Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ҳоҷибарак” - бо Лимузин. Ҷаримаи ду зоири тоҷик барои “мӯд”-и нав


Кумитаи дин ду ҳоҷии тоҷикро барои пешвози бодабдаба аз сӯи наздиконашон, ки бо “Лимузин” ба фурудгоҳи Душанбе омада, онҳоро ботантана ба хонаҳояшон бурдаанд, ҷарима кардааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ду ҳоҷии тоҷикро, ки наздиконашон бо “Лимузин” пешвоз гирифта, онҳоро аз фурудгоҳи Душанбе бо тантанаи хос ба хонаҳояшон бурдаанд, ҷарима бастааст. Мақомот то ҳоло номи ин ҳоҷиёнро ошкор накарда ва миқдори ҷаримаи бастаашонро низ нагуфтаанд. Дар Тоҷикистон "Лимузин"-и камшуморе ҳаст, ки дар истгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ шуда, бештар дар рӯзҳои ақди никоҳ ва ё хурсандӣ аз тарафи сокинон ба иҷора гирифта мешавад.

Аммо як мусоҳиби мо аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гуфт, ин амали ҳоҷиён хилофи қонуни танзим буда, метавонад ба ҷайби ҳоҷиёни дигар, ки шояд имконияташон фарох несту танҳо барои адои фарз ба Ҳаҷ рафтаанд, зарба бизанад. Ин мусоҳиби афзуд, ҳоло дар фурудгоҳ як комиссияи махсус барои назорати истиқбол аз ҳоҷиёни тоҷик ҳам ташкил шуда, дар сурати мушоҳидаи исрофкорӣ ва ё ҳар амали хилофи қонуни танзим онҳоро ҷарима хоҳад баст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар ҳам аз сокинон хост, ҳоҷиёнро барои баргузории зиёфати бузург водор накунанд. Домулло Сайидакбар, муовини муфтии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 17 октябр дар Душанбе гуфт, “боис ба нороҳатӣ ва таассуфи мост, ки баъзе аз ҳоҷиён рӯз то бегоҳ маърака меороянд. Тибқи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, чунин амалҳо манъ аст. Ин барои беҳбудии худи мост.”

Домулло Сайидакбар дар ин сӯҳбаташ бештар аз сокинон интиқод кард, ки дониставу надониста ба хонаи ҳар ҳоҷӣ мераванд ва ҳадафашон, ба қавли ӯ, на зиёрату ҳолпурсӣ, балки дарёфти тӯҳфаву неъмати болои дастархони ҳоҷиён аст. “Мардуми то ба ҳадде расидаанд, ки то ба охирин нони болои дастархони ҳоҷӣ ҳуҷум мекунанд. Баъзе ҳоҷиён аз хонаҳои худ дар деҳа гурехта, ба шаҳр меоянд ва роҳи халосӣ меҷӯянд. Ҳар инсоне, ки то ба хонае, ки нахонанд, ба он хона бояд наравад. Агар ҳоҷиро дар хонааш зиёрат карда нашуд, дар кӯча ва ё ҷои дигар зиёрат кунед. Баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки ба хонаи ҳоҷӣ меравад, аммо ӯро намешиносад. Ӯ парвои ҳоҷиро надорад, балки барои дастархонаш меравад”,-таъкид дошт ӯ.

Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар идома аз ояҳои Қуръони карим ҳам ёдоварӣ кард ва гуфт, “ба дурустӣ, ҳар миллат, ҳар қавме, ки худро тағйир надиҳад, Худои азза ҷалла ӯро тағйир намедиҳад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо худро тағйир диҳем. Аз чунин амалҳое, ки боис ба пастравии иқтисоди хонадони ҳар кадоми мо мешавад, худдорӣ намоем. Бештар дар фикри фарзандон ва ояндаи худамон бошем. Нашавад, ки баъд аз чунин маъаракаҳо ба қарзкобӣ равем.”

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо рафта буданд. Гуруҳи аввалини ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 9 октябр ба Ватан омада, охиринашон 24 октябр ба дидори наздикони худ хоҳанд расид. Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, адояш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавон дорад, фарз аст. Дар Тоҷикистон солҳои охир хоҳишмандони зиёрати Ҳаҷ афзуда, мақомот маҷбур шудаанд, сокинонро бар асоси рӯйхат ё навбат ба Маккаву Мадина фиристанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG