Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ҳоло на шир дорем, на мурғ” ВИДЕО


Ҷамила (байн), сокини Лучоби Боло, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ

Ҷамила (байн), сокини Лучоби Боло, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ

Аксар сокинони мавзеи Лучоби Боло, дар 4-километрии шимоли Душанбе, ки ба ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт шомил аст, мегӯянд, ду сол боз наметавонанд ба рӯзгори зоҳиран шаҳрии худ одат кунанд. Дастурхони бе ширу гӯшт ва оғилҳои холӣ бисёре аз мардуми ин деҳро ҳар замон ба ёди гузашта мебарад. Ду сол пеш ин минтақа ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шомил шуд, ки бар асоси низомномаи пойтахт парвариши чорвои хурду бузург барояшон манъ аст.

Ҳарчанд сокинони деҳаи Лучоби Боло мехоҳанд, ҳадди ақалл парвариши як чорво барояшон, иҷоза дода шавад, аммо мақомоти ноҳияи Сино гуфтанд, ин мавзеъ як қисми таркибии пойтахт аст ва бояд ба низомномаи шаҳр итоат кунад.

Ҷамила, як сокини деҳаи Лучоби Боло, рӯзи 20 ноябр бо ишора ба оғилхонаи холии худ гуфт, “то ду соли қабл гов, гӯсола ва мурғ доштем. Аз ин ҳисоб бо ширу тухм ва гӯшт таъмин будем. Ҳоло дигар на шир дорем, на мурғ.”

Дар Лучоби Боло байни ду адир беш аз 3 ҳазор оила зиндагӣ мекунад. То қарори раиси Душанбе дар бораи манъи чорвопарварӣ дар дохили шаҳр, аксар сокинони ин мавзеъ бо молпарварӣ ва ташкили фермаҳои шахсӣ рӯз мегузаронданд. Соли 2013 шаҳрдори Душанбе барои беҳтар кардани вазъи беҳдории шаҳр нигоҳубини чорво ва паррандаҳоро дар ҳудуди пойтахт манъ кард. Дар пай сокинони мавзеи Лучоби Боло ҳам чорвоҳои худро фурӯхтанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Сокинон мегӯянд, ҳарчанд ин маҳалла дар маъмурияти пойтахт аст, вале дурии он аз марказ ва бидуни чорво барояшон мушкилӣ пеш овардааст. Баъд аз ин қарор чанд муддат бо мошинҳои махсус барои ин сокинон шир бурдаанд. Акнун онҳо аксаран ба мавзеъҳои дигар ба ҷустуҷӯи шир мераванд. “Субҳонаи кӯдакон аз чою шакар иборат аст. Ақаллан барои ҳар хонавода як гов иҷозат диҳанд. Мавзеи мо ҷойи хубе барои парвариши чорво аст ва чорвои мо ҳам, ки дур аз пойтахтем ба фазои шаҳр ҳеҷ халал ворид намекунад”, - мегӯяд Ҷамила.

На шаҳр ва на деҳ. Бархе аз сокинон маҳалли зисти худро чунин тасвир мекунанд. Дигар чорво надоранд, ки худро деҳнишин эҳсос кунанд, аммо шароити чун шаҳр ҳам барояшон муҳайё набудааст. Ин сокинон аз роҳҳои пур аз чангу хок ва таъмирталаби худ нигаронӣ доранд. Дилором Солеҳова, яке аз сокинони ин мавзеъ гуфт, “аз чангу хоки роҳи вайрона, ки баъди гузаштани мошинҳо мешавад, тамоми либосу хона пур аз хок мегардад. Зимистон вазъият вазнинтар мешавад. Кӯдакон ба мактаб мераванду аз он тараф пур аз лою хок ба хона меоянд.”

Дилором Солеҳова

Дилором Солеҳова

Вале бо вуҷуди нороҳатии гурӯҳе аз сокинон аз манъи чорво ва ҳам роҳҳои таъмирталаб, бархеи дигар аз сокинони ин мавзеъ дар 4-километрии шимоли Душанбе бо он ифтихор мекунанд, ки ба фарқ аз ҳамсоядеҳаҳои худ ба ҳудуди шаҳр дохиланд ва аз ҳама муҳим шабонарӯзӣ барқ доранд. Хушбахт Лақайев, раиси маҳаллаи Лучоби Боло, гуфт, барои ба пуррагӣ ба шаҳр мутобиқ шудани шароити мавзеи онҳо, корҳои зиёде анҷом бояд шавад.

“То ҳол зиёда аз 3 километр симҳое, ки аз солҳои пеш боре иваз нашуда буданд, иваз карда шуд. Чанд симчӯбе, ки фарсуда шуда буданд, бо пояҳои бетонӣ иваз карда шуданд. Мо ҳам худро сокини шаҳри Душанбе гуфта фахр мекунем”, - афзуд ӯ.

Ҳарчанд сокинони деҳаи Лучоби Боло хеле мехоҳанд, ҳадди ақалл парвариши як чорво барояшон, ки дар байни адир зиндагӣ мекунанд, иҷоза дода шавад, аммо мақомоти ноҳияи Сино мегӯянд, ин мавзеъ ҳам як қисми таркибии пойтахт аст ва бояд ба низомномаи шаҳр итоат кунад. Масъалаи таъмири роҳ, ба қавли масъулон, аз рӯи навбат сурат мегирад ва онҳо ҳам дар фикри ба пуррагӣ ба шаҳр табдил додани ин мавзеъ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG