣ шуда буд. Хонум Ҳамроева аз мавриди озор ва зарбу лат қарор гирифтанаш аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур ба додситонӣ арз кард. Сӯҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбии Суғд гуфт, дар ҷараёни таҳқиқи шикояти Ҳамроева мавриди таҳқир ва латту кӯб шудани ин модари сарбоз дар комиссариати ҳарбӣ исбот нашуд, “аммо маҳз дар ҷараёни таҳқиқи шикояти ин хонум ҷинояти дигарро ошкор намудем. Мӯҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ба писари хонум – Ҳамроева бар ивази 400 доллар билети ҳарбӣ таҳия намуда, ӯро аз хидмат озод намуда будааст.”

Ба ин тартиб, дар соли гузаштаи 2014 ду комиссари ҳарбии Панҷакент - Хуршед Қобилов ва Мӯҳсин Қурбонқулов - барои бадрафторӣ нисбат ба волидайни даъватшавандагон ва муомилаи бад бо даъватшавандагон ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ озод кардани даъватшавандагон аз хидмат дар сафи Артиш аз вазифа барканор карда шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буд. Ҳоло дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд таҳқиқи парвандаи Хуршед Қобилов, собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ва сардори шуъбаи 2 - юми ин ниҳод, идома дорад. Онҳо барои латту кӯби Абуҷаббор Рустамов, сокини ноҳияи Панҷакент, муттаҳам мешаванд.

Абдураҳим Бегзода, раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, гуфт: “Нисбат ба онҳо тибқи банди 391-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “суистифода аз ҳокимият ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Дар соли гузаштаи 2014 додситони ҳарбии Суғд 4 парванда алайҳи кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақа барои “ҷалби иҷборӣ”-и даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо онҳову волидайнашонро боз кардааст. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд баррасии 1 парванда дар мавриди аз суи кормандони масъули комиссариатҳои ҳарбӣ бар ивази ришва додани билетҳои ҳарбӣ ба даъватшавандагонро анҷом дода, ҳоло баррасии парвандаи дигарро пеш мебарад.

Ин додгоҳ дар соли гузаштаи 2014 парвандаи 8 сарбози ҷузъу томҳои низомиро бо иттиҳоми муносибатҳои ғайриоинномавӣ байни сарбозон мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар зимн, дар соли гузашта назар ба соли 2013 парванда бо ин иттиҳом 5 адад кам боз шудааст. Мақомот инро натиҷаи муборизаи Вазорати дифоъ барои аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар сафҳои Артиши миллӣ ва сол то сол коҳиш доштани чунин ҳодисаҳо меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG