Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати русии “Витязь-Аэро” барои анҷоми парвоз дар хатсайрҳои дохилии Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти кишвар дархости муҷаввиз кардааст.

Ширкати русии “Витязь-Аэро” барои анҷоми парвоз дар хатсайрҳои дохилии Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти кишвар дархости муҷаввиз кардааст. Ин ширкат, ки дар минтақаи Камчаткаи Русия ситод дорад, парвозҳои дохили Русияро бо ҳавопаймоҳои хурд анҷом медиҳад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки пешниҳоди ширкати ҳавопаймоии Руссияро мутахассисони вазорат меомӯзанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки пешниҳоди ин ширкат дар рӯи коғаз хуб аст, аммо қарори ниҳоӣ дар робита ба ҳамкорӣ омӯзиши дақиқро тақозо мекунад.

“Ин ширкат ҳавопаймо ва чархболҳояшро барои анҷоми парвозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардаанд”- гуфт вазир. Оғои Ганҷалов мегӯяд, ин дуввумин пешниҳоди ҳамкорӣ аст, ки аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ матраҳ шудааст ва мавриди омӯзиш қарор доранд.

Сафар ба Бадахшон “риск” аст

Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ҳоле ба бозори парвозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ нишон медиҳанд, ки ахиран гурӯҳе аз сокинони Бадахшон барои афзоиш ва танзими парвозҳо ба самти ин минтақаи мушкилгузар аз ҳукумати кишвар кӯмак хостаст. Бадахшон дар фосилаи беш 500 километр аз пойтахти Тоҷикистон ҷойгир буда,

Қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғ

Қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғ

сокинон барои сафар ба ин минтақа то 22 соат - ҳудудан як шабонарӯзро сарф карда дар роҳ чанд қитъаи пурхатари роҳро убур мекунанд. Ҳавопаймо ин фосиларо дар як соат тай мекунад. Нарзулло Тоҳирбеков, як сокини Бадахшон мегӯяд, муаллифони нома ҳама ҷабрдидагони роҳи сафар ба Душанбе ҳастанд.

Ӯ мегӯяд, имрӯз сафар ба Бадахшон ва ё аз он ҷо ба Душанбе ба як таваккали бузург табдил шудааст. Ӯ мегӯяд, ки роҳи нақлиётии Душанбе-Бадахшон пур аз хатар аст ва парвози ягонаи ҳавопаймои навъи АН-28-и сохти Шӯравӣ ба Бадахшон на ҳамеша анҷом мешавад: “Масалан, ман бо ҳамсару духтари 6-моҳаам бо роҳи нақлиётӣ аз Бадахшон ба Душанбе омада наметавонистам, аз ин рӯ хостам, чипта гирам. Се рӯз барои чиптагирӣ сарф шуд, дар ҳоле дар дигар кишварҳо чанд дақиқа барои гирифтани чипта бас аст.

Рӯзу соати парвоз ҳам номаълум буд. Дар охирин лаҳзаи парвоз калиди дари даромадгоҳ ба толор ғайб зад ва пас аз чанде дарро шикастаанд ва мо бо як ранҷу азобе дохили ҳавопаймо шудем. Ҳавопаймо ҳам дилпур набуд ва шароити дурусти ҷои нишаст ҳам надошт”, - гуфт ин сокини Бадахшон. Муаллифони нома мегӯянд, агар ҳукумат парвозҳоро ба ин минтақаи кӯҳдоман ба таври муназзам ба роҳ монад, ҳам мушкили мардум ҳал мешавад ва ҳам шумори сайёҳон ба Помир бештар мешавад.

Ҷамила Мирбозхонова, рӯзноманигор ва зодаи ноҳияи Ишкошими Бадахшон мегӯяд, бинобар боло будани қимати чиптаи ҳавопаймо ва

Ҷамила Мирбозхонова

Ҷамила Мирбозхонова

дақиқ набудани парвоз сокинон дар мавридҳои хеле зарурӣ аз ҳавопаймо истифода мекунанд. Қимати билети ҳавопамо то маркази маъмурии Бадахшон 650 сомонӣ ё ҳудуди 100 доллари амрикоӣ аст. Мирбозхонова мегӯяд чанде пеш пои модараш шикаст ва имкон набуд, ки ӯро бо нақлиёт аз Бадахшон ба Душанбе биёранд: “Маҷбур будем, ки ӯро ба Душанбе биёрем. Бо роҳи заминӣ ин кор имконнопазир буд. Рӯзу соати парвози ҳавопаймо ҳам маълум набуд. Ҳам беморамон ранҷ кашид ва ҳам худамон. Бо азоб ва зери хавфу хатар бемори мо то Душанбе расид.”

Аммо Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе мегӯяд, далели саривақт ва мунтазам парвоз накардани ҳавопаймо ба Бадахшон ба камбуди мусофирон рабт дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати бештар шудани мусофирон ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳавопаймои изофиро

Маҳмадюсуф Шодиев

Маҳмадюсуф Шодиев

истифода хоҳанд бурд. Ширкати давлатии ҳавопамоии Тоҷикистон - “Тоҷикэйр”, ки то 20 соли пеш ба дуртарин гӯшаҳои кишвар парвоз дошт, баъди суқути Шӯравӣ ва аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон, махсусан сарнишинони ҳавопаймо ва муҳандисони парвоз, то ҳол ба худ наомадааст. Ҳоло ин ширкат дар дохил танҳо дар ду самт -Хуҷанд ва Хоруғ парвозҳо анҷом медиҳад. Ширкат 37 ҳавопаймо дорад ва ҳавопамоҳои навъи АН-28 ва МА-60-ро, ки ғунҷоиши зиёд надоранд, дар хатсайрҳои дохилӣ истифода мебарад.

“Мехостӣ, аз Даштиҷум ба Маскав мепаридӣ”

Парвозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон барои насли наврас як афсонаро мемонад, аммо насли калонсол аз он давраҳо ҳамчун як воқеияти такрорнашаванда ёд мекунанд. Ҷумъахон Сатторов, як сокини кӯҳансоли ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, дар замони Шӯравӣ аз ҳудуди се ҷамоати ин ноҳия то шаҳри Кӯлоб ва Душанбе парвоз анҷом мешуд. Ин шахси кӯҳансол бо ёддоварӣ аз он замон мегӯяд, агар субҳ аз деҳа берун мешуд, то бегоҳ имкон дошт ба Маскав бирасад: “Фурудгоҳҳо хурд буд ва ҳар рӯз АН-2 ба шаҳр мепарид. Бо ду нафар ё се нафар мусофир парвоз мекарданд.

Мо аз Шӯрообод дар 20 дақиқа ба Кӯлоб мерасидем. Ҳоло дар як соат то маҳалле мерасем, ки аз он ҷо мошинҳо ба Кӯлоб мераванд. Як давре буд, ки мехостӣ, аз Даштиҷум то бегоҳ ба Маскав мерафтӣ”, - мегӯяд ин

АН-72

АН-72

сокини Шӯрообод. Бо пош хӯрдани Шӯравӣ, парвозҳои ин ҳавопаймоҳо ба навоҳии дурдасти Тоҷикистон ҳам аз миён рафт. Ҳоло дар хатсайрҳои дохилӣ бештар навъҳои гуногуни нақлиёти заминӣ истифода мешавад. Дар даҳсолаи ахир ҳукумати Тоҷикистон аз Душанбе то Суғд ва аз ҷануб то Бадахшон роҳ бунёд кард, ки ҳарчанд дар зимистон пурхатар ҳастанд, аммо ин ду минтақаро аз инзиво дар фасли сармо раҳо мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG