Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти комиссари ҳарбии Фирдавсӣ "барои билетфурӯшӣ"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои омода кардану фурӯхтани билети ҳарбӣ ба ивази 2 ҳазору 200 доллар боздошт шудааст. Ҳоло алайҳи ӯ парванда боз кардаанд.

Мамашариф Розиқов, комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, барои омода кардану фурӯхтани билети ҳарбӣ, ки дар он шаҳрванд Нуров А. “негодный” муаррифӣ шудааст, боздошт гардидааст.

Масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯянд, боздошти Розиқов рӯзи 20 январи соли ҷорӣ дар пайи як амалиёти фаврии онҳо дар Душанбе сурат гирифт. Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси моддаи 319, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд.

Бар асоси иттилоияе, ки Оҷонсии зидди коррупсия 24 январ нашр кард, Мамашариф Розиқов барои фурӯхтани билети ҳарбӣ ба Нуров.А. тавассути миёнарав Усмоналӣ Файзуллоев муттаҳам мешавад. Дар ин иттилоия аз ҷумла омадааст, “аввалҳои моҳи январи соли 2015 шаҳравнд Нуров А.С барои гирифтани билети ҳарбӣ ба Файзуллоев У.М., ки бо комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ шиносоӣ дошт, муроҷиат намуд. Файзуллоев дар хусуси ба Нуров А.С. тайёр намуда додани билети ҳарбӣ ба комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд ва ӯ ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ ба Файзуллоев дастур дод, дар сурати аз Нуров гирифта ба ӯ додани 2 ҳазору 200 доллар метавонад билети ҳарбиро тайёр намуда диҳад.”

Манбаъ меафзояд, баъд аз ин Файзуллоев дар ду ҳолат ба Розиқов тақрибан ҳазор доллар дастрас карда, баъдан 20 январ дар утоқи кориаш ба ӯ 600 доллари дигар додааст. “Розиқов бар ивази ин пораи гирифтааш ба номи Нуров А.С. билети ҳарбӣ, ки тибқи он дувумӣ барои хизмати ҳарбӣгӯиё қобили маҳдуд эътироф шудааст, пешниҳод намуд”,-омадааст дар иттилоияи Оҷонсӣ.

Мақомот мегӯянд, ҳангоми боздошти Мамашариф Розиқов аз ӯ 500 доллар ёфт шуда ва ҳангоми боздид аз утоқи корияш вай бо ихтиёри худ 600 доллари гирифтаашро низ пешниҳод намудааст. Ба иттилои онҳо, ҳоло нисбат ба Усмоналӣ Файзуллоев ба ҳайси миёнарав дар ин қазия ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишаш идома дорад.

Аксар ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон талош мекунанд, худро ба ҳар баҳонае аз ин майдон раҳо кунанд. Ин аст, ки иддае худро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мезананду бархе дигар ба донишгоҳҳо паноҳ мебаранд. Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки бар ивази пардохти пул билети ҳарбӣ дарёфт мекунанд, ки дар он ҷо ба ҳайси одамони номувофиқ ба хидмати ҳарбӣ муаррифӣ мешаванд.

Бо ишора ба ин, дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон, ба бовари аксар, ба як "артиши коргару деҳқон" табдил ёфтааст. Бисёриҳо мутмаинанд, ки ба хидмати низомӣ танҳо фарзандони мардуми камбағал ё ба таъбири дигар, бачаҳои бесоҳибро мегиранд ва одамони “тағодор”, аз ҷумла фарзандони мансабдору пулдор аслан дар артиши Тоҷикистон хидмат намекунанд.

Ду сол пеш Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, аз даъвати фарзанди мансабдорон оғоз кардани маъракаи даъват ба артишро дар ин ноҳия таҷруба кард ва мегуфт, бо ин роҳ ва ҳам бо ваъдаи роҳхати Ҳаҷ ба волидоне, ки фарзандонашонро довталабона ба комиссариати низомӣ меоранд, нақшаро бидуни “облава” иҷро кардаанд. Соли гузашта ин таҷрубаро дар Хуҷанд низ амалӣ карданд. Аммо дар сатҳи болотар ин ибтикор дастгирӣ наёфт ва ба фарқ аз кишварҳои Ғарб, ки дар куҷо ва чигуна хидмат кардани фарзандони мансабдорони баландпоя ва, чун дар намунаи Бритониё, ҳатто маҳал ва тарзи хидмати шоҳзодаҳо, тавассути матбуот инъикос ва таблиғ мешавад, дар Тоҷикистон касе намедонад, оё барои мисол, Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур дар артиш хидмат кард ё на, ё писари кадом вазире дар кадом қисми низомӣ адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ мекунад?

Вале як чизи яқин ин аст, ки шароити мавҷуда – чӣ дар артиш ва чӣ дар низоми даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ – касеро қонеъ намекунад - на ҳомиёни ҳуқуқу на волидону на ҷавононеро, ки ҳар сол ду дафъа маҷбуранд барои семоҳӣ аз тарси “облава” ё ба Русия гурезанд, ё аз хона набароянд. Амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар баҳори соли гузашта дар бораи манъи пурраи “облава” ҳокист, ки нигаронии ҷомеа аз ин паҳлӯи манфии даъват ба артиш ба самъи раҳбарияти олии кишвар низ расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG