Пайвандҳои дастрасӣ

Метро дар Душанбе! Ман тарафдор, Шумо чӣ?


 Абдулазиз Муҳаммадӣ

Абдулазиз Муҳаммадӣ

Абдулазиз Муҳаммадӣ, як донишҷӯи тоҷик аз Малайзия бо ирсоли матлабе ба Озодӣ навиштааст, ки хеле ҷонибдори гарми сохтани метро дар пойтахти Тоҷикистон аст. Шумо ба ин пешниҳод чӣ мегӯед?

Ба назари ман вақте расидааст ки дар Душанбе дар масаъалаи сохтани метро фикр кунанд.

“Ҳамарӯза дар Душанбе таксивуу машруткау автобусу троллейбус ҳазорҳо одамро мекашонанд. Пробкаҳо, заҳролудшавии ҳаво, овозу ҳаё ҳуй... Хуллас чи мешавад, агар дар Душанбе як ё ду линия метро созем, ки мусофиронро аз ин кунҷ то он кунҷи Душанбе ҳамарӯза кашонад ва проблемаи зикргашта кам шавад. Агар як барномаи махсус омода карда, ягон спонсор ёфта ва ба ягон ширкатҳои метросоз шартнома баст, ба вазорати нақлиёт пешниҳод кунем, чаро қабул накунанд? Ё ҳамин корро худи вазорат иҷро кунад ва мо инҷо идеяҳоро пешниҳод кунем. Касе чунин идеяро пештар дошт? Чӣ мушкиле ҳаст барои сохтан? Аз кадом нуқтаи шаҳр ба кадом нуқта беҳтар аст? Масалан як линия аз Аэропорт то Корвон, дигар аз Сирк то Зарафшон. Шумо чӣ ФИКР ДОРЕД? “

Ин ҷумлаҳоро вақте дар гуруҳҳои тоҷикии Фейсбук навиштам, даҳҳо нафар лайк (писанд) карданд, вале назарҳои корбарони фейсбукӣ гуногун буд. Баъзеи дӯстон гуфтанд, фикри хуб аст, баъзеи дигар гуфтанд, лозим нест, гурӯҳи саввум бошад, аз иқдомгирии ҳукумат барои сохтани метро комилан ноумед буданд ва аз камбудиҳои ҳалнашудаи барқу роҳҳо шикоят мекарданд.

Аввалан метро чист? Бо забони оддӣ гӯем, метро - поезди байнишаҳрӣ аст, ки ҳазорҳо мусофирро аз як кунҷи шаҳр ба кунҷи дигар аз зери замин ва ё танҳо дар болои замин (мисли монорелҳо) ва ё (мисли LRT) ҳам зери замину ҳам болои он бурда меорад.

Шаҳрҳое ки метро доранд

Хатти нави DLR дар Лондон

Хатти нави DLR дар Лондон

Аввалин метро дар Лондон дар соли 1863 ба истифода дода шуда, ҳоло дар 208 шаҳри ҷаҳон метроҳо фаъолият мекунанд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ бошад аввалин метро дар Маскав соли 1935 сохта шуд ва ҳоло дар Русия 8 шаҳраш соҳиби метрост. Дар Украина дар 4 шаҳр, дар Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон ва Узбекистон низ танҳо дар пойтахтҳояшон метро фаъолият мекунад. Дар даҳҳо шаҳри дигар нақшаи метросозиро алакай кашидаанд ва дар байни онҳо шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳам ҳаст.

Хуб ман низ ҳамчун як шаҳрванд ободии дигар кишварҳоро дида, орзу кардам ки дар мо ҳам чунин чиз сохта шавад. Акнун мешавад ё не, Худованд ба ин милллат қувват диҳад.

Дар Осиёи Миёна ҳоло ду метро ҳаст - яке дар Тошканд, ки замони Шӯравӣ сохта шудааст ва дигарӣ - дар Алма-Ато - собиқ пойтахти Қазоқистон, ки аввалин хатсайраш соли 2011 ба ҳаракат даромад. Чаро дар Алма-Ато метро бошаду дар мо не? Инҷо қиёс мекунем.

Алма-Ато
Аҳолӣ - 1.5 миллион
Масоҳат - 451 км²
Зичии аҳолӣ - 3328 нафар/км²

Душанбе
Аҳолӣ - 764 300 нафар
Масоҳат - 126,6 км²
Зичии аҳолӣ - 5905 нафар/км²

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо калиди рамзии метрои Алма-Ато

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо калиди рамзии метрои Алма-Ато

Дуруст аст, ки аҳолии Душанбе расман 760 ҳазор аст, лекин касоне ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, медонанд, ки ҳамарӯза аз ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор ва Шаҳринаву Турсунзода ҳамарӯза даҳҳо ҳазор донишҷӯёну коргарону тоҷирон ба Душанбе меоянд ва аз нақлиёти умумӣ истифода мебаранд. Масоҳати мо аз Алма-Ато 3,5 баробар хурдтар аст, вале зичии аҳолӣ дар мо қариб 2 баробар аз Алма-Ато зиёдтар аст.

Метрои Алма-Ато дар 3 хат ҳамагӣ 68,5 км бо маблағи 1 миллиард доллар сохта мешавад , зеро масоҳати шаҳр хеле калон аст. Вале агар дар мо агар дар 3 хат, барои мисол, аз «Фурудгоҳ» то «Зарафшон» (бо роҳи автобуси 8) 11 км, аз «Садбарг» то» Корвон» (тавассути Сирк) 12 км, аз «Саховат» то «Зарафшон» (бо роҳи машруткаи 46) 11 км бошад, ҳамагӣ тақрибан 34 км мешавад. Ва шояд дар мо , на 1 миллиард, мисли Алма-Ато, балки ними он, яъне ягон 500 миллион доллар барои сохтани ин 3 хат кифоят кунад.

Метрои Алма-Ато, ки ҳоло танҳо як хатташ(8.5 км) фаъолият мекунад ва боқимонда дар ҳоли сохтмон аст, соли гузашта 6 миллион мусофирро кашондааст. Агар бо ҳисоби миёна 1.5 сомонӣ ($0.30) аз ҳар як мусофир фоида омада бошад, пас тақрибан 1 миллиону 800 ҳазор доллар фоида дар соли гузашта дидааст. Агар ҳамаи он линияҳо сохта ба истифода дода шавад, пас тақрибан 12 миллион доллар солона фоида меояд (ғайр аз фоида аз ҳисоби рекламаҳо ки дар истгоҳҳои метро ва поездҳои метро часпонида мешавад ва мумкин аст ,1 баробари дигар аз реклама фоида ояд ва ҷаамъи фоидаҳо 24 миллион доллар дар як сол шавад).

Троллейбус - як василаи асосии мусофиркашӣ дар Душанбе

Троллейбус - як василаи асосии мусофиркашӣ дар Душанбе

Фоидаҳои метро: Нархи роҳкиро арзон мешавад, мусофир дар муддати кӯтоҳ бо ҳавои салқину тоза ба макони хостааш бидуни роҳбандӣ (пробка) мерасад. Аз ҷиҳати экологӣ тоза аст ва ба ҷои хариди сӯзишворӣ бо нархи гарон аз хориҷ аз қувваи барқи худӣ ҳаракат мекунад.

Дуруст аст, ки ин чиз дар як сол сохта намешавад, 3-5 сол шояд тӯл кашад, лекин мо магар нияти пешрафт надорем то 5 соли дигар? Пас аз ҳоло ояд шурӯъ кард! Ё агар 10 сол пас ҳамаи пойтахтҳои дунё метродор шавад, мо айби якдигар карда, Душанберо мисли деҳа нигоҳ дошта, ба фарзандону набераҳоямон чигуна ҷавоб хоҳем дод?

Абдулазиз Муҳаммадӣ, донишҷӯи соли дувуми бахши системаи информатсионии факултаи технологияи информатсионии донишгоҳи байналмилалии Малайзия.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG