Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи рӯзи 17-уми декабр ҳавопаймои Маскав – Душанбе ҳамчунин ҷасади як ҷавони дар Русия кушташударо ба ватанаш хоҳад овард.

Як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд, ба хотири гусели тобути Салоҳиддин Азизов ба сурати дастаҷамъӣ дар фурудгоҳи пойтахти Русия гирди ҳам биоянд. Умеди Ҷайҳонӣ, аз тоҷикони муқими Маскав, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо мехоҳанд билахира садои худро боре баланд кунанд ва ҳамраъйии худ бо пайвандони ин ва соири муҳоҷирони тоҷики дар Русия кушташударо баён кунанд.

Салоҳиддин Азизов, шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки дар як анбори меваву сабзавот дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6-уми декабр ҳангоми бозгашт аз ҷои кор ба манзили иҷорааш дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳамроҳ бо як ҳамватани 22-солааш ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои травматикӣ қарор гирифт. Ҳамлагарон баъди латукӯб сари Салоҳиддинро аз тан ҷудо карданд. Ҷасади бесари муҳоҷири тоҷик баъди чанд соат аз ҳамон ҷангал, вале сари буридаи ӯ баъди чанд рӯз тақрибан 20 километр дуртар аз маҳалли қатлаш дар шаҳри Маскав кашф шуд.

Ҳамроҳи Салоҳиддин, бо вуҷуди аз чаккаи сар тир хӯрданаш, тавонист фирор кунад ва феълан дар бемористон табобат мегирад.

Анна Жукова, дастёри додситони вилояти Маскав, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот дар пайи ташхиси комили сар ва бадани Салоҳиддин Азизов ҳарду парвандаро (якеро додситонии вилоят дар робита ба кашфи бадани шаҳрванди тоҷик ва дуввумиро додситонии шаҳри Маскав дар робита ба кашфи сари буридаи ӯ боз карда буданд) муттаҳид кард ва таҳқиқи қазияро акнун додситонии шаҳри Видное пеш мебарад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қотилони Салоҳиддин акси сари буридаи ӯро ҳамроҳ бо як номаи таҳдидомез тавассути Интернет ба нишонии чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар низ ирсол карда буданд.

Анна Жукова, ёвари додситони вилояти Маскав, гуфт, ки таҳқиқи мӯшикофонаи номаҳои ирсолшуда ҳанӯз идома дорад ва ба зудӣ хулосаи тафтишотро дар ин замина эълон хоҳанд кард.

Салоҳиддин Азизов дар арафаи анҷоми мурофиъаи пурсарусадои як гурӯҳи скинҳедҳои рус, ки додгоҳ 7 нафари онҳоро ба сурати умум дар қатли 20 нафар ва 12 қасди дигари куштор гунаҳкор дониста, ба муҳлатҳои аз 6 то 20 сол равонаи зиндон кард, кушта шуд. Аммо Артур Рино ва Павел Скачевский, ду раҳбари аввали ин гурӯҳ, ба ин далел, ки замони даст задан ба куштор ноболиғ будаанд, ҳамагӣ 10-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Рино ва Скачевский то поёни мурофиъа ба дурустии рафтори худ исрор варзида, мегуфтанд, ҳадафи онҳо тоза кардани Русия аз хуни бегона аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар чунин ҷазои сабук гирифтани афродеро, ки дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ даст ба куштори дасти кам 20 нафар задаанд, маҳкум мекунанд. Галина Кожевникова, коршиноси маркази “Сова”, ки мавориди ҷиноёти нажодиву қавмӣ дар Русияро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: “Ба назар ман, ҷазои таъйиншуда комилан мусодифи ҷиноёти содиршуда нест. Яъне ҳамагӣ камтар аз ним сол барои ҳар нафаре, ки онҳо куштаанд. Ва ин дар ҳолест, ки ин ҷиноёт ба сурати гурӯҳӣ ва дар заминаи адовати қавмӣ содир шудаанд, яъне ҷиноёти сангин арзёбӣ мешаванд. Ин афрод алакай як сол боз дар маҳбас буда, баъди 4 соли дигар метавонанд шартан ва пеш аз муҳлат ба озодӣ бароянд. Ҷавонмардони ҳузарби 25-солае ба озодӣ хоҳанд расид, ки аллакай хуни 20 нафар дар гардани онҳост”.

Абдуллоҳи Саттор, раиси Анҷумани тоҷикистониҳои Русия, бо ишора ба ин нукта, ки Салоҳиддин Азизов маҳз дар арафаи эълони ҳукми гурӯҳи Артур Рино ва чунин намоишкорона кушта шуд, ин дуро ба ҳам рабт медиҳад. Оқои Саттор мегӯяд, ҳукми Рино назар ба ҷиноёти кардааш хеле сабук буд, вале дар ҳар сурат, ин мурофиъа барои Русия қадами муҳимме ба сӯи пеш буд. Умед Ҷайҳонӣ, аз тоҷикони муқими Маскав, мегӯяд, Русияро як сиёсати қавиву муҳкам ва фарогире лозим аст, ки пеши роҳи сели афзояндаи қавмгароиро билахира қатъан бигирад. Раиси Анҷумани тоҷикистониҳои Русия дар шароити кунунӣ шадидтар кардани муҷозот барои ҷиноётеро, ки дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ анҷом мешаванд, танҳо роҳи расидагии муассир ба ин сели бегонаситезӣ медонад.

Ба ҳисоби Дафтари ҳуқуқи башари Маскав, таййи танҳо 10 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Русия дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ 113 нафар кушта шудаанд. Яъне 50 дарсад бештар аз 74 нафаре, ки дар 12 моҳи соли гузашта дар он кишвар бо дасти скинҳедҳо ва гурӯҳҳои дигари қавмгаро кушта шуданд.

Бино бар иттилоъи сомонаи фурудгоҳи «Домодедодов»-и шаҳри Маскав парвози рақами 7J 628 имшаб, соати 23:15 ба вақти Маскав парвоз хоҳад кард ва фардо субҳи 17 декабр соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд хоҳад ‎омад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG