Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссари ҳарбии Панҷакент барканор шуд


Ноҳияи Панҷакент.

Ноҳияи Панҷакент.

Вазорати дифои Тоҷикистон комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва сардори Шуъбаи даъвати ҷавонони ин комиссариатро барои бадрафторӣ нисбати падари яке аз даъватшавандагон аз вазифа барканор кард.

Вазорати дифои Тоҷикистон фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва сардори Шуъбаи даъвати ҷавонони ин комиссариатро барои бадрафторӣ нисбати падари яке аз даъватшавандагон аз вазифа барканор кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз ҷаласаи вазорат оид ба барасии фаъолияти комисирятҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд. Дар он камбудиҳои кори комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми даъвати ҷавонон, наомӯхтани вазъи сиҳатии онҳо ва надоштани иттилоъ оид ба қайди ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вай ҳамчунин гуфт, гузориши кумиссияи махсуси Вазорати дифоъ оид ба ҳодисаҳои латту кӯби ҷавонон ҳангоми даъват ба артиш дар ноҳияи Панҷакент баррасӣ шуд ва бо назардошти бадрафторӣ бо падари солхӯрдаи даъватшаванда Абдуҷаббор Рустамов раиси Комиссариати ҳарбии ин ноҳия Хуршед Қобилов ва сардори Шӯъбаи ҷавонони ин комиссариат Далер Мароватов аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Абдуҷаббор Рустамов дар як сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки вақте дар масъалаи даъвати фарзандаш Акмал соҳиби ду фарзанд ба военком (комиссари ҳарбӣ) омада, мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, комиссари ҳарбӣ Хуршед Қобилов ӯро аз кабинети военком берун ба кабинети дигар бурд ва дар айни суҳбат бо Далер Мароватов бо мушт зада беҳуш кардааст.

Вай меафзояд вақте ба ҳуш омадааст Далер ва Урунбек Тошев -- як корманди дигар ҷойҳои хунолуди ӯро пок мекарданд ва таъкид мекарданд, ки ба касе дар ин бора арз накунад: "Ман аз тарс қавл додам, ки ба касе намегӯям. Вале хешовандонам маро ба бемористон оварданд.”

Пизишки бемористони шаҳрии Панҷакент Саидҷон Раҷабов, дар суҳбат ба Озодӣ зикр карда буд,ки Абдуҷаббор Рустамовро бо 7 дандони шикаста ва чанд дандони зарбхӯрдаву сару рӯи варамида ба бемористон овардаанд. Комиссари ҳарбӣ ва сардори шӯъбаи комиссарияти ҳарбии Панҷакент ҳарчанд аз вазифа барканор шуданд, дар захираи Вазорати дифоъ боқӣ монда, эҳтимол дорад, таъиноти дигар гиранд.

Дар ҳамин ҳол зидди ду корманди Комиссариати ҳарбии Панҷакент барои латукӯби як ҷавон ҳини "облава", парванди ҷиноӣ боз шудааст.

Гарнизони ҳарбии Хуҷанд алайҳи ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент -- прапоршик Икром Нодиров ва Урунбой Тошев дар робита ба “облава”-и сокини ин ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиев, бо моддаҳои 316 ва 391-и Кодекси ҷиноӣ, парванда боз кардааст.

Дафтари матбуоти Гарнизони ҳарбии Хуҷанд имрӯз, 17 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар авоили ҳамин ҳафта пас аз рӯбарӯкунии Саидалӣ Ҳақбердиев бо кормандони Комиссирияти ҳарбие, ки ӯро латту куб кардаанд, парванда бо моддаи 316 дар нисбати прапоршик Икром Нодиров ва бо моддаи 391 дар мавриди “баромадан аз масъулият ҳангоми иҷрои вазифа” алайҳи Урунбой Тошев боз карда шудаст.

Гарнизони ҳарбии Хуҷанд мегӯяд, ки ҳини рӯбарӯкунии онҳо дар манзили зисти Саидалӣ Ҳақбердиев, вай зуд кормандони Комиссарияти ҳарбӣ Икром Нодиров ва Урунбой Тошевро шинохт, вале онҳо латту куб кардани Саидалиро рад карданд.

Муфаттиши Гарнизони ҳарбии Хуҷанд Баҳриев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳолати латту куби Саидалӣ тасдиқ шудааст, вале то ҳанӯз аз тарафи гумонбарҳо исботи худро наёфтааст. Вай гуфт, ки ҳамакнун ҳамаи санаду аксҳо ва хулосаи тиббиро ба ташхис додаанд ва мунтазири посух ҳастанд.

Саидалӣ Ҳақбердиев, рӯзи 4-уми ноябр аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бо ҳадафи бурдан ба артиш латукӯб шуд, ки бар асари он пардаи гӯшаш дарид ва ӯ ду рӯз беҳушу бе ёд дар беморхона бистарӣ монд. Саидалӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афсарони комиссариати ҳарбӣ барои он ӯро задаанд, ки ба онҳо гуфтааст, “амалкарди шумо ғайриқонунист ва ҳақ надоред маро бо зӯрӣ ба артиш баред.”

Вале ба дунболи ин ҳодиса, ҳукумати шаҳри Панҷакент, иддаоҳои волидони Саидалӣ Ҳақбердиевро рад карда буд. Ҳукумати шаҳр рӯзи 10-уми ноябр дар як шарҳи расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки касе аз маъмурони комиссариати низомӣ бо Саидалӣ бадрафторӣ накардааст, балки ӯ худашро аз мошин берун андохта ва хостааст, аз даъват ба сафи артиш фирор кунад.

Ахиран комиссияи вижаи вазорати дифои Тоҷикистон ба Панҷакент рафта буд, то қазияи латукӯби сокини ин ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиев ҳини "облава"-ро, таҳқиқ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG