Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддин дар зодгоҳаш гӯронида шуд


Ҷасади Салоҳиддин Азизов, мардикори 20-солаи тоҷик, ки дар Русия неофашистҳои рус сарашро аз тан ҷудо карда буданд, имрӯз, 17 декабр, дар қабристони зодгоҳаш, деҳаи Партизани ноҳияи Шаҳритус гӯронида шуд.

Дар ҷанозаи Салоҳиддин даҳҳо нафар мардуми деҳоти гирду атроф гирд омада буданд.

Тобути Салоҳиддин бомдоди барвақти имрӯз тариқи ҳавопаймо ба Душанбе оварда шуда буд. Тобутро дар фурудгоҳи Душанбе бар иловаи хешу табори ҷавони қатлшуда боз як зумра журналистон ва ҷавонони тоҷик пазироӣ карданд.

Салоҳиддин Азизов дар як амбори меваҷот дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард ва шаби 5 ба 6 декабр, ҳамроҳ бо як ҳамватанаш дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад.

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав кашф шуд.

Пас аз ду рӯз қотилон тавассути почтаи электронӣ акси сари буридашудаи Салоҳиддинро ба чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи мавсум ба “Созмони ҷангии қавмгароёни рус» бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр номидааст.

Ҳамасола садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ озими Русия мешаванд. Бино ба омори расмӣ, тайи танҳо 10 моҳи аввали соли 2008 ҷасади 322 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG