Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи сафорати Русия оид ба куштори Салоҳиддин


Шаҳрвандони Русияро чи тавр бояд ҳимоя кард? Мардикорони тоҷикро чӣ?

Шаҳрвандони Русияро чи тавр бояд ҳимоя кард? Мардикорони тоҷикро чӣ?

Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як баёния аз амали сартарошидаҳои рус башиддат изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар баробари ин сафорат ба наздикони мардикори дар Русия қатлшудаи тоҷик Салоҳиддин Азизов изҳори таслият намуд.

Бо пахши ин баёния сафорати Русия ҳамчунин аз сокинони Тоҷикистон хостааст, ки ба чунин амали ваҳшиёнаи гурӯҳҳои миллатгарои рус дода нашаванд.

Комил Муҳаммадов, сухангӯи сафорати Русия дар Душанбе, мегӯяд, қатли боз як тоҷики муҳоҷир дар Маскав натанҳо сокинони ин кишвар, балки ҷомиъаи Русияро ҳам хашмгин кардааст: “Сафорати Русия ин амали ваҳшиёнаро шадидан маҳкум мекунад. Ин равғанест, ки ба оташи адовати қавмӣ рехта шуд ва фитнаест, ки муносиботи деринаи Тоҷикистону Русияро халалдор месозад. Мо умед дорем, ки ин амали ваҳишиёна беҷавоб намемонад. Кормандони пулис, масъулони ҳифзи ҳуқуқ ва онҳое, ки дар ин кор даст доранд, дар зудтарин фурсат ҳатман муҷозот мешаванд”.

Сафорати Русия мегӯяд, қазияи қатли Салоҳиддин Азизов таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор дорад ва дар Маскав ҷиҳати ошкор кардани ҳодисаи куштори ин шаҳрванди Тоҷикистон як ситоди муттаҳида таъсис ёфтааст. Дар сафорати мазкур ҳамчунин таъйид намуданд, ки дар 5 соли ахир ҳодисаҳои марбут ба таъқибу қатлу куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ду маротиб афзун шудааст.

Аммо сафорат ҳамчунин зикр кардааст, ки дар Русия аз назари қонуншикании шаҳрвандони хориҷӣ тоҷикон дар ҷои дувум қарор доранд, ҳарчанд аксарияти он қонуншиканиҳо маъмурӣ ва ё вобаста ба муқаррароти нақзи иқомат ва ё кор дар Русия будааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сиёсатмадорон ва вакилони порлумони Тоҷикистон саъйи ҳукумати кишварро барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия кофӣ намедонанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакили порлумон, мегӯяд, ҳукумат аз тарси он ки муносибаташ бо “дӯсти бузурги стротежӣ” сард нашавад, аз масъалагузории ҷиддӣ дар назди мақомоти Русия худдорӣ меварзид, ки ин албатта ба муносибати мақомоти интизомии Русия дар таҳқиқи қазияҳои марбут ба марги муҳоҷирони тоҷик таъсир мегузорад: “Мақомоти Душанбе ва сафорати мо дар Русия бо як лаҳни нав, нишон додани иқдомҳои каме амалӣ ин сиёсатро андаке тағйир доданд, вале ҳанӯз ҳам бенатиҷа. Иқдом кардан як тарафи масъала аст, натиҷа додани иқдомот – паҳлӯи дигари масъала. Пас, бояд иқдомот ва масъалагузориҳо ҷиддитар бояд бошанд. Мо, агар дар ин мавқеъ бошем, ки муносибатамон бо Русия халалдор нашавад, аммо аз ин инсонҳо зарар бинанд, равобити мо ҳеч арзише нахоҳад дошт”.

Раиси ҲНИТ мегӯяд, ин дафъа мақомоти рус дар муҷозоти қотилони Салоҳиддин Азизов бояд ҷиддӣ бошанд. Зеро қаблан чандин қотилони шаҳрвандони Тоҷикистон на барои барангехтани адовати қавмӣ ва нажодпарастӣ, балки «танҳо барои авбошӣ» маҳкум ба зиндон шудаанд. Ва ин ҳама, ба гуфтаи ӯ, сабаби беэътимодӣ ба масъулони ҳифзи ҳуқуқи Русия мешавад.

Музаффар Зарипов, масъули бахши иттилоъоти Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки қатлу таъқиби тоҷикон дар Русия ахиран ба пояи буҳрони ҷаҳонии молӣ ва мушкили иқтисодии Русия бештар шудааст. Оқои Зарипов мегӯяд, дар кишваре, ки ҳамакнун бо буҳрони шадиди молӣ рӯбарӯст, ҳузури муҳоҷирон натанҳо боъиси нохушнудӣ, балки боъиси хашму ғазаб мешавад.

Рӯзи ҷумъаи гузашта вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли нотаи эътирозӣ аз мақомоти Русия хост, то омилони қатли Салоҳиддин Азизовро пайдо намуда, ба муҳокима кашанд.

Охири ҳафтаи гузашта дар ҳошияи шаҳри Маскав гурӯҳҳои миллатгарои рус як ҷавони тоҷикро сар бурида ва яке аз ҳамроҳони ӯро захмӣ карданд.

Бино ба иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, имсол дар Русия ҳудуди 600 нафар аз шаҳрвандони тоҷик фавтидаанд, яъне ҳар рӯз тақрибан 2 нафар. Ва аз ин миён бештар аз 70 нафари онҳо қурбонии бегонаситезӣ ва амали гурӯҳҳои миллатгарои рус шудаанд.
XS
SM
MD
LG