Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи комиссари собиқи Панҷакент


Дар соли гузашта танҳо дар вилояти Суғд бо иттиҳоми ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 4 парванда кушодаанд. Муҳокимаи парвандаи собиқ комиссари низомии Панҷакент дар додгоҳ алакай оғоз ёфтааст.

Дар додгоҳи гарнизони ҳарбии Суғд муҳокимаи парвандаи Мӯҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент бо иттиҳоми гирифтани пора аз як даъватшаванда шурӯъ шудааст.

Сӯҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбии Суғд, ки дар мурофиаи ин парванда баҳайси айбдоркнандаи давлатӣ ширкат дорад, рӯзи 8 – уми январ чунин гуфт, ки ин парванда дар ҷараёни таҳқиқи шикояти Бибимарям Ҳамроева, сокини 54-солаи деҳаи Чорбоғи Шӯрои деҳоти Косатароши Панҷакент боз шуд. Хонум Ҳамроева дар охири моҳи ноябри соли гузашта аз мавриди озор ва зарбу лат қарор гирифтанаш аз суи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур ба додситонӣ арз кардааст.

Ин зан дар суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вай ба хотири раҳо кардани писари бемори дарди чашмаш – Шоҳимардон, ки бо роҳи “облава” ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда буданд, ба комиссариати ҳарбӣ рафт, Аммо аз озору таҳқири кормандони комиссариат ба фарш афтода, вайро хешовандонаш ба бемористони шаҳр интиқол додаанд.

Вале муовини додситони ҳарбии Суғд Сӯҳроб Салимзода мегӯяд, дар ҷараёни таҳқиқ мавриди таҳқир ва лат кӯб шудани модари сарбоз исбот нашуд: “Аммо маҳз дар ҷараёни таҳқиқи шикояти ин хонум ҷинояти дигарро ошкор намудем. Мӯҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ба писари хонум – Ҳамроева бар ивази 400 доллар билети ҳарбӣ таҳия намуда, ӯро аз хидмат озод намудааст. Ҳоло бозбинии ин парванда дар додгоҳ ҷараён дорад.”

Дар соли гузаштаи 2014 ду комиссари ҳарбии Панҷакент - Хуршед Қобилов ва Мӯҳсин Қурбонқулов - барои бадрафторӣ нисбати волидайни даъватшавандагон аз вазифа барканор карда шудаанд. Бархӯрди бади онҳо бо падару модари ду даъватшаванда ба думболи бидуни огоҳонидани пешакӣ ва иҷборан ҷалб кардани даъватшавандагон ба сафи Артиш рух додааст.

Вале Дилшод Ҷӯраев, ки дар қазияҳои Саидалӣ Ҳақбердиеви даъватшавандаи зимни даъвати иҷборӣ ва Абдуҷаббор Рустамов, падари сарбози бемори дар комиссариати ҳарбӣ аз суи кормандони ин ниҳод лату кӯбшуда мегӯяд, дар ҳеҷ кадом аз ин маворид алайҳи дастдоштагон барои озору шиканҷаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо иттиҳом пешниҳод нашдааст: “Дар қазияи собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент - Хуршед Қобилов нисбат ба Абуҷаббор Рустамов, сокини ин ноҳия ва падари як сарбози бемор нишонаҳои шиканҷаи шахс низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ман аз мақомоти тафтишот дархост карданиам, ки бо банди лату кӯб ва “шиканҷа” низ иттиҳом пешниҳод кунанд.”

Абдуҷаббор Рустамов, сокини 55-солаи деҳаи Суҷинаи ноҳияи Панҷакент, ки тирамоҳи соли гузашта мехост писараш Акмалро, ки ҷарроҳии саратонро паси сар гузоштааст, аз хидмати ҳарбӣ озод кунад, шикоят кард, ки дар тоқи комиссариати ҳарбӣ аз сӯи комиссар латту кӯб шдааст. Абдуҷаббор Рустамов бо сару рӯи варамидаву 7 дандони шикаста дар бемористон табобат гирифтааст ва аз муоинаи тибби додгоҳӣ гузашта, бо ҳуҷҷатҳову аксҳо ба додситонӣ арз кардааст. Вале бо ин вуҷуд писараш – Акмал, ки ҷарроҳии бемории саратонро пааз сар гзаронидааст, барои хидмат дар як қисми низомии Панҷакент ҷалб шудааст.

4 парвандаи "облава" дар як соли охир

Додситонии ҳарбии вилояти Суғд дар соли гузаштаи 2014 алайҳи кормандони комиссариятҳои ҳарбии минтақа 4 парванда барои “ҷалби иҷборӣ” ва даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо онҳо боз кардааст.

Сӯҳроб Салимзода
Сӯҳроб Салимзода

Сӯҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбӣ дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 8 – уми январ гуфт, ки ҳодисаҳои ҷалби иҷории даъватшавандагон дар ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Исфара рух додааст. Вай гуфт: “Алайҳи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент: Икром Нодиров ва Уринбой Тошев барои даъвати иҷбории Саидалӣ Ҳақбердиев ва корманди дигари ҳамҳамин комисариати ҳарбӣ - Далер Мароватов, ки даъватшаванда - Собир Бобоҷоновро ба комиссариати ҳарбӣ бо роҳи иҷборӣ ҳозир кардаанд, мутобиқи банди 391 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон : сўиистифода ё баромадан аз ҳадди мансаби давлатӣ, парванда боз шудааст.”

Ба гуфтаи вай, ду ҳодисаи дигари “облава” - и даъватшавандагон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфара низ ошкор шуда, вале оғози парванда алайҳи ходимони комиссариатҳои ҳарбии муттаҳам бо татбиқи қонуни афв “бо асосҳои ғайри сафедкунанда” радъ карда шудааст.

Ба иттилоъи додситонии ҳарбии вилояти Суғд, дар соли 2014 дар ин минтақа ҷалби иҷбории ҷавонони даъватшаванда назар ба соли 2013 панҷ ҳодиса кам ба қайд гирифта шудааст.

Вале соли гузашта бо фарқ аз солҳои пешин “облава” - и ҷавонон ба сафи артиш хеле шадид ва бо латту кӯб сурат мегирифт ва зарб лати як даъватшавандаву падари вай ва модари як даъватшавандаи дигар аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ дар Панҷакент расонаӣ шуда, сару садоҳоеро байни сокинон ба бор овард.

Ба ҷуз қазияҳои таҳқир ва зарбу лати Бибимарям Ҳамроева ва Абдуҷаббор Рустамов, модар ва падари ҷавонони даъватшаванда дар Панҷакент аз ҷониби масъулони комиссариати ҳарбии ин ноҳия ҳамчунин Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони аз ин маҳал ҳини даъват ба хидмати ҳарбӣ шадидан мавриди зарбу лат қарор гирифта буд.

Мирзоалӣ Ҳақбердиев -- сокини деҳаи Яккахонаи Шӯрои деҳоти Рӯдаки ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш - Саидалӣ Ҳақбердиевро рӯзи 4-уми ноябр кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бидуни даъватнома ва огоҳии пешакӣ аз даруни хона ба зӯрӣ гирифта, дар роҳ то маркази ноҳия ончунон латту кӯб кардаанд, ки бар асари он вай аз ҳуш рафта, пас аз ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст.

XS
SM
MD
LG