Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти шаҳри Душанбе дар тӯли се рӯзи ахир дар ду минтақаи пойтахт даҳҳо танӯру мошинсарой ва панҷараҳои ғайриқонуниро аз байн бурданд.

Шаҳрдории Душанбе мехоҳад, ки чеҳраи пойтахти Тоҷикистонро ислоҳ кунад ва онро ба шакли пешинаш баргардонад. Шаҳрдорӣ бо як қарор, ки моҳи апрел нашр шудааст, садҳо танӯру мошинсарой, маҳалли фароғат ва боғчаву ҳавлиҳои ғайриқонуниро аз байн бурда, ин маконҳоро моли ҳама эълон мекунад.

Душанбе, ки яке аз пойтахтҳои зебову замонавии шӯравии собиқ номбар мешуд, дар тӯли 25 соли охир бинобар бунёди садҳо иншооти, ба гуфтааш ғайриэстетикӣ дар назди баланошёнаҳо ва бозорҳои худсохт, чеҳраи қадимии худро тақрибан гум кард. Ба думболи аз байн бурдани ин сохтмонҳо мақомот ба сокинони пойтахт ҳушдор додаанд, ки дар сурати дубора барқарор кардани иншооти ғайриқонунӣ муҷозот мешаванд.

"Ҳарчанд мо ба сокинон огоҳинома додем, имзоҳояшонро гирифтем, аммо баъзе соҳибони иншооти ғайриқонунӣ омада норозигӣ мекунад. Ин замин замини ҳамаи сокинон аст. Бовар кунед, ҳатто кӯдакон роҳи гузаштан надоранд, чанд биноро гузашта ба мактаб ё боғча мераванд. Барои ҳамин, мо ҳамаи ин роҳҳоро мекушоем", - гуфт Шакарбек Самадов, муовини раиси шаҳри Душанбе.

Маъмулан порчаҳои замини назди биноҳои баландошёнаро сокиноне, ки дар ошёнаҳои аввал зиндагӣ мекунанд, соҳиб шуда, атрофи онро симтӯр мекашидаанд ва ба боғчаву сарой табдид медоданд. Афроди бонуфуз, мансабдорони сатҳҳои мухталиф дар ҳукумат ва мақомот низ бо истифода аз мавқеи худ теъдоде аз заминҳоро ба ихтиёри худ дароварда, мошинсарой, истироҳатгоҳ ва анбор сохтанд. Як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе гуфт, дастури махсуси раиси ҷумҳур содир шудааст ва бар пояи он мансабдоре, ки ба маҳви иншооти ғайриқонунӣ халал мерасонанд, аз мақом сабукдӯш мешаванд ва ҷазо мегиранд.

Сокинони биноҳои баландошёна мегӯянд, ки дар баъзе маврид боғчаҳои атрофи биноҳо ба макони ҷинояткорӣ, маҳалли таҷаммӯи нашъамандон ва ҷангалзор табдил шудаанд ва кӯдакон аз он маконҳо бо ҳарос убур мекарданд.

"То имрӯз, дар ҳақиқат, кӯдакони мо ҷои бозиву истироҳат надоштанд. Пас аз тоза кардани ин қитъаҳои замин ҷои хубе барои бозиву истироҳати кӯдакони мо муҳайё мешавад", - гуфт Исломхон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 101-и ноҳияи Сино.

Барои шаффофияти назорат бар ҷараёни шикастани иншооти ғайриқонунӣ фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷалб шуданд. Ҳадафи ин гурӯҳ ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон буд. "Мо дар ҳақиқат шоҳид будем, ки дар тӯли 25 сол мардуми зиёде барои пешбурди зандагӣ аз деҳа ба шаҳр рӯ оварданд ва маҳз афзоиши мардуми деҳот ба симои шаҳр ҳам бетаъсир намондааст", - мегӯяд Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ва аз фаъолони Фейсбук.

Дар тӯли 3 рузи ахир танҳо дар ду минтақаи ноҳияи Сино 38 танӯр, 32 соябон ва ё шипанг, 23 мошинсарой ва чандин гектар боғчаҳои ғайриқонунӣ барканор шудаанд. Бо он ки моликони ин иншоот дар бунёди сохтмонҳо пул харҷ кардаанд, хароҷоти онҳо ҷуброн намешавад. Мақомот мегӯянд, бо далели ғайриқонунӣ бунёд шудани ин иншоот хисороти онҳо ҷуброн намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG